Наврўз ба мо љашни умумибашар аст,
Наврўз баробарии шамсу ќамар аст.
Наврўз сари сол ва оромиши ќалб,
Наврўз зафармандї ба њар кори шар аст.
Доим назаре кунем ба фардои накў,
Бо фахру ѓурур њусн афрозсар аст.
Покизагии ќалб зи рўи амал аст,
Покии амал ба рўзи нав муътабар аст.
Имрўз ба мардумон гўем накў,
Зеро сухи нек бењ аз симу зар аст.
Аз кинаву бухл, Дониёр, дурї љўй!
Дилсофии ту ба тахти Љам болу пар аст.
Дониёр Сангинї