Дар њошияи вохўрии Роњбари давлат бо ањли зиёии кишвар
«Мурољиат ба таърих ва адабиёти халќамон ба он маќсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабњои нотифоќиро дуруст шарњ дода, зарурати тањкими вањдати миллиро ба ањли љомеа мунтазам талќин намоем».
Эмомалї Рањмон[1]
Доктори илмњои њуќуќ, профессори кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї
Дар даврони лапишњои иљтимої (истилоњи сотсиолог Питирим Сорокин) ва буњронњои молиявї, ки халќу миллатњо давлату тамаддунњо як марњалаи ѓайримўътадилро паси сар менамоянд, дар ќатори дигар пањноњои њаёти иљтимої илм ва соњањои мухталифи он низ зери фишор ва шабањњои мухталиф ќарор мегиранд. Љанги манфиатњо, муборизаи сармоя, ѓояи бузургманишии кишварњо дар муносибатњои байналмилалї аз як љониб, рў задании унсурњои утилитаризм дар њама риштањои рўзгори иќтисодию иљтимої ва фарњангию илмї дар дохили тамаддун ва давлатњо олами инсониро аз чониби дигар номуззам мегардонад. Зери ин њама фишорњо давлатњои рў ба рўшд, истењсоли ватанї дошта ва пешрафта имкони мусоиди љањидан ба пешро соњиб мешаванд, албатта агар ќудратњои љањонї ва ё низоми байналмилал имкони истифодаи ин лањзаро роиљ намояд. Дар акси њол нуфўзи давлатњои бузурги љањонї тариќи татбиќи сиёсати салтанатии љањонї низоми оламро ба манфиати худ истифода намуда, оламро боз то мўњлати номуайян номуназзам нигоњ медоранд.
Дар чунин шароитњо агар илм аз як љониб воситаи муассири чунин давлатњои бузургу салтанатї барои истисмори манфиатњои давлатњои кўчак истифода шавад, аз љониби дигар самту соњањои људогонаи он гирифтори беморї ва сироятњои мухталифи усулї гардида дар зоњир ба рушди илм шабоњат пайдо карда, дар дохил ба вайроншавии њаёти воќеї ва пањноњои тадќиќотї мусоидат менамояд. Илми њуќуќшиносї низ дар ин раванд аз чунин шабањњо, ки байни таззоди манфиату зарарњо наќши муассир доранд, озод нест. Воќеияти имрўзи даврони гузариш собит дорад, ки агар илми соњавии њуќуќшиносї байни назария ва консепсияњои мухталифи арзишшиносї, оилањои њуќуќї ва низоми байналмилалї дар кашфи њаќиќат ва адолати инсонї дар фазои демократия ва озодињо мушкилињои махсусгардонидашудаи соњавиро доро бошанд, илмњои умуминазариявї ва таърихї-њуќуќї дар баробари имкони васеи рушднамої, беморињо ва зиёдаравињои усулиро касб намудаанд.
Фазои озоди илмї, пањнои мухталифи назарњо ва имкони фарохи сайри таърихї ба субъектони озоду муњаќќиќони нуктасанљ шароитеро фароњам овардааст, ки муњаќќиќони сармасти озодї ва дастовардњои илмї саманди фикрро дар майдони илмї бо усуле меронанд, ки масали халќии «Шутурро гуфтам ѓамза кун, полеза вайрон карду рафт»-ро мемонад. Дар ин маљро зиёдаравї дар омўзиши таљрибаи таърихї, усули мўњташами гузашта, дар тањќиќоти таърихї-њуќуќї, дур шудан аз дарки воќеияту њаќиќат дар хулосањои илмї аз беморињои вазнини илмњои таърихї – хуќуќї ба шумор меравад. Ин раванд то он дараља нуфуз гирифтааст, аниќтараш ба умќи масъала фурў рафтааст, ки дар рисолањо ва маќолањои илмї сарњади таърихомўзиро вайрон намуда, ба таърихпарастї гузаштааст. Пасманзари ин раванд дар эњсосоти љамъиятї манфї инъикос гаштааст. Љойи тафаккури эљодиро тафаккури таќлидї ѓасб карда, таассуб ва хурофот домани озодии андешаро ќайчї зада, аз минбарњои људогонаи илмию динї, кўшиши гузаштаро дар хизмати муосир овардан шурўъ шудааст. Иддае то он дараља масти бузургманишии таърихї гаштанд, ки худро бо њама мушкилињои њаётї хаёлан дар симои салтанатњои љањонии ниёгон эњсос карданд.
Ин њолат гурўњи дигари «ватандўстон» ва муњофизини дастовардњои навинро оташин карда, онњоро ба њимояи арзишњои давлати демократї ва дунявї ба муќобили ин таърихпарастони таќлидгар ба майдони мубоњисањо овардааст. Дурї аз усули омўзиши илмњои љамъиятї, аз мантиќи фанњои таърихї-њуќуќї, норасоии дониши ќазоии гузашта ва ноогоњї аз њикмати илмњои љамъиятї ва таърихї дар рушди њаёти муосир ва оянда љонибдорони ин назарро низ ба нуктаи нињоии дигари муќобил кашидааст. Ин зиёиёни мўњтарам таќлид ва таърихпарастиро дуруст инкор карда, сарњади эњтиром ва арљгузорї ба арзишњои таърихиро вайрон намудаанд. Онњо усулњои илмии таърихомўзиро ба эътибор нагирифта зери таъсири таъиноти иљтимої, касбї ва љањонбинии шахсии худ ба њимояи дастовардњои навини давлати муосир остин барзада, бо тешаю табарњои тезкардаи худ њар андеша ва њар назари бегона аз дидгоњи худро теша мезананд. Ин раванд тафовут байни манфиати дирўз, имрўз ва фардои миллатро нагузошта, гоњо решањои таърихии маънавї, фарњангї ва њатто кафолатњои таърихии њастии миллати соњибдлавлатро теша мезанад.
Чунин лаѓзишњо дар тафаккури иддае аз муњаќќиќони таърихї ва олимони муосири назариётчї зери таъсири омилњои мухталиф рў задааст. Бетарафї ва ѓайрифаъол гардидани худи зиёиён ва олимони фанњои љамъиятї ва таърихї-њуќуќї ба он оварда расонд, ки онњо аз мадди назари љомеа, васоити ахбори омма ва њатто худи муассисањои илмї ва масъулини соња дур гаштанд. Ин раванд дар умум хизмати содиќонаи иддаи дигари онњоро, ки софдилона зањмат мекашиданд, аз мадди назар дур монд. Бисёрињо фикр карданд, ки бо китоби «Тољикон» ва чанд асарњои њикматомўзи бунёдгузори давлати миллї кори таърихомўзии миллат ба итмом расид. Сониян, дуруст ба инобат нагирифтани усулњои илмии омўзиши таърих аз љониби иддае аз олимони соњаи љамъиятї, ки дар тафаккури онњо арзишњои динї аз њаќиќати илмї болотар рафта, таърихпарастї ва мўњташамии таърихї мавќеи аќлу хиради созандаро мањдуд кард. Сеюм, ављ гирифтани эњсосоти динї дар љомеа, боло рафтани таассуб ва хурофот дар байни ќишрњои мухталиф њатто олимону донишмандон. Чорум, бетарафии олимони шинохтаи соњањои дигари илм дар њимояи њаќиќати илмї, таърихї, кашфиётњои табиї ва собит сохтани наќш ва нуфўзи илм барои рушди љомеа дар муќобили дигар усулњои шинохти табиат ва шаклњои шуури љамъиятї. Ин њолат агар аз як љониб ѓалабаи боварї ва таќлиди бетањлилро дар муќобили шакку шубњаи илмї дар тафаккури хонанда таъмин намуда бошад, аз љониби дигар майдони мубоњисањои илмиро ба ѓайримутахассисон, муњофизони касбии дигар соњањо ва диллетантњо вогузор кард. Панљум нодуруст ќабул кардани иќдоми таърихї ва зарурии љашнворањои таърихии миллат. Албатта, њолати панљум, ки бо ибтикори Њукумати Тољикистон роњандозї шуд, воќеан аз зинањои ногузир ва таърихии њифзи асолати миллї ва наљоти њаќќи миллати решабаърих ба давлатдорї буд ва хоњад монд. Вале онро иддае бидуни њикмат ва таъиноти аслї ќабул намуда, сарњади таърихомўзї ва сабаќбардории таърихиро убур карда, ба сирояти таърихпарастї гирифтор шуда бошанд, гурўњи дигар бо хониши ду се асарњои мутафаккирони гузашта ва шиносої бо мањдудиятњои афкори таърихї ба инкори таърихи гузашта рў оварданд.
Бо назардошти муњиммияти масъала ва омилњои мухталифе, ки вазъи эњсосоти илмии љомеа ва љањонбинии мардумро дар нуктањои нињоии мубоњисањо ва роњњои рушди илм вогузор намуда, рушди васатияти илм ва љањонбинии миллатро бо њимояи манфиатњои иљтимої, фарњангї, сиёсї ва њуќуќї монеа мегардад, зарур шуморидем бо ин навишта, рољеъ ба се љанбаи марказгурезии ин раванд мухтасаран баёни назар шавад.
1) Сирояти тафохури таърихї ва мањрумї аз мероси таърихї
Мисли оне, ки фарзандони шахси хирадманд на њамеша хирадманд мешаванд, халќу миллатњои таърихи бой дошта низ на њама ваќт аз зумраи давлатњои пешрафтаанд.
а) таърихи бой ва ѓанї њанўз нишонаи бузургии миллат ва давлат нест
Тољикон аз халќиятњои ќадимаи мардуми ориёианд, ки бори беш аз панљњазорсолаи тамаддуни давлату давлатдорї ва њуќуќу њуќуќэљодкунии ќабоили пешќадами онро дар сарзамини таърихии аљдодї[2] ва кунунии хеш бар дўш кашидаанд. Њаќ ба љониби Роњбари Давлат аст, ки иброз намуданд: «Фаромўш набояд кард, ки тољикон таърихи исботшудаи беш аз панљњазорсола дошта, њанўз пеш аз зуњури ислом соњиби фарњанги асил ва анъанањои ќадимаи давлатдорї будаанд».[3]
Замонњо тоифаи тољикии мардуми ориёї дар сарманшаи инќилобњои фикрї ва аќлии тамаддуни ориёї ќарор гирифта, бунёдгузори маданияти воло, давлатњои абарќудрат, њуќуќи адлпарвару ахлоќи њамида ва фалсафаи инсонпарасту илми хизматгузори инсонњо буд. Таљрибаи пешќадами идоракунию њуќуќэљодкунї, њамзамон бо нерўи зењнии он обрезандаи осиёби инкишофи тамаддуни пешќадами дунёи ќадим гардида, дар муќобили тамаддунњои ќадимаи шумерию аккадї, мисрию бобулї, хитоию њиндї, яњудию эллинї ва ѓайра гуногунї ва мухталифии роњњои инкишофи љомеаи инсониро собит намуда, хотирањои олии њуќуќї ва таљрибаи бемислу монанди давлату идоракунии давлатиро рўи кор овардаанд, ки аксаран ѓояњо ва усулњои аќлии он пас аз пардаи њазорсолањои таърихї низ дар њолатњои душвор чун њидоятгари роњи росту муфид ва тарѓибгари мењру адолат барои имрўзиёну фардоиён ќодиранд, хизмат намоянд. Ва љои тааљљуб нест, ки онњо, яъне мазмуну мундариљот ва принсипњои олии ин дастовардњо бо њар роњу восита то ба низоми њуќуќии давлатњои имрўз роњ ёфта, ба мардуми пешќадами дунё хизмат намуда истодаанд.
Эътирофи масъулияти ќудрат дар назди халќ ва таљрибаи ќабули мардум ва донишмандон аз љониби шоњ Љамшедшоњ дар њазораи 3-2 ќабл аз милод[4]; нахустин эътироф ва эъломи њуќуќи инсон ба озодии њаракат, ба озодии виљдон, ба интихоби озоди маскан аз Эъломияи Куруши Кабири соли 539 ќабл аз милод[5]; истифодаи таљрибаи танзими муносибати баробарњуќуќи мард ва зан дар асоси шартномаи никоњи тољикон (намуна шартномаи Дугдонча ва Уттегин соли 710 дар Суѓд)[6] ва ѓ., ки њоло низ љой ва мавќеи сазоворро дар санадњои њуќуќии байналмилалї ва ќонунгузории давлатњои мутамаддин ишѓол намудаанд, шањодати гуфтањои болост.
Кодификатсияи ќонунгузории Куруши Кабир соли 539 ќабл аз милод, ки дар омезишу гуфтугўи њуќуќии тамаддунњои ќадима нахустин кўшиши меросияти аќлонии инкишофи њуќуќи љањони куњан ба шумор мерафт, танњо пас аз њазор сол роњ ба тамаддуни Ѓарбї ёфта, дар шакли кодификатсияи Юстиниан соли 539 милодї рўи кор омад. Њатто ќисмати дигари он: эътирофи њуќуќи кўдаки тавлиднашуда чун субъекти мустаќил, эътирофи расмии нахустин шартномањои гражданї ва мутобиќ омадани ният ва маќсади шартнома ба шакли он аз Авасто; њимояи тозагии об, муњити зист ва њуќуќи њайвонот аз Вандидод (ќисмати Авасто)[7]; таљрибаи нахустин академияи тиббии Гундишопур дар љањон ва дањњо дигар дастовардњо ба тамадунњои яњудию њиндї, юнонию римї (эллинистї) ва дигар шоњроњњои инкишофи дунёи ќадим роњ ёфта[8], њангоми бархўрии аќлонии тамаддунњо, њамагї чун пурракунандаи норасоињои зењнї ба њаёти ќавму ќабоили мухталиф ворид гардида, дар кушодани гирењњои њуќуќї ва пешбурди кори кишвардорию њуќуќэљодкунии миллатњои мухталиф хизмати босазо намуда истодаанд.
Хотирањои њуќуќии урфию анъанавї, зардуштию буддої, исломї ва шўравї њар як ѓизои маънавї ва иљтимоии хосаи њаётиро ба аљдоди ин миллат дар масири таърих пешнињод намудааст. Дар ин пањно бузургони созанда ва эљодгари мо наќши боризе дар шаклгирии низом ва оилањои њуќуќии мазкур дар масири таърих гузошта, дар оламгирию нуфузи онњо њамчун фарзандони содиќу вафодор хизматњо кардаанд. Имрўз бо мурури замон фалсафаи њуќуќи зардуштию буддої ва исломиро бидуни наќши тољикон тасаввур кардан номумкин аст. Агар фарзандони ин халќи бузург намебуданд, ба гумон аст, ки зардуштия ва таълимоти фалсафию њуќуќии он тавлид шуда, дар масири таърих оламгир мешуд. Сарчашмањои олї ва хеле њам њаётии он аз Авасто сар карда, то «Дадистони меноги хирад»,[9] «Мотикони њазордастон», «Андарзњои Анўшервон», «Шояст ва нашояст» ва «Хвешкори редагон»[10] њама ќисмате аз дастоварду зањмати аќлонии фарзандони равшанфикри ин халќ дар ибтидои тамаддуни инсонї мањсуб мешуданд.
Ин миллати реша ба таърихи бостонидошта аз ибтидои тамаддуни инсонї, он замоне, ки аксари халќу миллатњои оламгири ин замона њаёти бешагию бо барги дарахтон пўшидани шармгоњи худро акнун ёд гирифта истода буданд, ба ављи олии инкишофи давлатдорї, њуќуќэљодкунї расида, эътирофи њаќќи њаёти кўдакро аз батни модар оѓоз намуда, тарбияи њуќуќии тифлро аз лањзаи роњравї ва сухангўї оѓоз кард. Сарчашмањои њуќуќии Авасто, «Шояст ва нашояст» ва «Хвешкори редагон» дар ањди тамаддуни њуќуќии зардуштия њуќуќ ба њаёти кўдаки дар батни модар бударо њифз карда, тарбияи маънавї ва њуќуќии ўро аз лањзаи хурдсолї масъалагузорї намуда буд. Андешаи нек доштан нисбат ба њама ва њодисоти олам, сухани нек гуфтан нисбат ба њама ва амали нек кардан дар муносибат ба њама аз расмиёти њатмии фарзандони аввалияи ин халќ буда, таълими ростгўї, аспсаворї, камонзанї ва њимояи марзу буми ватан аз таълимоти њатмии љавонони даврони бостонии ин миллат будааст. Њанўз миёнаи њазораи яки ќабл аз милод модарону устодон фарзандони ин халќро одоби ба мактаб рафтан ва аз дарс омадан, тартиби мењнат карданро таълим медоданд.
Даврони тамаддуни њуќуќии исломї дар зиндагии тољик як сафњаи хеле хотирмон, рангин ва пурѓановат аст. Фалсафаи одамгароии исломї, њаќшиносии воло, усулњои кашфи дод ва адл дар љомеаи инсонї ва тарбияти неки инсонї, ки аз љавњари сарчашмањои исломї - Ќуръон, њадис, иљмоъ ва иљтињод мабдаъ мегирифт, ба равшанфикрони мо имкони мусоиди такмили андешаи илмї ва динї фароњам овард. Бо вуљуди њама нобасомонию гирењњои таърихї тољикон тавонистанд њамчун созанда, эљодгар ва муаллифони комили назария ва ѓояњои консептуалию наљотбахши исломї вориди тамаддуни исломї гарданд. Онњо на танњо барои мардуми хеш, инчунин барои кулли мусулмонони љањон ва мардуми араб – соњибони аслии дин хизматњои хеле арзанда ва наљотбахш намуданд.
Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дуруст таъкид намуданд, ки «Мояи ифтихор аст, ки миллати куњанбунёди тољик дар баробари дигар халќњои мусулмон дар рушди фарњанг ва тамаддуни исломї сањми арзанда ва барљаста гузоштааст».[11] Дар воќеъ ислом бо њама бузургию оламгириаш назди фарзандони барўманди миллати тољик - Салмони Форс, Имоми Аъзам, Имом Бухорї, Муслими Нишопурї, Хоља Абдуллоњи Ансорї, Муњаммади Ѓаззолї, Абўалї ибни Сино, Абўрайњони Берунї, Мавлонои Балхї, Абўмансури Мотуридї, Муњаммади Шайбонї, Абўбакри Самарќандї, Љоруллоњи Замахшарї, Абўюсуфи Самарќандї, Бурњониддини Марѓелонї ва садњо дигарон масъулиятњо дорад. Дар бораи наќши љањонгирии ислом њарф зада, нодида гирифтани наќши Имоми Аъзам дар ривољи таълимоти мазкур ба кишварњои ѓайриарабї изњори назар намудан беадолатист.
Вале ин њама бузургию матонат дар роњи эљоди њуќуќи адолатнок, аќидањои олии инсонгароёна бо тамоми дастовардњои бузурги тамаддуни исломї натавонистанд бори маданияти давлатдории тољиконро дар тамоми ќарнњои њазораи ду ба манфиати халќ ва миллати тољикон њифз намоянд. Мутаассифона, халќият ва миллате, ки чунин таљрибаи бойи таърихии њуќуќэљодкунї ва идораи давлатиро дошта, ба оламиён чандин нобиѓањои илму фанро таќдим намудааст, бо амри таќдир ва таърихи талх садсолањо аз сари ќудрати сиёсї дур гардида, сарзаминњои аљдодии худро аз даст додааст…
Ба ќавли шоир ва бањри маърифати ирфонї Абдулќодири Бедил:
Дил ба андози ѓубори нола аз худ рафтааст,
Решаи мо њар ќадар бар хеш болад, дона нест.[12]
Чаро? Сари ин муаммо бояд њама зиёиёни мўњтарам, ки миссияи таърихиашон наљот додан, мушкилињоро осон намудан аст, якљо фикр намоянд. Андеша намоем, ки чаро ќавмияте бо чунин дастовардњои беназири илмї аз ўњдаи соњибихтиёрии кишвар ва мулки хеш набаромад? Ё чаро миллати решабатаърих ва куњан, ки ба љањониён мактабу маориф, илму ахлоќ додааст, бузургии худро њамчун давлати анъанавї дар масири таърих њифз накард?!
б) манфиатњои умумимиллї ва арзишњои таърихї
Вале имрўз, ки бо амри таќдир ва шарофати таърих мо соњиби давлати мустаќил шудем, дорои пешвои миллї гашта давлат ва миллатамонро ба љањониён муаррифї кардем, вале њанўз њам каљравињо дар њаёт ва љањонбинии илмии мо шиддат шиддат дорад. Андеша, фикрњо ва назарњо озод шуда, мавќеъ ва маќоми худро дар майдонњои илмию њавзањои маърифатї љустуљў доранд. Гурўње аз ин њолат сўистифода намуда, ќудрат ва њокимияти давлатиро мехоњанд ба ин мубоњисањо ва муноќишањо кашанд, ин раванд њам аз хориљ ва њам аз дохил эњсос мешавад. Чї бояд кард? Дурусттарин њидоят ва бењтарин насињатро дар ин љода Роњбари давлат ба ањли уламо карданд, ки он аз таърихи талхи халќи тољик сабаќбардорї шудааст:
«…Њуќуќу озодињо касеро аз масъулият дар назди ќонун ва неъмати истиќлолияти давлатї, таърихи миллат ва дигар манфиатњои миллат ва давлати Тољикистон озод намесозад.
Њама гуна њуќуќ ва њама гуна озодињо аз чањорчўби муќаддасоти миллї, ки Конститутсия ва санадњои њуќуќии байналмилалї эътироф кардаанд, берун баромада наметавонад»[13].
Имрўз мо бештар ба ифтихор аз таърих такя намуда, аз сабаќомўзию меросбарии он ољиз мондаем. Миллат ва давлате, ки ояндаро дидан мехоњад, аз таърих сабаќ бардошта, мероси таърихиро зинда нигоњ бояд дорад. Дар интихоби арзиш ва меросияти таърихї бояд манфиати миллат, давлат ва наслњои ояндаро мадди назар гирад. Тањлили њодисањои таърихии халќњо бо дигар нукоти раванди сиёсї ва инкишофи афкору интихоби арзишњои њуќуќї равшан менамояд, ки дар масири таърих ва фазои њуќуќии олам гарчанде арзиши ватандўстї, миллатгарої ва хештанпарастї табиатан дар муќобили одамгарої, инсондўстї, баробарию озодї мањдуд њам бошад, наќши он дар бунёду асолати давлати соњибихтиёр, ояндаи фарзандони миллат ва дурнамои халќ аз њар љињат ќимматтар ва бузургтар аст.
Љои он, ки имрўз фахр аз бузургону мутафаккирони гузашта намоем, бояд диќќат дод, ки чї тавр онњо он замон ба ин мартаба расидаанд, кадом омилњоро истифода намуданд ва аз кадомаш рўй гардонданд, бо арзишњои муќобил чї тавр истодагарї кардаанд ва дар асоси он имрўз мо чї тавр бояд бузургону абадќудратонро дар њаёт ташаккул дињем, онњоро ќадр намоем.
Бояд аз ёд набаровард, ки мерос, одатан ба меросхўре поянда мегузарад, ки агар ў сифати меросдињандаро дошта бошад. Сифатњое, ки онњоро љањонї кардааст, ин илму донишро гиромї доштан, адлу инсофро чун ќонуни зиндагї парастидан ва таъмин намудан, мавќеи аќлу хирадро дар майдони муносибатњои иљтимої шинохтан, ќадршиносї аз бузургон кардан, тарбияи фарзандонро аз 5 сола то 20 сола дуруст ба роњ мондан, ватанро дўст доштан, ќонун ва амри давлатро риоят кардан, роњбарро эњтиром гузоштан, ба ќадри дўстон расидан, хидмати падару модарро ба љо овардан, ятимону барљомондагонро дастгирї кардан, таърихро гиромї доштан ва сиёсати некў њасана бо мардуми олам намудан будааст. Агар хоњем, ки меросбари аслии ин тамаддунњои оламгир шавем, пас бояд дар нињоди худ, дар замири миллат ва фарзандонамон ин сифатњоро тавлид ва тарбия созем. Зеро таърихи халќ ва тамаддунњо низ мисли њамон меросдињандааст, ки дар меросхўрон сифати худро, маърифати худро бо ояндабинию устуворї љустуљў менамояд, меросро ба касе медињанд, ки нерўи бардоштан, њифз кардан, рушд ва амонати онро дошта бошад. Дар акси њол фарзандони тамаддуни оламгир бо мурури замон на танњо аз пешдастии замона, балки аз мероси таърихии худ мањрум мегарданд.
Маликушшуаро устод Рўдакї дуруст фармудаанд:
Оњ дареѓо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд, не.
Гарчї адаб дораду дониш падар,
Њосили мерос ба фарзанд не.
2) Сирояти усули омўзиши мўњташамии таърихї
Бузургон ва нухбагони илму адаби мо ба мо зиёд васиятњо кардаанд, ки дар чунин шароити ноорому љањонгирии ѓаразњо чи гуна бошему ба кї пайравї намоем. Мушкилии ибтидоии мо он аст, ки аз ин мероси гаронбањо мо ва мардуми мо ѓизои дурусти маънавї бардошта наметавонем. Чаро? Аввал ин, ки мо дар шинохти таърих бештар гирифтори усули мўњташамии тањлили њодисоти таърихї гашта, муњаќќиќони расмию ѓайрирасмии мо масти дастовардњои таърихї шуда, дар пањнои илм ва дин кўшиши гузаштаро дар хизмати муосир ќарор додан менамоянд.
Ин раванд дар нињояти кор ба ќавли Ф. Нитсше «таърихро ба ќабристони имрўзиён табдил медињад»[14]. Бузургони илм дуруст таъкид намудаанд, ки муаррифии мўњташами таърихи гузашта бо истифодаи ќиёс, агар аз як љониб љасуронро бо муаррифии њодисоти параллелњои таърихї ва ќањрамонињо ба фидокорию ќањрамонии бесарњад њидоят намояд, аз љониби дигар рўњбаландї, илњом ва завќро ба таассуб табдил медињад. Ба ќавли Нитсше «агар чунин таърих ба сари худпарасту худбинони боистеъдод ва бадкорони хаёлпараст ворид шавад, бенизомї, љангњо, инќилобњо сар зада, «самараи таърихї дар худ» - «натиљањои бесабаб»-ро дар њаёти воќеї зиёда мегардонад».[15]
Мо эътироф менамоем, ки аломатњои таърихї ва ѓайритаърихї якзайл ба сињатии инсони људогона, халќ ва фарњанг (Нитсше Ф.) шарт ва зарур аст.[16] Вале бартарї ва афзалияти яктарафа дар шинохти арзишњои таърихї ва ѓайритаърихї барои њар организми зинда фалокатбор аст.
Дуюм ин, ки мо аз усули тањлили танќидии таърих ва арзишмандии сабаќњои он ба маврид истифода намоем. Тавонем, ки таърихи халќро ба њукми додгоњи аќл зери манфиатњои миллат ва давлати муосир кашем, камбуду норасоињо ва омилњои зояндаи ўро тањлил намуда, ошкор созем, то ин ки дар оянда дар гардишњои таърихї ба иштибоњ роњ надињем. Нодурустии муносибат ба таърих ва нобаробарии истифодаи усулњои омўзиши гузашта дар соњањои мухталиф моро ба мушкилињо рў ба рў кардааст.
Сирояти усули мўњташамии таърихї ба мафкураи зиёии муосир ба он дараља зиёда гардида, олимони мўњтараме, ки ба таърихи соњањои илм назар менамоянд, дар саргумї буда, љои бардошт ва эњёи нуктањои созандаи арзишњои таърихї- илмї, ѓоя ва усулњоеро њамчун хулосаи корњои илмї ба маърази хонанда пешнињод менамоянд, ки аз истифодаи он на танњо љомеаи муосир фоида ба даст намеорад, инчунин асосњои низоми устувори ахлоќї, њуќуќї ва идории кишварро латма мезананд. Онњо ба ќавли худашон «аз таърих шўъла мегиранд, на хокистар». Аммо дар асл ин њикматро айнан ќабул кардаанд, ки оташи овардаашон ба сўхтани низому тартибот њидоят дорад. Њол он, ки њикмати «гирифтани оташ аз таърих на хокистар» ба маънии њаёт, пешравї, гармї, асосњои рушддињанда ва нуру рўшної аст, на чизи дигар.
Иддае аз муњаќќиќон сарамасти дастовардњои таърихї гардида, воќеияти имрўзро аз ёдашон мебароранд. Онњо мантиќи одии зиндагї, ки таърих такрор намеёбад, ва он аз њодиса ва унсурњои такрорёбанда иборат астро фаромўш карда дар њалли баъзе мушкилу норасоињои њаётї даст ба домони усулу воситањои таърихї заданї мешаванд. Албатта, аз таърих сабаќ бардоштан, арзишњои волои бидуни сарњади онро эњё кардан ва расму оини фарњангии онро эњтиром гузошта њифз кардан яке аз манбаъњои рушди њастии халќу давлатњост. Вале дар ин роњ зиёдаравї намудан, пањнои зиндагии имрўзи халќњо, воќеият, манфиатњои давлату миллат ва шоњроњи зиндагии мардумро, ки Конститутсия муайян кардааст, нодида гирифта ба таќлид аз мўњташамии таърихї ба ислоњи зиндагї даст задан, ба талаботи нав ва рушди љомеа мафкураи таърихиро ба љанг ва муноќиша кашидан аст. Ин хатари љиддї аст, ки зарари он аз њар бетартибии дигари иљтимої барои миллати соњидавлат вазнинтар аст.
Њамин тавр, иддае аз муаррифкунандагони мероси фарњангии мо бештар ба нуктањое такя менамоянд, ки онњо на ба сохтану бунёд кардану васл намуданњо, балки ба сўхтану вайрон кардану фасл карданњо хидоят доранд. Онњо њикмати Мавлоноро «Мо барои васл кардан омадем, На барои фасл кардан омадем»-ро њанўз дар худ њазм нанамуда, васияти Устод Рўдакиро љиддї ќабул накардаанд:
Дониш андар дил чароѓи равшан аст,
В-аз њама бад бар тани ту љавшан аст.
3) «Миллият ва диният» мероси талхи таърихї ва ё сирояти бемории муосир ба тафаккури зиёї
Яке аз мушкилињои фазои маънавиёти имрўзи кишвар, ки ба раванди тањкиќотњои илми таърихї-њуќуќї таъсири ќавї дорад ин таносуб ва ё афзалияти мансубияти миллї ва динї дар тафаккури зиёии муосир аст. Андеша ва ѓояи миллият ва диният, ки бо хазинаи ѓании арзишњои миллї ва динии худ тимсоли ду љањонбинии комил дар масири таърих наќши муассирро дар шаклгирии навъњои давлату њуќуќ доро буд, дар замони истиќлолият дар заминаи демократия ва озодињо зери таъсири омилњои мухталифи дохилию хориљї рангин ва эњсосотї гашт. Усулан ду арзиши номбаршуда зуњуроти мусбати давронњои мухталифи таърихист, ки њамчун хотираи неки таърих дар замони муосир дар бањодињии зиёд аз масъалањои иљтимої ва њуќуќї дар ќиболи якдигар истодаанд. Зеро миллат ва дин худ аз шаклњои шуур ва њастии љамъиятанд, ки дар даврони мухталиф ба мазмунии комилашон пайдо шудаанд. Аз ин хотир, дар њолати муќобил омадани вазифањои танзимии ин падидањо мутахассисон бештар ба усули инкор ва афзалият рў меоранд, ки на њамеша натиља медињад.
Ин љо ба ду масъала диќќати љиддї додан шарт ва зарур аст. Аввал ин, ки мо дар масъалаи диндорї ва имондориамон дар фазои имрўзи Тољикистони мустаќил мушкилї надорем. Замоне дини ислом ба воситаи муборизањо ва муноќишањо табдил дода шуд, мардум эътиќод ва имони худро озод амалї карда наметавонист. Муњимтарин рукни имондорї - калимаи шањодатро озод садо дода наметавонист. Дини худро ифшо кардан хатар дошт. Гузашт он рўзњо. Имрўз давлат њама шароитњоро пешнињод кардааст. Конститутсияи давлати демократии Тољикистон озодии виљдон ва эътиќодро эълон ва кафолат додааст. Озодии эътиќод, пайравї аз маросимњои динї, мављудияти беш аз 4000 масљид, донишкадаи исломї, гимназияи исломї ва амсоли инњо њама аз истиќлолияти давлати миллї ва мављудияти унсурњои миллати соњибдин аст.
Дар њаќиќат, љанбањои худшиносии миллї ва манфиатњои миллї мањз пойгоње шудаанд, ки дар он озодињои динї, урфу одатњои динию миллї ва дигар арзишњои миллат, ки дар созиши байни манфиатњои халќу дин дар масири таърих рушд кардаанд, эњё ва њифз карда мешаванд. Аз ин хотир, эътирофи афзалияти арзишњои миллї вобаста ба зарурат ва шароити таърихї, амри зарурї аст. Зеро мањз афзалияти миллї арзишњои диниро њамчун љузъи фарњанги миллї њифз ва кафолат медињад. Аммо афзалияти арзишњои динї бо космополитизми эътиќодї ва инсонии худ он тавре, ки дирўз ва имрўз собит кардааст, тањдиди мањв намудани унсурњои миллиро дорад. Мањв намудани унсур ва арзишњои миллї барои миллати љавони соњибихтиёр, ин мањв намудани пояњои давлатдорї ва эътиќодии ўст, ин мањв ва инкор намудани мазњаб ва тањаммули арзишњои динист.
Дуюм он, ки масъалаи ба њам кашидани мухолифати арзишњои миллї ва динї масъалаи нав нест. Ин масъала аз нигоњи шартї кўњна буда, њанўз аз даврони берун шудани дини мубини ислом аз нимљазираи араб ва бархўрди он бо халќу миллатњо ва тамаддунњои гуногуни урфу одат ва забону фарњанги мухталифдошта дар шаклњои омехта рў зада буд. Дар асл ин масъала дар масири таърих дар чањорчўби ахлоќ, маърифат ва фарњанги њамзистї аз љониби бузургони мо, аз Имоми Аъзам ва устод Рўдакї сар карда, то Њусайн Воизи Кошифиву Мавлоно Љомї, баъдан Бедилу Ањмади Дониш њалли худро ёфта буд.
Маќом ва махсусияти истифодаи урф, одат, анъана ва дар маљмўъ менталитети халќи мо тавассути шахсиятњои маъруф ва зиёиёни комил дар масири таърих аз роњи мазњаби аќлонии њанафї дар доираи ќонунияти мутобиќат ба арзишњои исломї вориди љањонбинии исломї гардида, тамаддуни исломї ва фарњанги диндориамонро ѓанї намуда, забон ва адабиёти тољикро оламшумул кард. Њавзаи мовароуннањрии фиќњи њанафї тањаммулноктарин шохаи мазњаби њанафї ба шумор рафта, дар муќоиса бо њавзањои ироќї, њиндї, туркї ва мисрї пешќадам, ислоњотгаро, мутобиќ ба табиати замон рушдкунанда буда, муносибати неку њасанаро бо њама ќудратњои бумию хориљї ва салтанатњои љањонии минтаќа доро буданд. Муњаќќиќони љавони моро зарур аст, ки мањз атрофи њамин масъалањо дар пањнои таърихї тањќиќотњо баранд, исбот созанд, ки арзишњои фарњангї ва динии мо љонибдори сулњу субот ва созандагию њамкорї бо давлат буда, дар њељ сурат љонибдори нотинљї, куштор ва ифротгарої набудаанд. Њар он кас ки ба чунин амалњои зишт даст мезанад, мардум бояд донад ки ў аз мо ва аз мазњаби тањаммулпазири аљдодони мо нест.
Зеро тундравию суннатгароии архаистї, љараёнњои ифротї, мањз њамон нуктаи људогонаи сарчашмањои таърихиро барои собити назари худ бурида гирифтаанд, ки ќаробат бо арзишњо ва сарчашмањои динї доранд. Албатта, бењтарин роњи муборизаи ќонунї бо чунин иллатњои иљтимої татбиќи бемайлони ќонуни давлат аст, ки њамагуна манифатњо назди он ќурбон бояд шаванд. Аммо чун тањдид ба раванди тартиботи иљтимої ва низоми ќонунгузорї бо омезишёбињои таърихї ва мафкураи динї сурат мегирад, дар шароити муосири тантанаи озодињо ва демократия, такя намудан танњо ба ќонун кифоя нест. Аз љониби дигар, мафкура ва менталитети миллї, эњсосоти љамъиятии мо низ ниёз ба асосноккунонии эътиќодиро таќозо дорад. Пас илми муосир низ дар ин самт бояд кор кунад.
Дарёфт ва тањлили нуктањои ахлоќї, фарњангї, њуќуќї ва диние, ки чунин тундравон, ифротиён ва фитнагаронро саркуб карда, барои тинљию амонии мамлакат ва сиёсати созандаи Бунёдгузори давлати миллї мусоидат менамояд, бояд яке аз самтњои тањќиќотњои илмї бошанд. Фарњанги мо, мазњаби мо ва расму оини миллати мо чунин унсурњои мусбат ва сабаќомўзро зиёд дорад. Сабру тањамммул, некию накўкорї, эњтироми низому тартибот, итоат ба љамоат, дастгирии њамдигар ва эњтироми падару модар, хурду бузург, миллатњои дигар ва пайравони динњо аз нуктањои асосии таълимоти мазњаб буд. Мазњаби аљдодї дар муносибати нек бо давлат ќарор дошта, ба њељ сурат ба сиёсат олуда намудани ислом ва эътиќодро намепазируфт. Бузургтарин, некўтарин ва арзишмандтарин нуктаи ин аќида дар масъалаи низоми иљтимої, ки аз Имоми Аъзам, Мотуридии Самарќандї, Имом Насафї, Абуњафси Кабири Бухорї ва Абулњакими Самарќандї то ба мо расидааст, мањз инкори сиёсї намудани дин ва эътиќод аст. Итоат ба низому тартиб, ба Роњбари давлат аз рукнњои муњимми иймондарї дар мазњаби мо шинохта шудааст. Ин нуктањо бояд дар маркази тањќиќотњои илмї ќарор гиранд.
Вале дар интињои даврони шўравї озодињою ошкорбаёнињои горбачевї ва сўистифода аз рўњониён шароит фароњам овард, ки рукнњои сиёсишудаи исломи њанафии ироќї, мисрї ва покистонї бо аќидаи ашъарї вориди кишвари мо гарданд. Ба андешаи инљониб онњоеро, ки мо он замон вањњобї ва њоло салафї мегўем, дар асл аз мазњаб не, балки аз аќида љониби аќидаи бегона гашта, бо чанд далелу омилњо сиёсикунонии исломро пазируфтанд. Аќидаи Ашъарї бо аќидаи Мотуридї дар масъалањои сирф аќидавї умумияти беандоза дорад, вале масъалањои аќидавии тобиши иљтимої дошта, тафовутњо доранд. Мањз њамин нукта ин гурўњњоро ба њам муќобил намуд. Баъдан зери таъсири сиёсишавии ислом ва канорагирии давлат аз ин сиёсишавї ногузир майдони муборизаи арзишњои динї ва миллиро воќеї кард.
Гурўњу назарњо дар ин майдон мухолиф арзёбї шуданд. Якењо љониби созиш ва паритети ин арзишњо, дигарњо афзалияти диниро ба арзишњои миллї ва гурўњи сеюм баръакс бартарияти арзишњои миллиро зарур донистанд. Албатта, њар дидгоњ афзалияту наќси худро дошт. Вале таљриба, воќеият ва пешомади садсолањои наздик ногузирии бартарияти арзишњои миллиро масъалагузорї мекард. Њатто саромадони инќилобњои исломї, ки сараввал бо номи ислом мардумро ба кўчањо рехтанд, пас аз гирифтани ќудрат бо эътирофи афзалияти арзишњои миллї ќоил гашта, дигар аз афзалиятњои диниро ба ќафо гузоштанд. (Ишора ба Оятулло Хумайнї). Ва ё дар худи кишварњои арабї ба осонї пай мебарї, ки чи тавр манфиатњои миллї авлавияти худро тавассути ќонунњои миллї дар сари њар ќадам собит менамоянд. Вале ин њама ба тафаккури аз зиндон озодшуда ва ба пањнои космополитизми динї роњ ёфтаи гурўње хељ асар надошт.
Миллат ва халќе, ки дар мазњаб ва таърихи худ афзалияти манфиатњои миллї ва давлатии худро нисбат ба њамагуна тобишњои динї собит карда буд, хостанд ба табдили арзишњо кашанд. Нашуд… инак бо мурури замон, шукр, ки ин нукта тибќи талаботи ќонун дар мо њалли худро ёфтааст, инчунин аз љониби зиёде аз донишмандон ва зиёиён масъала њалли дурусти пайдо кард. Донишманди шинохта Абдунабї Сатторзода њаќиќатнигорона менависад: «Дар ин бањс њаќ ба љониби онњое мебошад, ки бартарии худшиносии миллиро бар худшиносии динї мепазиранд. Боиси хурсандист, ки дар Тољикистон мањз њамин гуна фањмиш имтиёз дорад ва он сазовори омўзиш ва тарѓиб мебошад.»[17]
Дар воќеъ чунин дидгоњ аз иродаи халќи Тољикистон, ки дар Конститутсия њамчун роњи идораи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї муайян шудааст, маншаъ мегирад. Зеро афзалияти арзишњои динї ба миллї дар умќи масъала дуршавии мардумро аз роњи интихобкарда, аз манфиатњои миллї ба миён мегузорад. Ин њолат љанбаи бегонапарастї ва таассуби диниро афзун намуда, халќро аз арзишњои мењварї, таърихї ва миллиаш дур сохта, соњибихтиёрї ва њокимияти миллати тањљоиро дар ватани худ зери суол мебарад. Пасманзари ин њолат ба мушкилии дасткашї аз фарњанги ѓанї, таърихи бой, рўњи ќањрамонони миллат аз як љониб, аз љониби дигар ба дуршавї аз таљрибаи бойи пешрафтаи љањонї хоњад бурд.
Аз ин хотир, зиёиёнро зарур аст, ки дар чунин шароит, ки Роњбари давлат бо иродаи халќ роњи таърихии миллатро муайян карда, њифз менамояд, аз њарваќта дида бояд муттањидтар, хирадмандтар ва дастаљамъона пуштибонї аз ин роњи рост намоянд. Моро зарур аст, ки њар нуќта, њар кашиши нољо ва њар монеањои сохтаи бо ном «дўстонамонро», ки дар роњи давлати миллии мо гузоштанї ва ё канданї мешаванд, бо далелу бурњони ќотеъ решакан намуда, ба халќи шарифи Тољикистон фањмонем, ки мањз арзишњои миллиамон моро њамчун миллати дорои давлат, таърих ва фарњанги ѓанї бо эътиќоди ќавї ба љањониён муаррифї кардааст. Мањз арзишњои миллиамон моро дар вањдат, њамдигарфањмї, амну субот ва соњибихтиёрї њифз кардааст.
Гаравидан ба таассуби динї ва ё худро дар оѓўши арзишњои исломї яктарафа партофтан мушкилињои зиёди илмї, мазњабї ва фарњангию сиёсиро тавлид менамояд. Њаќ аст, ки: «…таърихи беш аз чордањасра дар ќаламрави дини ислом гувоњ бар он аст, ки бо ин њама умумият ва куллигарої ин дини муќтадир натавонистааст, ки ихтилофоти мазњабию ќавмии дар миёни пайравонаш бударо рафъ намояд».[18] Биниши мазкур аз назари таљрибаи эмпирикї аст, аз назари мантиќи илмї ва ќонунияти рушди падидањои оламшумул чунин тазод ва ихтилофот амри табиї ва таќдири њастии чунин њодисоти фаромиллї аст. Аз ин назар, њар падидаи хурдтаре, ки худро ба оѓўши чунин њодисаи фароху оламгир мепартояд, сараввал худ ва баъдан таќдиру њастиашро ба боди нестї медињад. Мисли оне, ки як љурми хурди коинот ба љурми бузургтар пайваст мешавад, натиљаи ин пайвастшавї марг ва нестии аввалист.
Агар мехоњем, ки давлате бо номи Тољикистон дошта бошем, миллате бо номи тољик муаррифї шавем, соњибии таърихи бою фарњанги ѓанї ва абармардони халќамонро дар арсаи байналмилалї карда бошем ва барои худ тинљию амонї низому тартибро њифз кардаю барои насли ояндаамон љомеаи обод, рушдкунанда ва саодатманд вогузор намоем, атрофи арзишњои Конститутсияи кишвар муттањид шуда, роњи демократї ва дунявияти давлатро њифз карда, афзалияти арзишњои миллї ва умимидавлатиро аз њама неъматњо таъмин намоем.
[1] Эмомалї Рањмон, Суханронї дар мулоќот бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2015.
[2] Сарзамини таърихии аљдоди муродифи Тољикистони таърихист, яъне минтаќањое, ки аз ќадим мардуми тољикзабон иќомат дошта, давлату давлатдории форсї тољикиро бунёд намудаанд.
[3] Эмомалї Рањмон. Суханронї бо ањли љамоатчигии мамлакат. 4 июли соли 2013. С. 7.
[4] Низам ал-мулк. Сиасет-намэ. Книга о правлении вазира Х1 столетия. Перевод, введение в изучение памятника и примечания профессора Б.Н. Заходера. М-Л.1949. С. 44-45.
[5]Тахиров Ф.Т., Халиков А.Г. Декларация Великого Кира, как исторический источник о правах, свободах человека. // Духовная культура таджиков в истории мировой цивилизации. Сб.ст. – Д., 2002. – С. 113-126.
[6]Согдийский брачный контракт 710 г.См.: Согдийские документы с горы Муг. - Вып.11. -С.23.
[7] Халиков А. Г. Правовая система зороастризма. Душанбе, 2005. 488с.
[8]Мутаассифона на њамеша чунин таъсиррасонии мусбї аз чониби мухаќќикони ѓарбї бањои воќеї мегирад. Вале онњо ногузир сафњањои дурахшон ва нотакрори чунин таъсиррасониро, ки ба тамаддуни баъдии онњо наќши бориз дорад инкор карда наметавонанд. Ниг. А. Дж. Тойнби, Цивилизация перед судом истории. –М., 2003.-С.158-159 ; 274.
[9] Зороастрийские тексты. Суждения Духа Разума. Памятники письменности Востока. СХ1У. М. 1997. С79-121.
[10] Изведать дороги и пути праведных: Пехлевийские назидательные тексты. Введение, транскрипция текстов, пер. коммен., глоссарий О.М.Чунаковой - М.: Наука, 1991.-192с. -(Памятники письменности Востока, ХС1У).
[11] Эмомалї Рањмон. Суханронї бо ањли љамоатчигии малакат. 4 июли соли 2013. С. 7.
[12] Мирзо Абдулкодири Бедил, Девони Мавлоно Бедили Дехлави. Бо ихтимоми Хусайни Охи. Техрон 1371х., С. 366.
[13] Эмомалї Рањмон. Суханронї бо ањли љамоатчигии мамлакат. 4 июли соли 2013. С.11.
[14] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.10.
[15] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.24.
[16] Фридрих Ницше. О пользе и вреде истории для жизни. М.АСТ Минск Харвест. 2008. –С.11.
[17] Сатторзода А. Дар бораи таносуби худшиноси динї ва миллї. Дин ва љомеа. №1. С.21.
[18] Сатторзода А. Дар бораи таносуби худшиноси динї ва миллї. Дин ва љомеа. Душанбе 2015. №1. С.21.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07