Садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон иттилоъ медињад, ки мувофиќи фармоиши Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 15.12.2015 тањти № 1595/нк ба њайати Шўроњо оид ба њимояи рисолањо барои дарёфти дараљи илмии номзад ва докторони илм, ки дар заминаи муассисањои тањсилоти олии касбї ва илмї фаъолият мекунанд, таѓйиру иловањо ворид карда шуданд.
Аз љумла, мувофиќи фармоиши мазкур ба њайати Шўрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон низ таѓйирот ворид карда шуда, дар асоси он декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Насурдинов Э.С., доктори илмњои њуќуќ, дотсент Неъматов А.Р. ва доктори илмњои њуќуќ, дотсент Султонова Т.И. ба узвияти Шўро дохил карда шуданд.
Дар пайванди ба ин масъала, садорат, њайати профессорону омўзгорон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон хабари ба њайати Шўро пазируфта шудани декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќ, профессор Насурдинов Эмом Сайфудиновичро бо хушї пазирої намуда, ба ў тансињативу сарбаландї, саодату хушрузиро таманно доранд.
Умед дорем, ки ин иќдом аз њар љињат дар самти таќвияти фаъолияти Шўрои диссертатсионї оид ба омода кардани кадрњои баландихтисоси илмї мусоидат хоњад кард.