Имрўз дар толори марказии бинои асосии Донишгоњи миллии Тољикистон ба ифтихори оѓози соли тањсили 2015-2016 бо иштироки доираи васеи донишљўён, устодон, кормандони донишгоњ љамъомади тантанавї баргузор гардид. Дар љамъомади мазкур њамзамон намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон, ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иќтисодї Њамрализода Ф.М. иштирок доштанд. Љамъомадро бо сухани ифтитоњи ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академик Имомзода М.С. њусни оѓоз бахшида, њозиринро ба муносибати оѓози соли тањсили 2015-2016 муборакбод намуд. Аз љумла зимни баромади хеш ректори донишгоњ ќайд намуданд, ки Донишгоњи миллии Тољикистон њамчун аз муассисањои бонуфузтарини илмї-таълимии кишвар дар самти омода кардани кадрњои баландихтисос ва љавобгўй ба стандартњои байналмилалї, анљом додани корњои илмиву тањќиќотї бо дарки масъулияти баланд барои пешрафти соњањои алоњидаи халќи мамлакат хизматњои арзандаву шоистаеро анљом дода истодааст. Сипас ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иќтисодї Њамрализода Ф.М. ањли нишастро ба ифтихори оѓози соли тањсил аз номи Њукумати Љумњурии Тољикистон табрик намуда, ба устодону кормандон ва донишљўёни ин муассисаи бонуфузи илмиву таълимии кишвар бурдборињоро таманно намуд. Њамзамон дар кори љамъомади тантанавї намояндагони устодон ва донишљўёни донишгоњ низ бо паёми табрикї баромад намуданд.