БАРОМАДИ
раиси Кумита Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалї дар иљлосияи Маљлиси миллї доир ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон “ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛЊУ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
МУЊТАРАМ РАИС, МУЊТАРАМ АЪЗОИ МАЉЛИСИ МИЛЛЇ, ЊОЗИРИНИ ГИРОМЇ!
Ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 9-уми декабри соли 2015 ҳамчун рўзи воқеан фаромўшнопазир ва дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ва мафкуравӣ ворид шуд, чунки дар ин рўз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул кард.
Дар ин қонун сухан аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияте меравад, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рў ба инкишоф расонидани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо аҳён-аҳён рўи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум - иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, рўҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.
Аз ин нуқтаи назар, он ақида, ки дар давраҳои мушкили таърих шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, сарнавишти миллатҳо ва давлатҳоро куллан тағйир медиҳанд, ягон тобиши асотириву метафизикӣ надошта, асоси устувори илмӣ доранд ва бояд махсус таъкид кард, ки чунин равиши андеша ба падидаҳое чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ муносибате надоранд.
Агар мақсади қонун расмияти ҳуқуқӣ бахшидан ба воқеият бошад, пас воқеияти 23 соли охири мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он ҳақиқат аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва ба таври хулоса - пешвои воқеии миллат кайҳо эътироф шудааст ва санади мазкур ҳамин ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рўи сафҳаи қонун дарҷ мекунад. Ба тариқи дигар, агар қонуни мазкурро муҳаббатномаи халқ ба фарзанди сазовори худ биномем, заррае муболиға нахоҳад шуд.
ҲОЗИРИНИ АРҶМАНД!
Мехостам оид ба ҷанбаҳои арзишӣ, иҷтимоиву фарҳангии аҳамияти қабули ин санад чанд сухан бигўям. Падида ё мақоми пешвои миллӣ барои Тоҷикистони муосир нав аст, аммо дар собиқаи таърихии аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд мекунад. Аз назари сиёсату маърифат, зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузаштаҳо, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.
Бинобар ин, аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи рисолати ин шахсиятҳо ҳаргиз сифату арзишҳои демократии давлатҳоро коҳиш намедиҳад, баръакс, боиси иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ мегардад. Ба тариқи хеле сода бигўем, агар табибе маризеро аз марг раҳонад, ўро табиби наҷотбахш меноманд.
МУЊТАРАМ АЪЗОИ МАЉЛИСИ МИЛЛЇ, ҲОЗИРИНИ ГИРОМЇ!
Хосияти дигари муҳими қонун ҳамин аст, ки бояд бунёди мустаҳками маънавӣ дошта бошад, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ - инчунин рўҳияву маънавият ва унсурҳои муҳими равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардумро мадди назар бигирад. Аз ин нуқтаи назар, қонуни мазкур бо табиати маънавии мардум ва арзишҳои гуманистонаи он комилан созгор аст.
Хизматҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин миллату ин сарзамин аз корномаҳои Куруш, ки бори нахуст аз ҳуқуқи инсон сухан гуфт, аз амирони сомонӣ, ки новобаста аз фишори араб истиқлолияти мулкро устувор намуданд, заррае кам нест. Таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир кам намунаҳое медонад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти кишвар ҷони ширини хешро ба гарав ниҳода бошанд.
Сабаби асосии маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза, мардумӣ будани фитрату завқу салиқа ва мардумӣ будани дунёи ботинии ўст. Ў аз миёни халқ рўидааст ва ҳама ниёзҳояш бо ниёзҳои мардум тавъаманд. Ў фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояш ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву гуманитарӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, бунёди давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ - ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.
МУҲТАРАМ РАИС, МУҲТАРАМ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ, ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” , ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст, рузи 15 декабри соли 2015 дар ҷаласаи Кумита мавриди омӯзишу ҷонибдорӣ қарор гирифт.
Қонуни мазкур бо риояи талаботи моддаҳои 6, 27, 31, 58 - и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба пешниҳоду дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бо эътирофи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, мувофиқ ба муқаррароти моддаҳои 1, 19 ва 25-уми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар такя ба таҷрибаи давлатҳои демократӣ,
- бо мақсади таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол, пос доштани анъанаву суннатҳои миллии давлатдорӣ;
- ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаст.
Қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст. Тарзу усули таҳияи қонун, ҷобаҷогузории моддаҳо, мазмуну муҳтаво ва мантиқ, самтҳои объекти танзими ҳуқуқӣ, банду баст ва имлои забон, дар маҷмӯъ - техникаи қонунгузорӣ пурра риоя шудааст.
Дар муқаддима мақсад ва муҳтавои қонун оварда шудааст. Нуқтаи муҳим ва марказии ин ҳадаф - пойдорӣ ва бардавомии давлати соҳибистиқлоли демократии Тоҷикистон аст, ки бо роҳи қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии фарзанди содиқу вафодори халқ ифода ёфтааст.
Моддаҳои қонунро аз назари мазмун ва мўҳтаво ба 4 гурўҳ тасниф кардан мумкин аст:
I. Моддаҳои дорои мазмуни муқаррароти умумӣ: ба ин гурӯҳ моддаҳои 1, 2, 14, 15 ва 16 маҳсуб мегарданд.
Дар моддаи 1 масъалаҳои назариявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мафҳум, аломатҳои сиёсӣ, вазифаҳо ва рисолати таърихии ба анҷом расонидаи ў муайян шудааст.
Дар ин модда Ҷаноби Олӣ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ аз хизматҳои таърихиаш дар назди халқу Ватан ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шинохта шудааст.
Дар қисми 2 моддаи мазкур Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон шинохта шудааст, ки ин яке аз нуктаҳои арзишманди қонун маҳсуб мегардад.
Моддаи 2 ба сифати мавзўи танзими қонун маҷмўи масъалаҳоеро, ки бо қонуни мазкур танзим карда мешаванд, муайян менамояд.
Дар моддаи 14, ки аз ду қисм иборат аст, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муқаррар шудааст.
Моддаи 15 ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва моддаи 16 тартиби мавриди амал қарор додани қонунро муайян намудааст.
II. Моддаҳои муайянкунандаи мақоми ҳуқуқӣ ва рамзҳои маънавию тарбиявии Пешвои миллат: ба ин гурӯҳ моддаҳои 3, 4 ва 11 бахшида шудаанд.
Қисми 1 моддаи 3 муайян менамояд, ки вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:
“- ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимми сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;
- дар Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;
- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.”
Дар моддаи 4 ба хотири арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар назди Ватан, таъсиси орден ва ҷоизаи давлатӣ бо номи Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 11 бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳамчун сарвати миллӣ муқарар гардидааст.
III. Моддаҳои бахшида ба дахлнопазирӣ ва амният.
Моддаҳои 5 ва 8 ба дахлнопазирӣ ва амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бахшида шудаанд. Мавҷудияти чунин меъёрҳо дар ҳама қонунҳои давлатҳои демократӣ нисбати собиқ Роҳбарони давлат-яъне Президентҳо дида мешавад. Пешвои миллат мутобиқи моддаи 5 дар давраи иҷрои ваколатҳои хизматиаш ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
IV. Моддаҳои ташкилӣ ва таъминотии фаъолияти Пешвои миллат
Моддаҳои 6, 7, 9, 12 ва 13 ба корҳои ташкилӣ ва таъмини фаъолияти Пешвои миллат бахшида шудаанд. Дар ин моддаҳо таъмини фаъолияти Пешвои миллат ва таъсиси Дафтардорӣ (моддаи 6), таъминоти алоқа (моддаи 7), вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (моддаи 9), хизматрасониҳои нақлиётӣ (моддаи 10), тиббӣ, табобатию истироҳатӣ (моддаи 12), нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ (моддаи 13) муайян шудаанд.
МУЊТАРАМ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛЇ,
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро ҳамаҷониба ва якдилона ҷонибдорӣ намуда аз Шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси Миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пешниҳоди моро дастгирӣ намоед.
ТАШАККУР!
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07