Санаи 20-уми январи соли 2016 Паёми навбатии Асосгузори сулњу Ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ироа гардид. Паёми имсола ба маќоми олии ќонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тољикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи љањони муосир, густариш пайдо кардани зуњуроти нињоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиќаи бархўрди манофеи абарќудратњо барои аз нав таќсим кардани љањон ва вобаста ба ин, боз њам печидаву муташанниљ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буњрони молиявию иқтисодї дар бисёр кишварњои олам пешнињод гардид.
Рушду инкишофи устувори минбаъдаи иќтисодиёти миллї, густариши њаёти фарњангию њуќуќї, њифзи иљтимоии ањолї, фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, бењтар намудани фазои сармоягузорї ва дастгирии соњибкорон, таълим ва тарбияи толибилмону донишљуён, таќвияти омўзиши забонњои хориљї, густариши фаъолияти маќомоти њифзи њукуќ дар самти муќовимат бо экстремизму терроризм ва коррупсия, тарбияи шањрвандон дар рўњияи муносибати оштинопазир бо терроризму экстремизм, таъмини амният ва њифзи тамомияти арзии мамлакат, вусъат додани робитањои беруна бо шарикони стратегї аз мавзўњои асосии Паёми имсола ба њисоб мерафтанд.
Дар умум мењвари асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти мањбуби кишвар Эмомалї Рањмонро њалли се њадафи асосї: таъмини истиќлолияти энергетикї; таъмини амнияти озуќаворї ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионї ташкил медињад.
Дар партави дастгирињо ва ѓамхорињои њамешагии Њукумати мамлакат ба соњаи маориф таъкид карда шуд, ки шурўъ аз 01 июли соли 2016 музди меҳнати кормандони муассисањои маориф, аз љумла муассисањои тањсилоти томактабї, миёнаи умумї ва олї, дигар муассисањои соњаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишљуён ва дигар намудњои стипендия 30 фоиз, инчунин музди мењнати њадди аќал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонї то ба 400 сомонї баробар мегардад.
Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки омўзиши нуќтањои асосии Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишварро дар љаласаи васеи Шўрои олимон бо иштироки кулли устодону кормандони факултет ба роњ монад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07