Боз Наврўзи аљам бар мулки мо мењмон шудаст,
Шамси оламгири мо сўи Замин хандон шудаст,
Майсаву себаргаю ќоќу ба истиќболи он,
Рўи кўњу дашту сањроро фаро махмал шудаст,
Осмон њам пешвози рўзи нав,
Ашки шодї рехтаву њафтранг шудаст,
Рози шодї мекунад он кабки маст,
Булбул аз хушњолї ромишгар шудаст,
Турнањо парвоз оянд њамчу рамзи рўзи нав,
Дар Замини мо њаёти нав кунун оѓоз шудаст,
Гашта бедор чашмаю рудњо зи нав,
Дилнишин доданд садо: Наврўз шудаст, Наврўз шудаст!
Одамонро ин хабар чун хуш бувад,
Пиру барно хандалаб зебо шудаст,
Чун њама гиранд дар оѓуш якдигар,
Бо муборакбодї хушбахтанд, ки боз Наврўз шудаст,
Аз Њисору Рашту Хатлон,
Њам зи Суѓду аз Бадахшон,
Хушхабар омад, ки боз Наврўз шудаст,
Рўз ба шаб пирўз шудаст, Наврўз шудаст, Наврўз шудаст!
Бењзод Расулов - дотсенти кафедраи
њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии ДМТ