Азизов У.А. Фаъолияти ќонунгузорї: пањлўњои назариявї ва амалї. Воситаи таълимї. Душанбе – 2015. 207с.
Боиси ќаноатмандї ва изњори хушнудист, ки китоби тозанашри дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї Азизов Убайдулло Абдуллоевич бо номи «Фаъолияти ќонунгузорї: пањлўњои назариявї ва амалї» ба тозагї дастраси хонандагон ва доираи васеи шавќмандон гардид. Васоити таълимии мазкур натиљаи тањќиќу пажуњиши чандинсолаи муаллиф буда, бо дастрасии сарчашмањои мўътамади таърихї, адабиётњои нодиртарини илмї, дастовардњои муосири таълимию методї ва истифодаи васеи санадњои меъёрии њуќуќї иншо шудааст. Дар асари мазкур аз нигоњи муаллиф пањлўњои мухталифи заминањои таърихии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти ќонунгузорї, њамзамон проблемањои назариявї ва амалии он ба риштаи тањлил кашида шудаанд.
Дар маљмўъ хонандаи соњибзавќ имкони муносиб пайдо менамояд, ки ба тавассути мутолиаи ин асари пурарзиш оид ба пањлўњои гуногуни фаъолияти ќонунгузорї ва ташаккули ин падида аз замони таъсиси Тољикистони Шуравї то ба имрўз иттилооти фаровонро ба даст биёрад. Воситаи таълимии мазкур зери назари Академики АИ ЉТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Тоњиров Ф.Т. рўйи чоп омада, он дар маљмўъ 8-мавзўъ, тавсияњои методї оид ба омўзиши фан ва номгўи ќонунгузориро дар худ муттањид намудааст.
Натиљаи тањлилу омўзиши рисола далели равшании он аст, ки муаллифи асар зимни таълифи мавзўъњо аз сабку услуби хоси эљодї кор гирифта, хулосабарорињои худро мантиќан љамъбаст намудааст. Умед дорем, ки асари тозанашри олими љавону умедбахш Убайдулло Азизов дар самти боло бурдани фарњанги њуќуќии донишљуёну хонандагон ва мардуми шарифи Тољикистон хизмати арзандаву шоистаеро анљом хоњад дод. Ба муаллиф дар самти эљоди асарњои нав ба нави ањамияти калони илмї, таълимї ва тарбиявидошта бурдборињоро орзумандем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07