Бо ќаноатмандї ва изњори хушнудї садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон иттилоъ медињад, ки дар интихоботи парлумонии рўзи 1 марти соли љорї, мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич, ки ба њайси номзад ба вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз љониби Њизби халќии демократии Тољикистон дар њавзаи њудудии якмандатии интихоботии Вахш № 32 пешбарї шуда буд, ба њайси љавонтарин вакил дар таърихи парлумони касбии Љумњурии Тољикистон интихоб гардиданд. Номбурда баъд аз љамъбасти натиљаи пешакии овоздињї дар њавзаи зикршуда, соњиби 89,3 фоизи овози интихобкунандагон гардида, бар њарифони худ дастболо шуд.
Аз ин рў, њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии ДМТ аз пирўзии омўзгори љавон Сафаров Б.А. дар интихобот худро шодмону сарбаланд дида, ба ў дар самти тањия ва ќабули ќонуну ќарорњо, такмили минбаъдаи ќонунгузории кишвар ва хизмати шоиставу арзанда ба нафъи мардуми шарифи Тољикистон бурдбориву пешравињоро таманно доранд.
мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сафаров Бахтовар Амиралиевич