Парчами давлат нишон аз Коваи оњангар аст,
Њар аломат, ки дар он бинї, бароям гавњар аст.
Рангњояш бањри миллат рангњои хуррамї,
Ранги сурх ин љонисорї, аз барои кишвар аст,
Дар сафедияш аён аст бахту иќболи сафед,
Тозаю озода ќалбаш њамчу шири модар аст.
Хушрўзї, сарбаландї, сарфарозии диёр,
Ранги сабзаш рамзи ободии ин бањру бар аст.
Тољу њафт ахтар нишони мо зи таърихи куњан,
Байни парчамњои дигар аз њама болотар аст.
Дониёро, ин ливои дур(р)фишонро ќадр кун.
Эњтироми рамзи давлат ифтихор аз кишвар аст.
Дониёр Сангинї