Насурдинов Э.С.
доктори илмњои њуќуќ, дотсенти
кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ
Ибораи лотинии «agri cultura» баёнгари фаъолияти инсон дар бахши коркарду кишту кори замин ва умуман корњои заминдорї мебошад. Номвожаи «colere-cultura» ифодагари маънии парвариш, коркард, бењсозї ва нигањдорист. Сипас вожаи «cultus» барои баёни маънии арљгузорї ба кор гирифта шуд. Њарчанд мафњуми «культура» баргирифта аз вожаи «cultura»-и лотинї мебошад, вале пайдоиши фарњанг чун гунаи ташкили фаъолияти инсонї мутааллиќ ба даврањои оѓозини инкишофи љамъият аст. Фаъолияти инсон дар робита ба таъсири ў ба табиат корњои кишоварзї, дастёбї ба ниёзњои моддиву маданї хеле пеш берун аз марзњои љањони Ѓарб ва ќисман Руми Бостон пайдо шуда буд. Нахустин пиндорњо дар бораи фарњанг миёни мардуми Шарќ њангоми пайдойиш бо номвожањои гуногун ифода мешуданд. Чунончи дар миёни чиниёни бостонї «жен» ва дар Њиндустони Бостон вожаи «дњарма» мафњуми фарњанг буданд. Шевањои заминдориву кишоварзї ва дигар шаклњои фаъолияти инсон дар соњаи њайвонотпарварї, бозоргонї, њунар ва ѓайра дар кишварњое чун Байнуннањрайн, Сумер ва Аккад, Юнони Бостон ба комёбињои чашмрас даст ёфтанд. Таърихи фарњанги Юнони Бостон беш аз панљ њазор солро фаро мегирад.[1] Нахустин хиштњои он њанўз дар рўзгори неолит (њазораи V-VI то м.) гузошта шудаанд. Заминдорї чун нишонаи фарњанг дар Њиндустони Бостон њанўз дар замони неолити оѓозї (њазораи VI то м.) падид омада буд.[2]
Таърихи фарњанги урупої низ пешинаи кўњан дорад, ки ба замони фарњанги Юнони Бостон рўзгори Њомер, пас аз Њомер ва даврони Элинист (Отинї) бозмегардад. Мафњуми «фарњанги отинї» [3] њанўз дар саддаи ХIХ аз љониби пажуњишгари олмонї И. Драйзен ба илм ворид гардид.[4]
Миёни отинињои пешин мафњуми «пайдея»-адаб-барои фарќ намудани отинињо аз барбарњои «бефарњанг» корбаст мешуд. Дар бораи фарњанги римї ва наќши он дар инкишофи фарњанги антиќа дидгоњњои мухталифе пешнињод гардидаанд. Масалан, аз нигоњи Е. М. Штаерман Рими Бостон дар муќоиса бо Афинаи Бостон фарњанги баландеро поягузорї накарда буд.[5]
Олими рус С. Л. Утченко баръакс чунин мешуморад, ки Рими Бостон фарњанги вижаи худро ба вуљуд овард. Дар имтидоди замон дар даврони пасоримї истилоњи фарњанг ба вуљуд меояд ва дар асрњои миёна маънињои нав пайдо намуда, густариш меёбад. Тобишњои тозаи маъноии он бештар ба маънии фарњанг ва тарзу мазњари зиндагии шањрї ќаробат дорад. Дар ин миён калимаи «фарњанг»-ро барои баёни камолоти шахсї истифода менамуданд. Дар даврони Эњё мафњуми «фарњанг» њамчун меъёри башардўстї ё инсонгарої тафсиру маънидод мешуд. Калимаи «фарњанг» аз нимаи дувуми асри ХVIII дар афкори иљтимоии урупоиён ворид гардид. Њамин тариќ истилоњи фарњанг дар даврањои ибтидої барои ифодаи таъсири инсон ба табиат аз љумла кишоварзї, кишту кор, коркарди замин, касбу кор, санъат ва ѓайра истифода мегардид. Тадриљан доираи маъноии истилоњи мазкур густариш пайдо намуд. Истилоњи фарњанг баёнгари маънии тарбият, таълим, адаб, маълумотнокии инсон ва фаъолияти ў дар иртибот бо ормонњои башардўстї гардид. Дар инкишофи мафњуми «фарњанг» аз љумла наздиксозии он бо шуур, густариши малакаву истеъдодњои аќлї риторики римї, Марк Тулли Сисерон наќши калон бозид. Номбурда њуќуќ ва фалсафаро њамчун фарњанги руњу аќл[6] тавсиф намуд.
Баъдњо калимаи «фарњанг» ба маънии муаддабї, рўшанфикрї, маълумотнокии инсон дар чањорчўби ифодањои забонї низ густариши доманадоре пайдо кард. Категорияи «фарњанг» дар муќоиса бо табиати вањшї барои тавсифи шевањои ташкили фаъолияти инсонї истифода мегардид. Андешамандони фаронсавї (Волтер, Тюрго, Кондорсе) бо љонибдорї аз бархурди маъќулона фарњангро бо шуури инсонї алоќаманд мешуморанд ва онро ба сифати шакли оќилонаи зиндагї дар ќиёс бо вањшигариву барбарї медонанд. Њуќуќшинос ва таърихдони олмонї С. Пуфер Дорф (1632-1694) ин истилоњро нисбат ба «инсони маснуъи»-и тарбиятдидаи љомеа истифода намуд ва онро ба инсони «табии», яъне, бесавод муќобил гузошт. Файласуфњо ва рўшанфикрони олмонї И. Кант, И. Г. Фихте, Ф. В.И. Шеллинг, Г. В. Ф. Гегел, Ф. Шиллер, Г. Лессинг, И. Г. Гердер ва дигарон аз фарњанг њамчун риштаи камоли зиндагии маънавї (шуур, њуќуќ, ахлоќ, адаб, зебошиносї, фалсафа, илм, дин) арзёбї мекунанд. Фарњанг њамчун соњаи озодии маънавии инсон арзёбї мегардад. Аз љумла И. Кант фарњанги ќобилиятро бо фарњанги тарбият муќобил мегузорад. Тавре ки А. В. Гулига менависад: «ў намуди зоњирї, «техникии фарњанг»-ро тамаддун меномад. Кант инкишофи пурравнаќи тамаддунро дида аз људоии он аз фарњанг изњори нигаронї мекунад. Фарњанг дар њоли пешрафт аст, вале бисёр кунду оњиста. Ин нобаробарї сабабгори бадбахтињои зиёди инсонњо мањсуб мешавад.[7]
Њамзамон назарияи релиятивизми маданї низ (Г. Рикерт, Э. Кассирер, М. Вебер, Н. Я. Данилевский, П. А. Сорокин, А. Тойнби, О. Шпенглер) инкишоф меёбад, ки дар чањорчуби он саъю талош мешавад, то вижагињои низоми худмухтори арзишњои маданї таъин гардад. И. Г. Гердер, ки дар охири солњои 80-уми асри ХVII истилоњи «фарњанг»-ро вориди забони илм намуда буд, мустаќиман ба баромади лотинии он ва иртиботи решаи он бо калимаи заминдорї ишора намуд. Дар китоби њаштуми худ «Идеяњо дар перомуни фалсафаи таърихи инсоният» (1784-1791) ў зимни тавсифи «тарбияти навъи башар» њамчун «раванди генетикї ва органикї» аз љумла хотирнишон намуд, ки фарњангро метавон њамчун кишту кори замин дар риштаи маориф низ ифода намуд. Калимаи «фарњанг» миёнањои солњои сиюми асри ХIХ ба ќомуси забони русї ворид гардид. Соли 1837 китоби И. Ренофанс тањти унвони «Китоби љайбї барои дўстдорони ќироати китобњо, рўзномањо ва маљаллањои русї»[8] ба чоп расид, ки дар он калимаи мазкур дарљ шуда буд. Луѓати мазкур барои шарњи вожаи мавриди назар ду маъниро људо намуда буд: нахуст, «Ѓаллакорї, кишту кор»; дуюм «босаводї».[9]
Николай Бердяев дар иртибот бо ин чунин навишта: «њар як фарњанг (њатто фарњанги моддї) фарњанги маънавї мањсуб мешавад, њар як фарњанг бунёди маънавї дорад, ба дигар сухан фарњанг мањсули кори эљодии руњ, хирад дар заминаи нерўњои ќањњори табиї мебошад».[10]
Файласуфи рус Н. К. Рерих (1874-1947) фарњангро «гиромидошти Нур» номида буд ва дар маќолаи «Таљзия» калимаи мавриди назарро ба ду ќисмат «Култ» ва «Ур» људо намуда, хотирнишон сохта буд, ки «култ» њамеша њамчун эњтирому гиромї доштани Оѓози Нек боќї мемонад ва калимаи «ур», ки маънояш Нуру Оташ мебошад.» [11]
Дар асри ХIХ шарњу тафсири буржуазї ва марксистии мафњуми «фарњанг» густариш меёбад. Фарќи шарњи буржуазї ва марксистии мафњуми «фарњанг» дар муносибати онњо ба маводе, ки фарњанг аз он таркиб ёфтааст зоњир мегардад. Ба аќидаи Ф. Энгелс дар фалсафаи буржуазї истењсолот ва муносиботи иќтисодї њамеша њамчун «унсурњои дуюмдараљаи «таърихи фарњанг»[12] ишора гардидаанд.
Бархурди буржуази ба «фарњанг»-ро марксизм чун бархурд ба шакли маънавї ва сиёсии инкишофи мустаќили љомеаву инсон яктарафа, якљониба мешуморад. Дар назарияи марксистии «фарњанг» маъмулан миёни фарњанги моддиву маънавї фарќ мегузоранд. Фарњанги моддї соњаи фаъолияти моддиро (натиљањои истењсолоти моддї) ва фарњанги маънавї бахшњои шуур, адаб, ахлоќ, илм, фалсафа, этика, њуќуќ, дин ва санъатро фаро мегирад.
Ба марксизм бархурди моддї таърихї ба фарњанг хос аст, ки вобаста ба инкишофи љомеањои иљтимої-иќтисодї дар идеяњои таѓйири таърихии навъњои фарњанг таљассум мегардад. Вижагии људонашавандаи назарияи марксисти ленинии фарњанг бархурди синфї ба фарњанг мањсуб мешавад. Аз љумла фарќи фарњанги синфи њоким аз фарњанги оммањои истисморшаванда. Суханони В. И. Ленин дар бораи он ки «њар як миллат иборат аст аз оммаи коргару истисморшаванда, ки шароити зиндагиаш идеологияи демократї ва сотсиалистиро ба вуљуд меорад»[13] ба сифати асоси ошкорсозии таззоди миёни фарњанги истисморгарону истисморшавандагон, шинохти фарњанги демократии оммањои халќ ва фарњанги ѓайридемократии истисморгарон хидмат намудааст. Назарияи марксисти мавзўи идомат ва меросбарї дар инкишофи умумибашариро љонибдорї намуда, дар истифодаи комёбињои пешќадами фарњанг дар тањаввулоти љамъиятї иќдом меварзад.
Фарњанги сотсиалистї њамчун механизми интиќоли арзишњо ва анъанањои пешќадами маданї арзёбї мегардад. Инкишофи њамаљонибаи инсон тарбияти ахлоќї ва ватандустии он маќсади асосии фарњанги сотсиалистї мањсуб мешавад. Халќият, идеянокии коммунистї, коллективизми сотсиалистї, инсондустї, интернатсианализм, ватандустї хусусиятњои фарќкунандаи фарњанги сотсиалистї мањсуб мешаванд. Назарияи фарњанги сотсиалистї гуногунии фарњанги миллиро ба расмият мешиносад. [14]
Ба аќидаи И. В. Кондаков «яке аз тамоюлњои роиљ зимни таълими курсњои таърихи фарњанги љањонї ва ватанї дар муассисоти таълимї, истифодаи маводи курси таърихи фарњанг дар иртибот ба курси таърихи иљтимої-сиёсї, ки фарогири мисолњои тасвирии дорои муњтавои мадани таърихї мебошанд, мањсуб мешаванд. Чун ќоида чунин маълумотњое боиси истифодаи ахбор ва ованду далелњое аз таърихи фарњанг мегардад, ки тибќи наќшаи марксистї-ленинї рољеъ ба инкишофи љомеањои инсонї пешнињод шудааст. Ин амал дар навбати худ боиси содасозињои маълум, ки хоссияти вулгарии иљтимої доранд, њамчунин зуран сиёсикунонї ва идеологиякунонии таърихи фарњанг мегарданд». [15]
Дар чунин маврид «таърихи фарњанг бо консепсияи умумииљтимої масдуд мегардад, барояш монеа месозад ва дар натиља тасаввуроти тањрифшудае дар бораи гуногунии фарњанг њамчун вањдати арзиши маънавї, ки хоси ќонунмандии инкишофи он аст, ба вуљуд меояд».[16]
Дар радифи назарияи марксистии фарњанг дар асри ХIХ дидгоњњои дигаре перомуни фарњанг рушду тавсеа намуд. Масалан, дар Русия чунин аќидае перомуни фарњанг њамчун омили инкишофи њувияти шахс шакл гирифт. Ба сифати намуна Н. Кириллов фарњангро ба њайси фаъолияте, ки барои тањрику бедорсозии «нерўњое, ки дар нињоди инсон дар њоли пинакрафтананд»,[17] арзёбї намуд. Дар заминаи густариши бархурди табиї-њуќуќии фарњанг дидгоњи дигаре рољеъ ба фарњанг њамчун андешаи сунъиву офаридаи инсон, ки ба аќидаи табиї мухолифат дорад, рушду домана пайдо кард. Файласуфи олмонї С. Пуфендорф фарњангро њамчун таззод ё мухолифи «вазъияти табиї» таъин намуд.
Дар охири асри ХIХ ва оѓози садаи ХХ дар чањорчўби пажўњишњои мардумшиносї, фарњангшиносї, нажодшиносї, низомшиносиву вазифашиносї дар тадќиќотњои Э. Б. Тейлор, Ф. Боас, А. Кребер, Р. Рэдфилд, Б. Малиновский, А. Радклифф Браун, Р. Мертон, Т. Парсонс, К. Леви-Стросс, М. Фуко, Р. Барт кансепсияи маданї, иљтимої, мардумшиносии сохторї, функсионализми сохторї ва сохторшиносї рушду густариш пайдо намуд. Дар «Фарњанги забони русї»-и С. И. Ожегов истилоњи «фарњанг» чунин шарњу маънї шуда:
1) маљмўи комёбињои истењсолї, иљтимої ва маънавии инсонњо (таърихи фарњанг; фарњанги юнонињои Бостон);
2) њамчунин ба маънии маданї, бофарњанг (бофарњанг, инсони бофарњанг);
3) кишту коридан ва нигањдории растанињо ё њайвонот (истењсоли катон, абрешимресї);
4) растанињои кошташуда, ёхтањои (бофтањои) микроорганизмњое, ки дар муњити хос дар шароити озмоишгоњњо ва шароити саноатї парвариш ёфтаанд. (зироатњои техникї, коштани бофтањои органикї).
5) сатњи баланди чизе инкишофи босуръат, ќобилият (сатњи истењсолот, ќобилияти садои сарояндагон, тарбияти љисмонї, фарњанги нутќ).[18]
Дар «Луѓати мухтасари сиёсї» фарњанг њамчун «сатњи муайяни таърихии инкишофи љомеа, нерўњои эљодї ва ќобилиятњои инсон, ки дар шевањои ташкили зиндагї ва фаъолияти мардум ва дар арзишњои моддї маънавие, ки онњо офариданд, ифода ёфтааст». [19]
Фарњанг категорияи умумї, бунёдии илмї мебошад, ки гуногунии таърифу тафсирњои онро њамчун мафњум таъмин менамояд. Зимнан мафњуми «фарњанг» ба гунањои мухталиф маънидод мешавад. Барои он таърифи ягона мављуд нест. Ин вобаста ба он аст, ки фарњанг маќўлаи умумии шинохти илмї мањсуб мегардад ва риштањои мухталифи зуњури фаъолияти инсонро бозтоб менамояд. Мафњуми «фарњанг» фарогири њуќуќ,фалсафа, илм, мазњаб, санъат, адабиёт, хат, таърихнигорї ва дигар шаклњову натиљањои фаъолияти инсонњо мебошад. Тавре ки Т. Атахонов ва С. Сулаймонї хотирнишон сохтаанд фарњанги тољикон «аз як сў тавассути расму анъанањои мардумї, расму оинњои хонаводагї, шевањои заминдориву кишоварзї, њайвонотпарварї, савдо, оини давлатдорї, муносиботи байнидавлатї, илму маориф, шеваи тарбияву таълими насли љавон ва аз сўи дигар тавассути адабиёти шифоњиву хаттї, санъати мусиќиву бадеї, раќсу суруд ва ѓайрањо ба мо ба мерос мондааст».[20]
2. Фарњанг аз сўи дигар њамчун шаклу шеваи фаъолияти инсонњо, низоми меъёрњои иљтимої ва нињодњо, низоми арзишњои моддиву маънавї, натиљаи фаъолияти инсон, њамчун тарбия, маълумоти инсон ва ѓайра фањмида мешавад. Дар адабиёти фалсафї ин падида ба шакли зер таъриф шудааст. «Культура (аз калимаи лотинии cultura-кишт, тарбия, маълумот, инкишоф, эњтиром), шеваи хоси ташкил ва инкишофи фаъолияти инсонї мебошад, ки дар мањсули моддї ва маънавии мењнат дар низоми меъёрњои иљтимої ва муассисот, дар арзишњои маънавї «дар маљмуи муносиботи инсонњо ба табиат ва миёни худи онњо пешнињод мегардад». [21]
Дар фарњангшиносї мафњуми «фарњанг» њамчун «низоми усулњои умумии маъниофаринї ва мањсули падидашиносии ин маъниофаринї ва дар маљмўъ баёнкунандаи хосияти ѓайритабии њастии инсонї»[22] маънидод мешавад.
Фарњанг ба тамоми соњањои фаъолияти иљтимої нуфуз мекунад. Тавре ки муаллифони китоби «Фарњангшиносї» менависанд: «Њар соњаеро аз љомеа агар интихоб кунем: соњаи модди истењсолї (он љо ки истењсоли воситањои моддии њаётан зарур сурат мегирад), иљтимої (риштае, ки дар он таљдиди љисмонии афрод сурат мегирад) соњаи сиёсї (дар ин ришта талош барои роњбарї ва њокимият бар љомеа шакл мегирад) соњаи маънавї (маконе, ки истењоли маънавї амали мегардад)-њама љо фарњанг њузур дорад».[23]
Категорияи «фарњанг» ба гуногунии мањфуми он нигоњ накарда дорои нишонаи умумие мебошад, ки моњияти фарќкунандаи онро таъин месозад. Тамоми заминањои фањмиши фарњанг чунин як нишонаи умумиро доро мебошанд. Нишонаи умумии фарќкунандаи фарњанг њамчун падидаи иљтимої дар он зоњир мегардад, ки он шевањо ва шакли ташкил ва инкишофи фаъолияти инсонњоро собит менамояд. Аз рўи ин нишона фарњанг фаъолияти инсонњоро аз дигар шаклњои зиндагии биологї фарќ мекунад. Фарњанг нишонаи људоинопазири фаъолияти башарї аст. Он дар љаъмияти инсонї пайдо шуда дар љараёни фаъолияти моддї ва маънавии инсонњо дар раванди муносибати мутаќобилаи онњо ва љараёни таълиму тарбият шакл мегирад. «Фарњанг» мањак ё мушаххасаи љомеаи инсонї мебошад. Ба аќидаи олимони ватанї Т. Атахонов ва С. Сулаймонї «фарњанг бо инсон сатњи донишу камолот тарбият ва фаъолияти мењнатии он пайванди танготанг дорад».[24] Фарњанг фарогири тамоми рафтору кирдорест, ки аз љониби инсон сурат мегирад. Ба як сухан фарњанг маљмўи меъёрњоест, ки дар меъёрњои маданї сабт шудааст.[25]
Њамзамон шаклњову шевањои ташкили фаъолияти инсонњо дар давронњои мухталифи инкишофи таърихї миёни халќњои мухталиф дар чањорчўби дину мазњабњо умумиятњои нажодиву миллї, рушду густариш намудаанд. Аз ин рў тибќи меъёрњои таърихї навъњои зерини фарњангро мисли фарњанги Месопотамии, фарњанги Юнони Бостон, фарњанги Атиќа, фарњанги исломї, фарњанги ѓарбї, фарњанги русњо, фарњанги тољикон ва ѓайра људо месозанд. Дар радифи фарњанги умумиинсонї дигар зуњуроти маданї дар соњањои мухталифи фарњанги инсонї мављуданд. Аз рўи меъёри мазкур масалан миёни фарњанги хатї, фарњанги бадеї, фарњанги сиёсї ва ѓайра фарќ мегузоранд. Фарњанг њамчунин баёнгари шууру рафтори ашхоси људогона мебошад. Аз рўи нишонаи мазкур фарњанги шахсї људо карда мешавад. Фарњанг њамчунин вижагињои шууру фаъолияти гурўњњои мухталифи иљтимоиеро таљассум месозад. Меъёри мављуд имкон медињад фарњанги ќабатњои гуногуни иљтимої аз њам људо карда шавад. Дар даврањои мухталифи таърихї дар чањорчуби назарияњои гуногун таърифњои мухталифи мафњуми фарњанг сурат гирифтааст. Дар китоби муњаќќиќи англис Л. Е. Кертман, ки соли 1987 ба чоп расида буд, беш аз 400 таърифи мафњуми «фарњанг»[26] гирдоварї шудааст. Муњаќќиќи франсавї А. Мол дар охири солњои асри гузашта беш аз 250 таърифи мафњуми фарњангро баршумурда буд.[27]
Дар адабиёти шуравии охири солњои 90-уми асри гузашта то 500 таърифу ташрењи мафњуми фарњанг мављуд буд.[28] Аз рўи шумориши бархе аз олимон теъдоди таърифњои додашуда ба фарњанг ќариб ба њазор мерасад.[29]
Бо назардошти теъдоди таърифу шарњњои мафњуми «фарњанг» дар адабиёти фарњангшиносї ва фалсафї гурўњбандї ва таснифи мухталифи онњо пешнињод гардидааст. Мављудияти таърифњои пуршумори илмї ва фалсафии мафњуми фарњанг дар адабиёти љањон имконият намедињад то ба он њамчун мавзўи оддї ва маъмулї бархурд шавад, балки бархурди мушаххасу муайяну соњавиро таќозо мекунанд.[30]
Дар адабиёти муосир мафњуми фарњанг дар чањорчўби тањќиќоти гуногуни назарї шарњу баён мегардад. Масалан Н. И. Воронин дар доираи бархурди корбурдии мафњуми «фарњанг» онро ба шакли зерин зикр месозад: «фарњанг ин падидаи бисёрвазифаї буда маънояш интиќоли таљрибаи иљтимої аз насл ба насл аст».[31] Фарњанг њамчунин ба маънии «корбурди амалии арзишњои умумибашарї ва маънавї мебошад».[32]
Академик В. С. Степин фарњангро низоми таърихие медонад, ки бар мабнои барномањои биологии фаъолияти инсони инкишоф меёбад, таљдиди истењсолот ва таѓйири зиндагии иљтимоиро дар тамоми зуњуроти асосии он таъин менамояд.[33]
Асоси шинохти фарњангро «фаъолияти фаъоли эљодии инсон ва мутобиќ ба он «инкишофи худи инсон ба сифати субъекти фаъолият ташкил медињад. Зимни чунин бархурд инкишофи фарњанг «бо инкишофи шахсият дар њар соњаи фаъолияти иљтимомї созгорї дорад». [34]
Омили инсонї зимни баёни мафњуми фарњанг њамчунин низоми таъѓирёбандаи «усулњо, тарзњо, меъёрњоро, ки сатњу самти фаъолияти башариро тавсиф менамояд дар зењн шакл мегирад». [35]
Бисёр ваќт зимни шарњи мафњуми фарњанг ба хосияти он њамчун шакли шуури љаъмияти ва ахлоќ дар ќиёс бо зиндагии биологї таваљљуњ карда мешавад. Масалан А. Я. Флиер зимни таъинсозии фарќиятњои фарњанг њамчун маљмуи «тартибу низомњои сунъї, ки инсонњо дар домани табиат офаридаанд хотирнишон месозад, ки фарњанг муњити «сохтаи» зисти инсонњост, ки тавассути шевањои хоси фаъолияти инсонї ташкил шудааст ва саршори натиљањои ин фаъолият аст; љањони «сохташуда»-и шахсиятњо, ки шууру ахлоќашон на танњо тавассути манфиатњои биологиву ниёзмандињои иљтимої танзиму асоснок мешавад…; љањони «мураттабшуда» тавассути љаъмияти инсонњо, ки масоили иљтимої ва умумии экзистенсиалї мутањидашон намудааст…». [36]
Дар чањорчуби пажўњишњои семиотикї фарњанг њамчун низоми нишонањо баррасї мегардад. Нишонањо дар ин маврид ашёе мебошад, ки фарогири иттилоотанд. Ашёи фарогири иттилоот дар бораи донишњо, арзишњо ва танзимгарон.. [37]
Дар адабиёти хориљї низ таърифњои пуршумори мафњуми «фарњанг» мављуд аст. Муњаќќиќи амрикої Л. А Вайф мафњуми фарњангро тавассути фарќиятњои он аз рафтор шарњу баён медорад. Миёни категорияњои зиёди падидањову ашёњо ў нишонањоеро таъин мекунад, ки танњо ба ќобилияти инсон дар додани ањамияти рамзи ба андеша амалиётњо ашёњо ва ќабули рамзњо бастаги доранд. Ин гуруњи ашёњо ва њодисањо (идеяњо, эътиќод, муносибот, эњсосот, фаъолият, шаклњои ахлоќ, анъанањо, ќонунњо, институтњо, асарњо ва шаклњои санъат, забон, абзор, асбобу олоти мењнат, механизмњо) ва ѓайра дар ду ќаринаи мухталиф баррасї мегарданд, ки њамчун ќаринаи соматикї ва экстрасоматикї шинохта шудаанд. Ашё ва падидањое, ки дар ќаринаи соматикї баррасї гардиданд ва бо ќобилиятњои рамзии инсон иртибот доранд, ахлоќи инсон номида мешавад. [38] Дар ќаринаи экстрасоматикї иртиботи ин ашёву падидањо бо якдигар муњимтар аз иртиби онњо бо вуљуди инсон мебошад. Ашё ва њодисањо дар ин ќарина фарњанг номида мешавад. Б. Малиновский мафњуми «Фарњанг»-ро чунин шарњ медињад: «мероси иљтимої мафњуми калидии мардумшиносии маданї мебошад. Маъмулан он фарњанг номида мешавад». [39]
Ба гуфтаи Эдвард Сепир истилоњи «Фарњанг» баёнгари «њар унсури моддї ва маънавии зиндагии инсонист, ки мероси иљтимої пешин аст». [40]
Ралф Линтон таъкид меварзад: «мероси иљтимої фарњанг номида мешавад… «фарњанг ба маънии мероси иљтимоии башарият аст…».[41] Љеймс Форд хотирнишон месозад, ки «Фарњанг метавонад комилан њамчун љараёни идеяњо, ки аз фард ба фард тавассути ахлоќи рамзї, таълими шифоњї ва таќлиду ишорот бигзарад».[42] Гоњњо мафњуми фарњанг њамчун мерос бо мамнуъиятњо ва дастурњо мањдуд мешавад. Масалан, мафњуми «фарњанг»-ро њамчун «хотираи озоди коллективе, ки дар низоми муайяни мамнуниятњову дастурњо ифода ёфтааст, маънї мекунанд».[43]
Фарњанг њамчун мавзўи омўзиши фанњои мухталифи илмї мисли фарњангшиносї, мардумшиносии маданї, фалсафаи фарњанг, фарњанги иљтимої ва ѓайра ќарор мегирад. Дар Русия ва Тољикистон илми асоси дар бораи фарњанг фарњангшиносї мањсуб мешавад. Дар њоле, ки дар Ѓарб, бештар дар кишварњои англисзабон истилоњи фарњангшиносї маъмулан маънии тангу фишурдае дорад, ки њадафаш омўзиши фарњанг дар чањорчўби низоми маданї мебошад.[44]
Соњаи умумии байнафании тањќиќотњои љараёнњои маданї дар ин кишварњоро пажуњиши маданї ташкил медињанд. (аз англ. cultural studies). [45]
Мардумшиносии маданї гуногунии фарњангњои башарї, љомеа ва сабабњои онро меомўзад. Љомеашиносии фарњанг фарњангро омўхта, падидањои онро тавассути воситањои методологии љомеашиносї дар чањорчуби муносибатњои мутаќобилаи фарњангу љамъият таъин намояд.[46]
Дар фалсафаи фарњанг тањќиќотњои вижаи фалсафї, моњият ањамият ва маќоми фарњанг амалї мегардад.[47]
Дар фарњангшиносии муосир чунин даврабандии таърихи фарњанг пазируфта шудааст. а) фарњанги ибтидої то чор њазор то с. мо.); б) фарњанги дунёи Бостон (чор њазор сол то с. мо), ки ин муддат фарњанги Шарќи Бостон ва Атиќаро људо месозад. в) фарњанги асрњои миёна (асрњои V-XIV); г) фарњанги даврони Эњё (асрњои XIV-XVI). д) фарњанги даврони Нав (охири асри XVI-ХIX);. Мафњуми фарњанг њамчун тамаддуну фарњанг дар асри XVIII- ва ибтидои садаи ХIX дар Аврупои Ѓарбї шакл гирифт. Баъдан ин мафњум аз як сў фарќиятњоро миёни гурўњњои одамон дар Урупо ва аз сўи дигар миёни шањрњову мустамликањо фарогир шуд. Мафњуми фарњанг њамчун муодили мафњуми (тамаддун) сивилизатсия мавриди истифода ќарор гирифт. Дар њар як љомеа метавон фарњанги баланд, (нухбагон ё баргузидагон) ва фарњанги мардумиро људо намуд. Ба љуз ин мафњуми фарњанги омма, ки аз нигоњи маъної ва бадеї шакли содда ва дастраси њама аст, мављуд аст. Ин фарњанг ќодир аст, фарњанги баланд ва фарњанги халќиро аз майдон берун созад. Ба таснифи навъњои фарњанг гуногунии фарњанги халќњо таъсир мегузорад. Дар доираи кансепсияи «фарњанги нухбагон» миёни «фарњанги баланд» ё «фарњанги нухбагон» ва «фарњанги омма» фарќ гузошта мешавад, ки натиљаи он ба эњтиёљу ниёзмандињои мардуми оддї нигаронида шудааст. Бо вуљуди ин бисёре аз муњаќќиќон бар ин боваранд, ки фарњанги омма метавонад дорои љанбањое бошад, ки фарњанги нухбагон онро дорост. Ё ин ки сокинони мамолики «ѓайри ѓарбї» метавонанд ба андозаи кофї бофарњангу бефарњанг бошанд. Танњо фарњанги онњо бо шаклњои дигаре ифода мегардад. Њамчунин ќобили зикр аст, ки дар бисёре аз таълифоти илмї њарду навъи фарњангњо «њам паст, њам баланд» мутааллиќ ба субкултурањои гуногунанд. Файласуфи олмонї Освалд Шпенглер аз фарњанг њамчун маљмўи халќњои мухталиф ёд мекунад, ки силсилаи тањаввулоти хусусиро аз сар мегузаронанд, ки имтидоди онњо ба садсолањо мерасад ва њангоми таназзул аз нав дар шакли мутазоди худ-тамаддун зода мешаванд. Тамаддун ба фарњанг њамчун давраи тараќиёте, ки онро иваз мекунад, муќобил гузошта мешавад, љое, ки зарфиятњои эљодии шахсиятњои алоњида ќобили пазириш нестанд ва мањаки асоси технисизми берўњу бељони инсонї мањсуб мешавад. Дар даврони Романтизм дар Олмон мафњуми фарњанг њамчун «љањонбинї» шакл мегирад ва мафњуми «фарњанги мутамаддин» густариш ёфта, дар муќобили «фарњанги соддагаро» ќарор мегирад. Дар ин даврон њамчунин саъйу кўшиш ба харљ дода мешавад то миёни «фарњанги мутамаддин», «фарњанги соддагаро» ва «фарњанги ќабилавї» фарќ гузошта шавад. Аз охири асри ХIХ шурўъ карда, дар чањорчуби фанни мардумшиносї, мафњуми фарњанг, мазоњири гуногуни љомеањоро фарогир шуд. Назарияи тањаввулгароёна густариш пайдо намуд, ки дар доираи он зуњури фарњанг миёни мардум њамчун љараёни инкишофи башар арзёбї мешуд. Имрўз мардумшиносон фарњангро на танњо њамчун мањсули тањаввули биологї њисоб мекунанд, балки онро унсури аслии мутобиќати инсон ба љањони хориљ медонанд. Ќаблан агар мардумшиносон фарњангро дар дохили доирањои хусусии он баррасї менамуданд, олимони муосир имрўз бар ин боваранд, ки фарњангро лозим аст ба таври васеъ дар муносиботи муштараки он бо фарњангњои мухталиф бояд тањќиќу арзёбї намуд. Бояд хотирнишон намуд, ки ба инкишофи фарњанг омилњои зиёде мисли нуфузи истеъморгарї таъсири бузург мерасонад. Дар натиљаи ин аъмол аст, ки иддаи зиёде аз иттињодияњо ва љомеањо ноњамгунии ќобили мулоњизае касб намуданд. Баъзе аз мардумшиносон хотирнишон месозанд, ки чунин гурўњњое зери як фарњанги умумї муттањид мегарданд ва ягона афзалияте, ки доранд имкони омўзиши унсурњои мухталиф ба сифати аносири субкултур аст. Гурўњи дигар аз онњо бар ин аќидаанд, ки фарњанги ягона наметавонад мављуд бошад, вале унсурњои мухталиф метавонанд боиси шаклгирии иттињодияњои мултикултур гарданд. Густариши ањкоми мултикултургаро боиси зуњури љунбишњое барои худпоксозї гардид, ки талаботи он ба расмият шинохтани фарњанги нодири зергурўњњои иљтимої буд. Мафњуми фарњанг аз се ќисмати таркиби иборат аст: арзишњои њаётї, меъёрњои ахлоќї, мањсулоти моддї. Арзишњои њаётї, ки таљассумкунандаи мафњумњои муњимтарини зиндагї њастанд асосу бунёди фарњангро ташкил медињанд. Меъёрњои ахлоќї дар мафњумњои «ахлоќ», «мавозини ахлоќї» бозтоб гардида тарзу шеваи рафтору ахлоќи одамонро дар вазъиятњои гуногун таъин мекунанд. Ахлоќ њамчунин дар ќонунњои давлатї инъикос мегардад. Мањсулоти моддї ё осори моддии маданї аслан аз ду таркиби амалї ба вуљуд меоянд. Њамрадифи мафњуми «фарњанг» ба таври васеъ мафњуми дигаре бо номи субкултура истифода мешавад. Субкултура соњаи хоси фарњанг мебошад, ки ба таври мустаќил њузур дорад, њамчунин таркиби аслии фарњанги њокимро ташкил медињад ва њамзамон бо арзишњову меъёрњову расму оинњои хосаш фарќ мекунад. Субкултурњо метавонанд бар асоси усулњои умумии эстетикї ва арзишњои гурўњии одамон (субкултурњои бадеї аз љумла мусиќавї), усулњои нажодї анвои мавзеъгирињои љањоннигарона (фалсафї, сиёсї, мазњабї) ва муносибати мутаќобилаи дигар ширкаткунандагони фарњанг ба зарфиятњои ширкаткунандагоне, ки субкултурањо ташкил медињанд, ба вуљуд биёянд. Субкултурањо њамчунин имкон доранд бар асоси њадафњои умуми ва шевањои дастёбї ба онњо (масалан субкултураи илмї ва мазњабї) арзи вуљуд кунанд. Ба таќвияту нерўмандсозии муњтаво ва ањамияти субкултурањо имкон дорад намояндагони мањдуд ё намояндагони мардуме, ки фарогири онанд ва ё аз макони пайдоиши фарњанг дур њастанд, мусоидат намоянд. (масалан фарњанги муњољирон). Дар љамъият субкултурањои гуногуни гурўњњои иљтимої мављуданд. Тањлили бархурдњои илмї методологии мазкур нисбат ба фарњанг бояд асоси таъќиќотро дар шинохти фарњанги њуќуќї ташкил намояд. Фарњанг ва фарњанги њуќуќї њамчун љузъу кул ба њам таносубу пайванд доранд. Фарњанги њуќуќї бахши људонашавандаи фарњанг аст. Ба таъкиди С. В. Бочкарев «фарњанги њуќуќї ин унсури умумии фарњанги љомеа мањсуб мешавад, ки таљассумгари шеваи хоси мављудияти башар дар риштаи њуќуќї мебошад. Њамчунин шевањои танзими њуќуќии муносиботи љомеа њамкорињои муштараки субъектњои муносибати љомеа ва муносибати иљтимоии психологии онњоро ба падидањои низоми њуќуќї мунъакис месозад».[48]
Њуќуќ ва фарњанг ба њам пайванди мустањкам доранд. Њуќуќ њамчун унсури аслии фарњанг ба таври мудовим дар њоли рушду инкишоф аст. Њуќуќ њамрадифи дигар дастовардњои моддї ва маънавии фаъолияти мадании башар арзишњо, меъёрњо ва расму оинњои он яке аз аљзои сохтории фарњангро ташкил мекунад.
Фарњанг њамчун низоми арзишњои маънавї фарогири њуќуќ, андешањо ва арзишњои њуќуќї мебошад. Муњити маданї асари хешро бар њуќуќ мегузорад. Сатњи инкишофи мадании љомеа дараљаи рушди истењсолоти моддиву маънавї, инкишофи ќобилиятњои инсонї ба рушду камоли њуќуќ таъсиргузоранд.
Гуногунии навъњои фарњанг (фарњанги шарќи Бостон, атиќа, асримиёнагї) ва ѓайра сабабгори навъњои гуногуни шинохту маърифати њуќуќ, гуногунии ёдгорињои њуќуќї, сатњи мухталифи амалияи њуќуќї мегарданд. Фањмиши њуќуќї њамчун падидаи иљтимої, муносибат ба њуќуќ ва арзишњои он, сифати аснод ва фаъолияти њуќуќї самаранокии танзими њуќуќї аз сатњи њуќуќї, сиёсї, ахлоќї, эстетикии шуур вобастагї дорад. Ёдгорињои њуќуќї (ќонунњои Ману, ќонунњои Хамурапї, њуќуќи Салич, њаќиќати Рус, кодекси Наполеон ва ѓайра) њамзамон комёбињои фарњанг ва осори эљодиёти маънавї, маводи ёдгорињои маданї мањсуб мешаванд. Асноди хаттии Бостон, ки то замони мо омада расидаанд (декларатсияи Кири Бузург) осори моддии маданї њисоб мешаванд. Ёдгорињои таърихии њуќуќї, комёбии бузурги инсоният дар риштаи њуќуќ мањсуб мегарданд. Ин ёдгорињо иттилооти арзишмандеро дар бораи даврањои таърихї фаъолияти инсонњо меъёрњои сиёсиву њуќуќї ва дар маљмўъ сатњи инкишофи њуќуќї фарогир мебошанд. Ёдгорињои таърихии њуќуќї бо муњите, ки дар он офарида шудаанд пайванди ногусастанї доранд. Мањз бар асоси ёдгорињои њуќуќї аст, ки метавон рољеъ ба сатњи фарњанг дар даврањои муайяни инкишофи таърихи дар бораи комёбињои маданї меъёрњои фаъолияти љомеа ва арзишњои маънавї ибрози назар намуд. Тамаддуни як љомеа ба таври мустаќим дар сатњи фарњанги њуќуќї ва шаклњои ифодаи он инъикос мегардад. Сатњи инкишофи маданї ба таври умум ба муњтавои ёдгорињои њуќуќї асаргузор аст. Масалан ёдгорињои хаттии фарњанги њуќуќии тољикон («Сиёсатнома», «Ќобуснома», «Синдбоднома» ва ѓ), ки дар асрњои миёна таълиф гардидаанд, њамзамон ёдгорињои њуќуќї, осори бадеї, шаклњои бозтоби инкишофи хат ва ѓайра мањсуб мегарданд. Осори мазкури классикони афкори иљтимої- сиёсии форсу тољик, ки баъдан ба бисёре аз забонњои урупої баргардон шуданд њамчун шоњкори адабиёти љањон шинохта шудаанд. «Мероси классикии тољикон,-менависад Р. Ш. Сотиволдиев, кайњост, ки дороии мардуми љањон гаштааст. Аз љумла Абуали Ибни Сино, Хайём, Њофиз, Фирдавсї ва дигаронро тамоми Аврупо мешиносад. Осори мансури ќабл аз асрњои миёна, ки баъдан ва бисёре аз забонњо тарљума шуданд, воќеан ба шоњкори адабиёти љањон табдил гашта, дар љараёни њамкорињои муштарак ва бозсозињои маданї мусоидат намуданд». [49]
«Синдбоднома» ёдгории адабиёти мансури форсї-тољикї шуњрати љањони пайдо намудааст. Тибќи иттиллои И. С. Брагинский Бостонитарин нусхаи ин асар ба даврони Аршакитњо (250 с. то с. мо) рост меояд. Асоси онро ривояти пањлавї ташкил медињад, ки дар асри VIII ба забони арабї тарљума шуда, баъдан вориди «Њазору як шаб» гардида буд.
Матни арабии он минбаъд дар асри ХI ба забони юнонї, њамчунин испанї, яњудї, арманї, гурљї, туркї, лотинї, фарансавї, итолиявї, англисї, олмонї, русї, венгерї, булѓорї, полякї, словакї, чешї, руминї ва шведї тарљума шуда буд. [50]
Ба навиштаи Р. Ш. Сотиволдиев-, «Синдбоднома» энсиклопедияи хоси санъати шоњист, ки дар он усулњо ва ќоидањои асосии давлатдорї коркарду амалисозии самтњои асосии сиёсати давлат, ќабули ќарорњои бохирадонаи сиёсї баён шудааст. Њамзамон бо идеяњои сиёсї китоб фарогири андешањои њуќуќї дар иртибот бо ќонун ва ањамияти сиёсии он тартиби иљрои ќонун ва тобеият аз ќонун мебошад. Китоб ањкоми љолиберо дар бораи тартиби таъин ва иљрои љазо ва амалисозии њуќуќи судї дарбар мегирад».[51]
1. Чунин арзёбиеро рољеъ ба ин асар академик Б. Ѓ. Гаффуров намудааст, ки бахше аз гуфтањояш наќл мегардад. «Сужаи аъљобангези ривоят ба муаллифи асар имкон дода то масалњои зиёдеро барои баёни донишњои марбут ба давлатдориву кишвардорї дар шакли муъљаз истифода кунад».[52]
Мисолњои болої гувоњ бар онанд, ки њуќуќ ва фарњанг бо њам пайванди људонашаванда доранд. Њуќуќ унсури људоинопазири фарњанг ва зуњуроти маданист. Ба аќидаи С. С. Алексеев «њуќуќ зуњури фарњанг аст, њамчун соњаи ифодагари шахсияти фардї эљодиёт ва камолот». [53]
Њуќуќ унсури фарњанг ба шумор меравад. Зеро он ба соњањои мухталифи зиндагии иљтимої нуфуз намуда ба он оѓозу њаракат мебахшад. Фаъолияти љомеаро таъмин месозад ва аз љумла зиндагии маданиро фароњам меоварад. Моњияти њуќуќро њамчун падида С. С. Алексеев чунин шарњ медињад: «њуќуќ дар навъи хоси хеш зиндагиро бо тамоми мазоњири мураккабаш инъикос менамояд. Зуњуроте, ки доманаи нињоят васеъ дошта, тамоми ќабатњои асосї ва амиќи зиндагиро (ташкили иќтисодии љомеа, сохтори сиёсии њукумат), чи њаётиву хонаводагиву маишї фарогир аст». [54]
Њуќуќ ва фарњанг њамеша бо њам дар чањорчуби сарчашмањои умумии генетикї ва дар љараёни таъсири мутаќобила инкишофу рушд намудаанд. Њуќуќ аз замонњои Бостон дар шаклњои маданї таљассум меёбад. Њанўз дар замонњои Бостон ва дар асрњои баъдї њуќуќ дар устурањо, адабиёт, санъат, ёдгорињои маданї ва аз љумла дар зарбулмасалњои хаттї бозтоб гардидааст. Сарчашмањои афкори њуќуќи ба асотир ва љањонбинињои динии ибтидої рафта мерасад. Барои инъикоси тасаввуроти њуќуќї доир ба тартибу низоми њастї, сохтори зиндагии љамъиятї мањаки муносиботи инсонї, рамзњо истифода мешуданд. Барои мисол бозтоби рамзии «њуќуќ-адолат»-и умумї тибќи гуфтаи В. С. Нерсесянс «дар образи Худои адл (Маат-ба аќидаи мисриёни Бостон, Фемида-ба аќидаи юнонињои Бостон) бо тарозуи адолат нишон дода шудааст. Имрўз низ баъд аз гузашти њазор сол аз мавќеи донишњои имрўзини њуќуќї метавон гуфт, ки ин бозтоби рамзии Бостонии тасаввурот дар бораи адолати умумї ба таври комил ва даќиќ баёнгари моњияти њаргуна њуќуќ њамчун усули умумї, миќёс ва андозаи баробарии шаклї мебошад. Аз ин рў имрўз низ он њамчун рамзи зебои њуќуќу низоми њуќуќї рамзи фаъолияти њуќуќї ва пешаи њуќуќї, боќї монда, њузури фаъол дорад». [55]
Дар Бостон њуќуќ дар муњити хоси маданї ба вуљуд омада, тавассути чунин зуњуроти маданї мисли санъат њусни баён, адабиёт ва ѓайра бозтоб шудааст. Тавре ки С. С. Алексеев хотирнишон месозад, «таърихи њуќуќ ва таърихи санъат дар ибтидо гўё ба њам омезиш пайдо мекунанд. Далелњои таърихї гувоњ бар онанд, ки дар чунин сарчашмањои тамаддун мисли Юнони Бостон ва Рими Бостон фасоњати сухани судї яке аз навъњои асосии њусни баён буда, дар навбати худ риштаи муњимтарини зиндагии маънавї, сарчашма ва омили инкишофи нутќи адабї будааст».
2. Њуќуќ њамчун падидаи маданї љузъи људонашавандаи фарњанг, комёбии моддиву маънавии он падид омадаву рушду камол ёфтааст. Њуќуќи Бостон аз миёни рамзњову розњои маданї ки дар он даврон асоси моддї ва маънавиро ташкил медоданд, барои худ роњ боз намудааст. Њуќуќ ва фарњанг дар ибтидо якљо рушду камол ёфтаанд. Тавре ки хотирнишон шуд њуќуќ бахши ногусастании фарњанг мањсуб мешавад. Адабиёт ва санъат ба сифати шаклњои дастрасу муътамади бозтоби тасаввуроти њуќуќї хизмат намудаанд. Ба аќидаи С. С. Алексеев- «илми њуќуќ, њуќуќшиносї њамеша бо санъат, адабиёт ва театр пайванди танготанг доштааст. Дар Юнони Бостон масоили њуќуќї, низоъу таззодњо миёни озодиву зулм дар фољиаи миёни Эсхилу Софокл таљассум ёфта, дар сањнањои театри Юнони Бостон ба намоиш гузошта шудаанд ва бар мабнои иттилооти мављуд мавриди истиќболи гарми тамошобинони замон ќарор гирифтаанд». [56]
Афкори њуќуќии тољикон њамчунин дар асотир мазњабњо осори манзуму мансур ва дигар зуњуроти маданї бозтоби худро ёфтаанд. Дар ин миён адабиёт беш аз њар чизи дигаре барои инъикосу ифодаи афкори њуќуќї, таблиѓи идеяњо ва арзишњои њуќуќї ба таври васеъ роиљ будааст. Инъикоси афкори фалсафї, сиёсї ва њуќуќии форсњо ва тољикон бо шеваи адабї сатњи олии инкишофи худро пайдо намуда буд. Тавре ки Р. Ш. Сотиволдиев таъкид мекунад, насри форсї тољикї, ки дар оѓози даврони асрњои миёна барои ифодаи дидгоњњои сиёсиву њуќуќї њамрадифи осори манзум ќарор дошт: «бо ибороти фасењ, ороишоти адабї, ки хоси адабиёти он замон буд зиннат дода мешуд. Боварњои мухталиф, ривоёт, зарбулмасалу маќолњо, ибороти рехта, ањодису оёти ќуръонї, љузъи људонашавандаи насри бадеї буданд. Нависандагон осори худро бо сабки саљъ таълиф менамуданд, ки шомили ќофиябандии хоси мансур буд. Онњо устоди сухан буданд ва дар иншои осори адабї истеъдоди нодир доштанд ва махсусан он чи ки ќобили мулоњиза аст, бо тасаллути шевањои хос афкори сиёсї ва њуќуќии худро бо далелњо собит месохтанд ва дар исботи аќоиди худ тавассути унсурњои насри мусаљљаъ бо образњои мухталифи бадеї вижагињои шоњи ормониро таљассум менамуданд». [57]
Насри адабї дар Аврупо низ яке аз шаклњои нигориши афкори њуќуќї буд. Барои мисол метавон аз Ф. М. Решедников наќли ќавл намуд. Номбурда китоби «Чезаре Беккариа» «Дар бораи љинояту љазо»-ро њамчун намунаи бењтарини насри Аврупои асри XVIII арзёбї мекунад, ки бисёр муъљазу фасењ таълиф шуда, ба хотири он ки «таъсири њадди аксарро ба хираду эњсосоти хонандагон бигузорад». [58]
Аз осори мутафаккирону нависандагони форсу тољик низ метавон чунин арзёбї намуд. Натиљаву андешањои онњо рољеъ ба масоили њокимияту давлат, ташкили равиши давлатдорї, њуќуќ, ќонун ва ѓайра, «бо далелњо баён шуда ва ба гунае пешнињод гардидаанд, ки инкорнопазир ба назар мерасанд». [59]
Адабиёт дар шуури љамъиятии асримиёнагии шарќи мусулмонї мавќеи пешбарро ишѓол мекунад. Аксари файласуфон, табиатшиносон, диншиносон ва орифону суфиён[60] барои ифодаи афкори хеш аз жанрњои адабї фаровон истифода менамуданд. Ба аќидаи М. Хайруллоев «ишќу муњаббат ба каломи хаттї ва шифоњї мавриди таваљљуњи густурдаи тамоми равшанфикрон ва бо як сухан вижагии хоси фарњанги он замон буд». [61]
Тибќи арзёбии Г. Э. Гронебаум-«адабиёти араб ва форсизабон мисли адабиёти расмии дигар халќњо, ки суннати арабиву форсиро ќабул намуда буданд, бояд аз љониби олимон мавриди назар бошад». [62]
Шакли дигари маълум ва афзалиятноки инъикоси афкори њуќуќї ва дар маљмўъ фарњанги њуќуќии асрњои миёна дар ќаламрави таърихии Тољикистон дин њамчун унсури људонашавандаи фарњанг мањсуб мешавад. Вижагии хоси афкори сиёсии њуќуќии форсњову тољикњо дар асрњои миёна аз он иборат буд, ки бо дин пайванди ногусастанї дошт ва масоили диншиносї, худошиносї мавриди таваљљуњаш буд ва зимни тарњу баррасии масоили сиёсии њуќуќї ба дастуроту рањнамудњои диншиносї такявар буд. Воќеияти њуќуќї ва сиёсии динї, њокимияти љањонбинии исломї ќобили бањс намудани Ќуръон ва ањодис, бидуни шак таъсири созгоре дар љањонбинии мардуми љомеа ва муњити маданї гузоштанд. Ислом дар тули беш аз якуним њазор сол љузъи ногусастании халќњои пуршумор аз љумла тољикон мебошад. Зимнан дар шароити њокимияти бидуни ќайду шарти ислом њамчун идеологияи давлатї, дин ягона шакли ифодаи афкори њуќуќї мањсуб мешуд. Дар давоми њазорсолањо ислом ба сифати шакли ташкилу инкишофи фаъолияти бисёре аз мардуми љањон, ки тамаддуни исломиро ташкил медоданд, хидмат намуд. Дар чањорчуби тамаддуни исломї шеваи хоси ташкилу корбурди амалии зиндагї ва фаъолияти инсонњо шакл мегирад. Арзишњои исломї, маданї ва маънавї ба вуљуд оварда мешавад. Ислом њамчун падидаи тамаддуну фарњанг ба таври амиќ дар шуур, зиндагї ва фаъолияти наслњои зиёд, ки дар давронњои мухталифи инкишофи таърињи зиндагї ва эљод намудаанд, нуфуз намудааст. Намояндагони афкори фалсафї ва иљтимої њамеша тањти таъсири ислом будаанд. Бад-ин муносибат В. К. Чалоян хотирнишон месозад, ки уламои шарќї аз љумла ибни Сино «натавонистанд аз неоплатонизм ва дар маљмўъ аз идеалогияи мазњаби мусулмонї рањої ёбанд».[63]
Пайванди њуќуќу фарњанг њамчунин дар муњити маданї ба зуњур расида аз љумла инкишофи фалсафа, илм, санъат, адабиёт, сохтмони муассисањои маданї, шањрсозї ва ѓайра ба инкишофи андешањои њуќуќї, меъёрњо ва арзишњо, нињодњои сиёсиву њуќуќї мусоидат менамоянд. Дар бораи ин ки чигуна пешрафту шукуњи фарњанг ба инкишофи шуури сиёсиву њуќуќї ва љањонбинии мардум дар даврањои мухталифи таърихї самаранок таъсиргузор буда, метавон мисолњои фаровонеро зикр намуд. Масалан дар Эрони Бостон барои инкишофи илму фалсафа шароити мусоиду созгор ба вуљуд оварда шуда буд. Тибќи иттиллои В. К. Чалоян њангоми таназзули фарњанги элинистї византї замоне, ки император Зинон соли 489 фаъолияти мактаби Эддесро ќатъ намуд ва Юстиниан дар соли 529 академияи Александрия ва Афинаро баст, баръакс шоњи Эрон Хусрави I Анушервон (солњои 531-579) муассисоти мазкурро дар кишвари худ барпо сохт. Дар натиља олимоне, ки аз кишварњои Византия табъид шуда буданд, дар Форс барои хеш паногоњ пайдо карданд, мактаби Эддес дар шањрњои Нисибина ва академияи Афина дар шањри Гундишопур ба фаъолияти худ идома доданд. Сокини Дершањр Павел асари худро дар бораи Арасту ба шоњ Хусрав бахшид.[64]
Пешрафти фарњанг дар оѓози асри миёна махсусан дар замони нахустин давлати тољикон Сомонињо, ки онро даврони эњё ё тиллої дар таърихи афкори иљтимої сиёсии тољикон меноманд, наќши пурсамаре дар рушду камоли афкори њуќуќї ва бунёди меёъёрњо ва нињодњои њуќуќї бозид. Мањз дар њамин давраи шукуфоии фарњанг ибни Сино Абурайњон-ал-Берунї, ал-Хоразмї ва дигар намояндагони фалсафаву илмњо зиндагї ва эљод карданд, ки осорашон шуњрату мањбубияти љањонї пайдо намуданд. Мањз дар даврони шукуфоии мадании љомеа зери њимояти мустаќими мутафаккири бузург ва вазири давлати салчуќињо Низомулмулк муассисоти динї дар Баѓдод, Њирот, Балх, Нишопур, Марв ва дигар шањрњо боз гардиданд, ки бо шарафи ў «Низомия» ном гирифтанд. Ногуфта намонад, ки мадрасаи Низомияи Баѓдодро дар замонаш К. Маркс «яке аз машњуртарин академияњо» номида буд.[65]
Садсолањои нуњум, понздањум даврони инкишофи босуръати илмњои табии аз љумла њисобу риёзиёт, њандаса, нуљум, љуѓрофия, заминшиносї, маъданшиносї, тиб ва дигар риштањои илм мањсуб мешавад. Ба тањќиќи донишњои илмї табии осори ибни Сино, Абубакр- ар-Розї, Берунї ва дигарон бахшида шудаанд. Осори ибни Сино «Ќонуни тиб», ки соли 1019 таълиф ва дар асри XII ба забони лотинї тарљума шуда буд, то нимаи дуюми асри XVII дастури ягона ва муътабар доир ба тиб дар донишгоњњои аврупо мањсуб мешуд.[66]
Дар ин замон афкори фалсафї низ дар осори Хоразмї, ибни Сино, Форобї, Берунї, Закариё-ар-Розї, ибни-Рушд ва дигарон инкишофи босуръат пайдо мекунад. Љараёнњои мухталифи фалсафї муттазилия, исмоилия, суфизм намунаи зуњуроти озодандешии динї ва фалсафаи арабизабон шакли озодандешии фалсафї буданд. Иртиботи њуќуќу фарњанг њамчунин вобаста ба он буд, ки муњити ягонаи маданї файласуфону андешмандонро дар шинохти њамзамони масоили муштараки фалсафиву донишњои илмї илњом мебахшид. Яке аз вижагињои хоси афкори илмї фалсафї, сиёсї ва њуќуќии форсї-тољикї дар пурљанба (энсиклопедї) будани донишњо зоњир мегардид, ки дар имтидоди чанд садсола идома дошт. Ин вижагии љањонбинии љамъиятї хоси тамоми намояндагони улуми фалсафї, сиёсии њуќуќї ва ахлоќї буд. Масалан ёдгори ахлоќии асри XII «Ќобуснома» шомили бахшњоест, ки ба риштањои мухталифи фаъолияти маърифатї мисли нуљуму ситорашиносї, сиёсат, санъати шоњї, давлатдорї, ќонуншиносї, анатомия, тиб, адабиёт, риёзиёт, мусиќї ва ѓ. бахшида шудаанд. [67]
[1] Ниг.: Авдиев В.И. История Древнего Востока. М.: Политиздат, 1953. С. 42.
[2] Ниг.: Рабинович И.С. Сорок веков индийской литературы. М., 1969; Хачатурян В.М. История мировых цивилизаций. М., 1997; Очерки по истории мировой культуры. М., 1997; История древнего мира. Ранняя древность. Кн. 1. М., 1983.
[3] Hellenismus – от греческого Hellen – эллин (Греция) – означает греческий, Древняя Греция.
[4] Ниг.: Драйзен И.Г. История эллинизма. Т. 1-3. М., 1890-1893.
[5] Ниг.: Штаерман Е.М. Кризис античной культуры. М., 1975.
[6] Цицерон М.Т. Избранные сочинения. - Харьков; М., 2000. - 464 с.
[7] Гулыга А. В. Кант сегодня // И. Кант. Трактаты и письма. М.: Наука, 1980. С. 26.
[8] Ренофанц И. Карманная книжка для любителя чтения русских книг, газет и журналов. СПб., 1837. С. 139.
[9] Черных П.Я Историко-этимологический словарь современного русского языка. М., 1993. Т. I. С. 453.
[10] Бердяев Н.А. Смысл истории. М., 1990. C. 166.
[11] Рерих Н.К Культура и цивилизация М., 1994. С. 109.
[12] Маркс К., Энгельс Ф. Соч. Т. 20. С. 25.
[13] Ленин В.И. Полн. собр. соч. Т. 24. С. 120 – 121.
[14] О социалистической культуре ниг.: Арнольдов А.И. Культура и современность. М., 1973; Баллер Э.А. Преемственность в развитии культуры. 1969; Боголюбова Е.В. Культура и общество. М., 1978; Злобин Н.С. Культура и общественный прогресс. М., 1980; Маркарян Э.С. Очерки теории культуры. Ереван, 1969; Межуев В.М. Культура и история. М., 1977.
[15] Кондаков И.В. Введение в историю русской культуры. М., 1997. С. 6-7.
[16] Њамон љо.
[17] Ниг.: Аграновская Е.В. Правовая культура и обеспечение прав личности. М., 1988. С. 8.
[18] Ниг.: Большая Советская Энциклопедия: В 30 т. М., 1975. Т. 21. С. 243.
[19] Ожегов С.И. Словарь русского языка. М., 1991.
[20] Атахонов Т., Сулаймони С. Цивилизация. Кн. 1. Древняя цивилизация / Отв. ред. М. Исоматов (на тадж. яз.). Душанбе: Ирфон, 2003. С. 196.
[21] Философский энциклопедический словарь. М.: Советская энциклопедия, 1983. С. 292.
[22] Пелипенко А.А., Яковенко И.Г. Культура как система. М.: Изд-во «Языки русской культуры», 1998. С. 10.
[23] Драч Г.В., Штомель О.М., Штомель Л.А., Коропев В.К. Культурология: Учебник для вузов. СПб.: Питер, 2013. С. 13.
[24] Атахонов Т., Сулаймони С. Указ. соч. С. 10.
[25] Теоретическая культурология. М., 2005. С.294.
[26] Ниг.: Кертман Л.Е. История культуры стран Европы и Америки (1870-1917). М.,1987.С. 14.
[27] Ниг.: Моль А. Социодинамика культуры. М., 1973. С. 35.
[28] Ниг.: Семитко А.П. Правовая культура социалистического общества: сущность, противоречия, прогресс. Свердловск, 1990. С. 12.
[29] Ниг.: Маркова А.Н. Культурология: Учеб. пособие. М.: Проспект, 2013. С. 5.
[30]Ниг.: Культурология XX век. Энциклопедия в двух томах / Гл. ред. и сост. С.Я.Левит. СПб.: Университетская книга, 1998. 640 с.
[31] Воронина Н.И. Теоретическая культурология: Учеб. пособие: В 2 ч. Саранск, 2001. - С. 7.
[32] Выжлецов Г. П. Аксиология культуры. СПб.: СПбГУ, С. 66.
[33] Новая философская энциклопедия. М., 2001.
[34] Культура - человек - философия: к проблеме интеграции и развития // Вопросы философии. 1982. № 1. С. 36.
[35] Давидович B.E. Культура и ее место в жизни общества / B.E. Давидович, В.К. Белолипецкий //Философские науки. 1974. №2. С. 154.
[36] Флиер А.Я. Культура // Культурология. XX век: Энциклопедия: В 2 - х т. СПб, 1998. Т. 2. С.336-338.
[37] Ниг.: Карман А.С. Основы культурологии: мифология культуры. СПб., 1997. С. 20 – 65.
[38] White L.A.. The concept of culture // American Antropologist. Washington, 1959. Vol.61. P. 227-251.
[39] В. Malinowski 1931. Р. 621.
[40] Е. Sapir 1924. Р. 402.
[41] Linton R. 1936. Р. 78.
[42] Ford J. 1949. Р. 38. 16 Taylor W. 1948. Р. 109.
[43] Лотман Ю.М., Успенский Б.А. О семиотическом механизме культуры // Лотман Ю.М. Семиосфера. СПб., 2000. С. 487.
[44] White, Leslie. The Evolution of Culture: The Development of Civilization to the Fall of Rome New York: McGraw-Hill, 1959; White, Leslie. The Concept of Cultural Systems: A Key to Understanding Tribes and Nations, New York Columbia University, 1975.
[45]Ниг.:Усманова А. Р. Культурные исследования // Постмодернизм: Энциклопедия / Минск.: Интерпрессервис; Книжный Дом, 2001. 1040 с. (Мир энциклопедий).
[46]Абушенко В. Л. Социология культуры // Социология: Энциклопедия / Сост. А.А. Грицанов, В. Л. Абушенко, Г. М. Евелькин, Г. Н. Соколова, О. В. Терещенко. Минск.: Книжный Дом, 2003. 1312 с. (Мир энциклопедий).
[47] Ниг.: Давыдов Ю. Н. Философия культуры // Большая советская энциклопедия.
[48] Бочкарева С.В. Правовая культура и правовая политика (на примере законодательства республики Мордовия): Дисс. … канд. юрид, наук. Саранск, 2004. С. 28.
[49] Сативалдыев Р.Ш. Политическая и правовая мысль раннесредневекового мусульманского Востока (на примере «Кабуснамэ», «Сиасет-намэ», «Синдбаднамэ»): Монография / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1999. С. 5.
[50]Ниг.: Брагинский И.С. Предисловие к кн. «Энциклопедия персидско-таджикской прозы». Душанбе, 1990. С.4.
[51] Сативалдыев Р.Ш. Политические и правовые идеи «Синдбаднамэ»: Монография / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1998. С. 5.
[52] Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972. С. 440.
[53] Алексеев С.С. Право: азбука-теория-философия: Опыт комплексного исследования. М.: Статут, 1999.С. 224.
[54] Њамон љо.
[55] Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: Учебник. М., 1999. С. 92.
[56] Алексеев С.С. Асари ишорашуда. С. 224.
[57]Сативалдыев Р.Ш. Политическая и правовая мысль раннесредневекового мусульманского Востока. С. 81.
[58] Решетников Ф.М. Беккариа. М., 1987. С. 76 – 77.
[59] Сативалдыев Р.Ш. Указ. соч. С. 81.
[60] Суфий – последователь мистического течения в исламе – тасаввуфа. Первоначально – аскеты и проповедники, носившие власяницу (суф).
[61] Ниг.: Хайруллаев М. Фараби. Эпоха и учение. Ташкент, 1975. С. 115.
[62] Гронебаум Г.Э. Основные черты арабо-мусульманской культуры. Статьи разных лет. М., 1981. С. 183.
[63] Чалоян В.К. Восток-Запад (преемственность в философии античного и средневекового общества). М., 1968. С. 5.
[64] Чалоян В.К. Восток-Запад (преемственность в философии античного и средневекового общества). М., 1968. С. 166.
[65] Маркс К. Хронологические выписки // Архив К. Маркса и Ф. Энгельса. М., 1938. Т. V. С. 113.
[66] О развитии науки в эпоху мусульманского Востока см.: Розенфельд Б.А., Рожанская М.М., Соколовская З.К. Абу-р-райхан ал-Бируни. М., 1973; Сагадеев А.В. Ибн Рушд (Аверроэс). М., 1973: Он же. Ибн Сина (Авиценна). М., 1980; Тарновский В.Н. Ибн-Сина (Авиценна). М., 1969 .
[67] Ниг. фарохтар: Сативалдыев Р.Ш. Политические и правовые идеи «Кабуснамэ» / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1997. 125 с.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07