Имрӯз Президенти кишвар, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Боиси ифтхор аст, ки дар ин миён як зумра устодону дастпарварони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон низ бо ин мукофотњо ќадрдонї карда шуданд. Аз љумла: Саидов Шоњин Нурович – номзади илмњои њуќуќ, дотсенти кафедраи њуќуќи љиноятї, Сардори Раёсати илм ва навоварии Донишгоњи миллии Тољикистон; Мањмадшоев Фарњод Абдурањмонович - номзади илмњои њуќуќшиносї, Сардори шўъбаи муносибатњои байналмилалии Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон; Муродов Ардашер Алишерович – номзади илмњои њуќуќшиносї, Ёрдамчии Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо љоизаи таъсисдодаи Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони љавон дар соњаи илмњои гуманитарї сарфароз гардонида шуданд.
Аз ин рў, садорат, кулли устодону кормандон ва донишљуёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Саидов Шоњин Нурович, Мањмадшоев Фарњод Абдурањмонович, Муродов Ардашер Алишеровичро ба ифтихори мушарраф гардиданашон бо Љоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ самимона табрик намуда, ба онњо саломатию саодатмандї ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию эљодиашон ба нафъи пешрафти њаёти њуќуќии Ватани мањбубамон бурдборињо таманно доранд.