Cадорат ва њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон декани факултети њуќуќшиносї, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ Насурдинов Эмом Сайфудиновичро ба ифтихори тасдиќ шудани рисолаи докториаш аз љониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №717/нк аз 01.07.2015с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омўзгориву корњои илмї - тадќиќотиаш комёбињои беназирро ба нафъи пешрафти Тољикистони азиз хоњонанд.
Ёдовар мешавем, ки номбурда 19 сентябри соли 2014 дар Шўрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон рисолаи докториашро дар мавзўи «Формирование правовой культуры в Республики Таджикистан в условиях углубления культурно-цивилизационных различий: проблемы теории и практики» аз рўи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат» њимоя намуда буд.
Декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќ
Насурдинов Эмом Сайфудинович