Нимаи аввали рўзи 24.06.2015 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар мавзўи «Мавќеи Вањдати миллї дар густариши низоми њуќуќии Љумњурии Тољикистон» бахшида ба 18-умин солгарди таљлили иди Вањдати миллї бо иштироки доираи васеъи омўзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввари љумњуриявї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї доктори илмњои њуќуќ Насурдинов Э.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз љумла иброз намуданд, ки наќши Вањдати миллї дар густариши сулњу суббот ва оромии љомеа, пешбурди њаёти иќтисодї, иљтимої, сиёсї, маънавї ва фарњангии мардуми кишвар, њамзамон дар ташаккули низоми њуќуќии Љумњурии Тољикистон беназир аст. Њамчунин дар кори мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм профессор Сафармамадов С.М. иштирок ва бо паёми табрикї баромад намуданд. Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи мизи мудаввар маърўзањои устодони факултет Идиев Ф.Ф. – дотсенти кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Вањдати миллї њамчун заминаи асосии иљроиши ўњдадорињои байналмилалии Љумњурии Тољикистон»; Соибов З.М. – ассистенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Наќши Вањдати миллї дар инкишофи маќомоти гумрук дар Љумњурии Тољикистон» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Мањмудов И.Т., Азизов У.А., Шарипов Т.Ш., Искандаров З.Њ.. Ѓаюров Ш.К., Фозилов Н.Н., Сафаров А.И., Азимов Н.Б., Бозоров Р., Ќодирќулов Х.¸ Саидов Њ.Х., Саъдизода Љ., Њамдамова Ш.М. баромад намуда, таклифу пешнињодњои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки Вањдати миллї муњимтарин дастоварди даврони соњибихтиёрии Љумњурии Тољикистон ба њисоб рафта, бояд аз љониби тамоми шањрвандони Тољикистон њамчун гавњараки чашм эъмин нигоњ дошта шавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07