Садорати факултет, њайати профессорону омўзгорон, кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон хабари марги олими варзида, яке аз шахсиятњои маъруфи адабиёти муосири тољик ва муннаќиди барљаста Соњиб Табаровро бо андўњи зиёд дарёфта, ба пайвандон, хешу аќрабо, шогирдон ва наздикони марњум изњори тассалият ва њамдардии самимї баён намуда, аз даргоњи Яздони пок барои онњо сабри љамилро хоњонанд.
Дар воќеъ Соњиб Табаров њамчун олими намоён ва донишманди варзида солњои 40 – 50-уми ќарни гузашта ба арсаи адабиёт гомњои устувор гузошта, оид ба мавзўњои алоњидаи адабиёти советї ва муосири тољик силсилаи асарњои арзишмандеро ба табъ расонидааст. Њамзамон мавсуф дар тарбияи шогирдон, ходимони барљастаи илмї ва кадрњои баландихтисоси миллї сањми намоён гузошта, аслан ба њайси муннаќид дар доирањои илмї-адабии дохил ва хориљи кишвар шўњрату эътибор пайдо карда буд.
Корњои нек, амалњои шоиста, хизматњои самимї ва асарњои безаволаш марњум Соњиб Табаровро миёни шогирдону њамкасбон љовидона нигоњ медоранд.
Ба ин маънї бузургони мо бамаврид ишора кардаанд:
Зиндаву љовид монд, њар кї накўном зист,
К-аз аќибаш зикри хайр зинда кунад номро.