Рўзи 27.05.2015 дар Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Љойи њуќуќи Љумњурии Тољикистон дар низоми њуќуќии љањони муосир» бо иштироки доираи васеъи олимон, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї конференсияи илмї-амалии љумњуриявї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї Директори Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон доктори илмњои њуќуќ, профессор Рањимзода М.З. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории конференсия гузориш доданд. Њамзамон аз ањли нишаст даъват ба амал оварданд, ки ба тањќиќу пажўњиши мавзўъњои рузмарраи илми њуќуќшиносї машѓул шуда, љињати амалишавии он ба корњои созандагию бунёдкорї рў биёранд. Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи конференсия маърўзањо шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тадќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Аз факултети њуќуќшиносии Донишгоњии миллии Тољикистон дар кори конференсия устодон Шарипов Т.Ш., Сулаймонов Ф.С., Ќурбонов Ќ.Б., Ќурбоналиев Н.Ш. иштирок ва баромад карда, таклифњои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд.