Мавриди зикри хос аст, ки сол аз сол њамкорињои муфиди дуљониба миёни Донишгоњи миллии Тољикистон ва Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон таќвият меёбанд. Дар идомаи њамкорињо ва муносиботи неки тарафайн миёни ин нињодњои давлатї аз 8-ум то 13- уми феврали соли 2015 як гуруњ донишљўёни фаъоли факултети њуќуќшиносї тањти роњбарии ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї Саидов Њусниддин Миршакарович ба њайси дружиначиёни ихтиёрї ба ШВКД-2- и ноњияи Синои ш. Душанбе љалб шуда, якљоя бо кормандони милиса навбатдориро анљом дода, дар самти таъмини тартиботи љамъиятї , пешгирї, огоњонидан ва тафтиши љиноятњо сањми назаррас гузоштанд.
Бинобар сабаби анљон додани ташаббуси фаъолнокї ва иљрои хизматњои шоёну арзанда дар самти таъмини тартиботи њуќуќї ва таъмини амнияти љамъиятї Саидов Њусниддин Миршакарович бо Рањматномаи Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуданд.
Аз ин рў, садорат ва њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи Миллии Тољикистон аз чунин пазиройии самимии устоди љавон Саидов Њусниддин Миршакарович аз љониби Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, муњтарам Рањимзода Рамазон Њамро сарфарозу миннатпазир буда, ба ў дар самти пешбурди фаъолияти минбаъдаи таълимї ва илмиву-омўзгориаш бурдборињоро таманно доранд.