Нимаи дуюми рўз дар факултети њуќукшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар маркази таълимии масъалањои мубориза бо хариду фурўши инсон вохўрии олими варзидаи рус доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї ва мунитсипалии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов Авакян Сурен Адибекович бо доираи васеи устодон, аспирантон ва муњаќќиќони љавони факултети њуќуќшиносї доир гардид. Њамзамон дар вохурї намояндагони Раёсати ДМТ, садорат ва дигар роњбарони воњидњои сохтории факултет њузур доштанд.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич њусни оѓоз бахшида, ташрифи мењмони гиромиќадрро хайра маќдам гуфт. Номбурда оид ба пањлўњои гуногуни фаъолияти илмї, таълимї ва омўзгории профессор Авакян С.А. иттилоъ дод. Аз љумла таъкид намуд, ки профессор Авакян С.А. аз љумлаи он олимони варзидаи рус аст, ки на танњо дар миќёси Федератсияи Россия, балки берун аз он дар сатњи байналмиллалї обрўву нуфуз ва шўњрату эътибори хоссаеро соњиб аст. Мавсуф иброз доштанд, ки тањти назари ў чанд тан аз олимони тољик рисолањои номзадї дифоъ намудаанд. Бо ќаноатмандї ва изњори хушнудї ќайд намуданд, ки рўзи 08.10.2015 дар Донишгоњи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов рисолаи доктории худро зери роњбарии профессор Авакян С.А. њимоя хоњам кард. Сипас суханро ба мењмон вогузор намуд.
Зимни мулоќот профессор Авакян С. А. доир ба вазъи кунунї ва дурнамои проблемањои илми њуќуќи конститутсионї ва илми њуќуќшиносї дар маљмўъ бо назардошти равандњои љањонишавї маърўза карда мазмуну моњияти онњоро шарњу тавзењ дод. Њамзамон андешаву назари хешро дар иртибот ба низоми таълимии дузинагї (бакалавр, магистр) баён сохта, афзуданд, ки њамеша омодаанд бо марказњои бонуфузи илмї-таълимии Тољикистон, хосатан факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамкорињои муфид ва мутаќобилан судманди дуљонибаро ба роњ монанд. Дар робита ба ин масъала оид ба азму талош ва кўшишњои як зумра олимони љавони факултети њуќуќшиносї (Диноршоев А.М., Гадоев Б.С., Сафаров Д.С., Салоњиддинова С. ва ѓ.) дар мавриди њимояи рисолањои номзадї ва докторї дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоњи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов изњори хушї намуд. Омодагии худро минбаъд низ дар самти дастгирї намудани олимони тољик баён сохт.
Зимнан миёни иштирокчиён ва профессор Авакян С.А. табодули афкори тарафайн сурат гирифт. Њозирин ба суолњои хеш љавобњои мушаххас гирифтанд.
Њамчун рамзи ќадршиносї дар интињои вохурї аз љониби намояндагони садорати факултети њуќуќшиносї ва кафедраи њуќуќи конститутсионї ба олими шинохта Авакян С.А. либоси миллии тољикї-мањсули мењнати њунармандони чиррадаст ва дигар ашёњое, ки фарњанги миллии тољиконро таљассум мекунанд, њамчун тўњфа таќдим карда шуд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07