Аввалин устоди ман дар зиндагиам, љон падар,
Тарбиятгар, ибратомўз бањри фарзандон падар!
Хушсурат, хушсират, њам сухандон, нармгў,
Марди хандон, марди майдон, фахри ин даврон падар!
Бо писар чун хурдсол њар гоњ панде медињад,
Доимо мењрофарину доимо шодон падар.
Шодии фарзанд бошад равнаќи хурсандияш,
Лек омад мушкиле, онро кунад осон падар.
Наќши одил, наќши фозил хислати волои ўст,
З-ин сабаб аз бањри мо чун њайкали некон падар.
Дониёро, орзуят бо падар иброз кун:
Бош сад соли дигар њамроњи фарзандон падар!
24-02-2015
Дониёр Сангинї