Нимаи дуюми рўзи 2-юми сентябри соли љорї дар Донишгоњи миллии Тољикистон љаласаи ѓайринавбатии Шўрои олимони Донишгоњ баргузор гардид. Дар рўзномаи љаласа танњо як масъала - супоридани мукофотњои давлатї ба омўзгорону кормандони Донишгоњ мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар кори љаласаи мазкур ба истиснои аъзоёни Шўрои олимон, њамзамон намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон - ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иљтимої ва робита бо љомеа, доктори илмњои филологї, профессор, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Рањмонзода Абдуљаббор Азиз иштирок доштанд. Љаласаро бо сухани ифтитоњї раиси Шўрои олимон, доктори илмњои филологї, профессор, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Имомзода Муњаммадюсуф Сайдалї њусни оѓоз бахшида, оид ба масъалаи баррасишавандаи љаласаи Шўрои олимон суханро ба намояндаи Президенти Љумњурии Тољикистон Рањмонзода Абдуљаббор Азиз вогузор намуд. Мавсуф нахуст кулли аъзоёни Шўрои олимонро ба муносибати оѓози соли тањсили 2015-2016 самимона шодбош гуфта, ба њозирин дар самти иљрои вазифањои пурмасъулият бурдборињоро таманно намуд. Сипас фармони Президенти Љумњурии Тољикистонро дар хусуси сарфароз гардонидани шањрвандони Љумњурии Тољикистон бо мукофотњои давлатї ќироат намуд. Њамин тариќ, бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон ду тан аз устодони Донишгоњи миллии Тољикистон – Мањмудов Изатулло Тешаевич, мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент ва Расулиён Ќањор Расул, мудири кафедраи таърихи халќи тољики факултети таърих, доктори илмњои таърих, профессор барои хизматњои шоён бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Садорат, њайати омўзгорону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чунин ќадрдониро бори дигар нишони таваљљўњ ва ѓамхорињои пайвастаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба намояндагони ањли илму фарњанг бањогузорї намуда, бо истифода аз фурсати муносиб устодони мўътабарро бо ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотњои давлатї самимона табрику шодбош намуда, ба онњо саломативу саодатмандї, рўзгори ободу пирузї ва хизмати содиќонаро ба халќу давлати Тољикистон орзуманданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07