Хурсандибахш аст, ки дар остонаи таљлили љашни 21-умин солгарди рўзи ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар нашриёти “Юрлитинформ-и шањри Москваи Федератсияи Россия монографияи устоди кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевич бо номи Ёрии байналхалќї-њуќуќї њангоми љамъ намудан ва санљидани далелњо оид ба парвандаи љиноятї (бо маводњои Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россия)”., Москва: Юрлитинформ - 2015. 224с аз чоп баромад. Зимнан бояд ќайд намуд, ки нашри навбатии асари илмии олими тољик дар нашрияњои бонуфузи кишварњои хориљ аз боло рафтани нуфузу эътибори олимону донишмандони Ватани мањбубамон дар арсаи байналмилалї шањодат медињад.
Дар монография аз нигоњи муаллиф љабњањои таърихї, назариявї, ќонунгузорї ва таљрибаи њуќуќтадбиќкунии ёрии байналхалќї-њуќуќї оид ба парвандаи љиноятї, аз он љумла масъалањои рўзмарраи ёрии байналхалќї-њуќуќї њангоми љамъ намудан ва санљидани далелњо оид ба парвандаи љиноятї ва механизми ба даст овардани далел аз њудуди давлатњои хориљї тањлил карда шудаанд. Њамзамон дар монография аз ќонунњои мурофиавии љиноятии давлатњои хориљї, ки љабњањои алоњидаи ёрии байналхалќї-њуќуќї оид ба парвандаи љиноятиро ба танзим медароранд, ба таври фаровон истифода шудаанд. Бо назардошти он, ки аксарияти дархостњо оид ба ёрии байналхалќї-њуќуќї нисбат ба парвандањои љиноятиро Љумњурии Тољикистон ба Федератсияи Россия равон ва иљро менамояд, њангоми омода намудани монография ќонунгузории мурофиаи љиноятии Федератсияи Россия ба таври васеъ истифода гардидааст. Монография дар асоси Низомномаи Суди байналмилалии љиноятї навишта шудааст. Њангоми пеш бурдани тадќиќот санадњои байналмилалии хусусияти тавсиявидошта ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба назари эътибор гирифта шудаанд. Асари мазкур ба олимон, доираи васеи ханандагон, донишљўён, унвонљўён, аспирантон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ барои истифода тавсия мегардад.
Дар робита ба ин масъала, садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон устоди кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, номзади илмњои њуќуќшиносї Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевичро барои аз чоп баромадани монографияи илмиаш тањти унвони “Ёрии байналхалќї-њуќуќї њангоми љамъ намудан ва санљидани далелњо оид ба парвандаи љиноятї (бо маводњои Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россия)”., Москва: Юрлитинформ- 2016. 224с. дар шањри Москваи Федератсияи Россия аз номи њайати омўзгорону донишљўёни факултет самимона табрик ва шодбош гуфта, ба у саломатї, рўзгори пурбаракат ва комёбињои нав ба нави илмию эљодиро таманно доранд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07