Санаи 6 марти соли 2015 дар шањраки донишљўён Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслњои оянда ба сохтмони се бинои хобгоњ барои донишљўёни Донишгоњи Миллии Тољикистон оѓоз бахшид. Биноњо тибќи лоињаи пешнињодшуда 9-ошёна буда, барои 1281 донишљўй пешбинї шудаанд. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон пешнињод намуд, ки биноњо 12-ошёна шаванд. Тибќи ин пешнињод дар се хобгоњи 12-ошёна наздики 1600 донишљўй љойгир мешаванд. Барои оғози корњои сохтмонї аллакай 10 миллион сомонї људо шудааст. Тибќи лоиња, њар як бино дорои ду толор барои дарстайёркунї ва њар як ошёна дорои ошхона, њаммом ва дигар утоқњои зарурї хоњанд буд. Бо сохта ба истифода додани ин биноњо шумораи чунин хобгоњи нави замонавї дар ин љо ба 6 адад мерасад. Њамагї дар ин шањрак оянда 15-то чунин хобгоњњои зебо ќомат рост хоњанд кард. Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар њузури шумораи зиёди донишљўён аз ғамхорињои пайвастаи роњбарияти кишвар ба соњаи маориф ва тањсилоти олї ёдовар шуда, онњоро ба тањсили хубу аъло ва дар сатњи баланд аз худ намудани касбу њунар њидоят намуд.
Хобгоњ
Хобгоњ вањдатсарову љой бар љони ман аст,
Хобгоњ њимматфизову даст бар кони ман аст.
Давлати мо бањри мо обод карда манзиле,
Ин макони ќудс гўї, њам нигањбони ман аст.
Шодии њамсоя ин хурсандї бошад бањри ман.
Њар касе ин љо дарояд, дон, ки мењмони ман аст.
Духтарон дар хобгоњ озода чун кадбонуанд,
Хобгоњ љои њунар, донишу анбони ман аст.
Дарси сулњу вањдату мардонагиро ёд гир,
Љои мењру њам садоќат бар рафиќони ман аст.
Дониёро, хобгоњро манбаи таълим дон,
Ин макон варзиши мењру љои дармони ман аст!
Дониёр Сангинї
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07