«Интихобот бояд омили муттањидкунандаи халќи Тољикистон, тањкими сулњу субот, вањдати милливу сарљамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрўи давлати мо дар арсаи љањонї гардад». Эмомалї Рањмон
Мардуми шарифи Тољикистонро дар пеш ду маъракаи муњимми сиёсї – интихоботи миёндаврї ба вакилии Маљлиси намояндагон ва раъйпурсии умумихалќї оид ба ворид намудани таѓйироту иловањо ба Конститутсия интизор аст. Ёдовар мешавем, ки санаи 4-уми феврали соли равон Ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ЉТ дар бораи таърихи 10-уми апрели соли 2016 интихоботи миёнадаврии вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ба љойи вакилони хориљшуда дар њавзањои интихоботиии Фирдавсї №1 ва Љаббор Расулов №16 таъйин гардид.
Бинобар ин аз љониби Конференсияи ЊХДТ дар ноњияи Фирдавсии ш. Душанбе номзадии собиќ декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќ, профессор Насриддинзода Э.С. ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ аз њавзаи интихоботии Фирдавсї №1 пешнињод карда шуд. Воќеан, пешноњоди номзадии устод арзанда ва ќобили ситоиш аст.
Насриддинзода Э.С. дар тули фаъолияти роњбариаш дар факултети њуќуќшиносї ба рушду инкишофи илми њуќуќшиносї сањми бориз гузошт. Натиљаи зањматњои шабонарўзии устод буд, ки дар як муддати кутоњ мутахассисони зиёд рисолањои номзадї ва доктории худро дифоъ намуда, ба пиёдасозии сиёсати кадрии пешгирифтаи Њукумати ЉТ заминаи мусоид фароњам овард. Ин њама зањмату талошњо боварию таваљљуњи Роњбари ЊХДТ нисбати устодону омўзгорони соњибтаљриба, донишманд ва унвону дараљањои гуногуни илмидошта боз њам зиёд намуд.
Инак, маъракаи пешазинтихоботии Насриддинзода Э.С. оѓоз гардида, њамарўза, устод бо интихобкунандагони њавзаи мазкур суњбату вохўрињо гузаронида истодааст. Њангоми вохўрї бо интихобкунандагон иштирокчиён љонибдории худро аз номзади ЊХДТ иброз дошта, бо саодатмандї ва дилу нияти пок сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумати ЉТ-ро љонибдорї намуданд. Интихобкунандагон ба номзадии устод боварї ва эътимоди ќавї дошта, умед доранд, ки ў барои боз њам касбї намудани парлумони кишвар мусоидат мекунад. Аз љумла интихобкунандагон иброз доштанд, ки барномаи пешазинтихоботии Насриддинзода Э.С. ба марому маќсади дардилдоштаи онњо мувофиќ буда, аз барономаи ЊХДТ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, муњтарам Эмомалї Рањмон маншаъ мегирад.
Садорат, устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї итминони комил доранд, ки Насриддинзода Э.С. дар интихоботи дарпешистода бо шарафмандї пирўз хоњад шуд. БА ПЕШ, БА СЎИ ХИРАДУ СОЗАНДАГЇ!
Тарљумаи њол
Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин 2 июли соли 1966 дар ноњияи Москва (њоло Мир Сайид Алии Њамадонї) ба дунё омадааст. Тањсилоти миёнаро дар мактаб-интернати шањраки Кангурти ноњияи Совет (њоло Темурмалик) гирифтааст. Ў дар ќатори садњо нафар љавонони мењанпарасту хештаншинос бо кумаку мусоидат, сахтгирию навозишњои омўзгорон ва мураббиёни масъулиятшиноси ин махзани шуњратдори таълимии даврони Шўравї соњиби хату савод ва таълиму тарбияи фарогир гардидааст. Соли 1983 ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон дохил шуда, соли 1990 онро бомуваффаќият хатм кардааст. Ба мисли њазорон љавони љасуру шуљои Ватан солњои 1984-1986 дар сафи Ќуввањои мусаллањи Иттињоди Шўравї хизмати њарбиро адо намудааст. Дар асоси роњхатти комиссияи тањсилоти давлатии мутахассисони љавон њамчун донишљўйи аълохону масъулиятшинос, босаводу хушодоб ва њисси баланди миллидошта ба сифати омўзгори Донишгоњи мазкур тавсия карда шуд. Дар умум то соли 2006 дар вазифањои ассистент, муаллими калон ва мудири кафедраи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї фаъолият кардааст.
Солњои 2000-2003 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон тањсил намуда, баъд аз хатми он то соли 2006 чун унвонљўйи Институти давлат ва њуќуќи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон ба тањќиќ машѓул шудааст. Фаъолияти минбаъдаи корї ва илмию таълимии мавсуф то њол ба факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон иртибот дорад. Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин аз соли 2006 ба ин тараф дар вазифањои муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, муовини декан оид ба корњои тарбия (2007-2009), муовини декан оид ба таълим (2009-2011) ва декани факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон (2011-2016) кор кардааст. Ў соли 2008 дар мавзўи “Проблемањои ташаккули фарњанги њуќуќї дар шароити бунёди давлати демократї дар Тољикистон” рисолаи номзадї ва соли 2014 дар мавзўи “Густариши фарњанги њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон дар шароити амиќ гардидани тафовутњои фарњангї – тамаддунї: масъалањои назариявї ва амалї” рисолаи докторї њимоя намудааст. Доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор.
Дар замони роњбарии ў таѓйироту навгонињо ва ислоњоту тањаввулоти љиддї дар њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултет ба вуќўъ пайвастанд. Аз љумла, дар ин давра аз љониби устодону омўзгорони ин боргоњи маърифат беш аз 2000 кори арзишманди илмию таълимї ва методї таълиф шуда, 44 рисолаи илмї (9 рисолаи докторї ва 35 рисолаи номзадї) њимоя шудаанд. Дар ин миён аз љониби факултети њуќуќшиносї ба дањњо лоињаи ќонунњо, барномањо, консепсияњо ва стратегияњои миллї хулоса ва тавсияњои судманди илмї пешнињод шудаанд.
Номбурда дар доираи гурўњњои корї ба як ќатор кишварњо, аз ќабили Федератсияи Россия, Љумњурии мардумии Чин ва Ќирѓизистон сафари корї анљом додааст. Аъзои комиссияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои шањрвандї ва бахшиши љазо ва Шўрои илмию машваратии назди Суди Олии Љумњурии Тољикистон мебошад. Њамчун олим ба ќалами ў беш аз 100 асари пурарзиши илмию таълимї (аз љумла, 4 рисола (монография), 4 китоби дарсї, 4 воситаи таълимї) мансубанд. Мавзўи асосии тањќиќотии илмии ўро проблемањои таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, боло бурдани фарњанги њуќуќии ањолї, баланд бардоштани њисси ватандўстию патриотизм миёни љавонон, тадбирњои мустањкам намудани муќовимат бар зидди терроризму экстремизм, мубориза бо коррупсия ва такмили низоми таълимоти њуќуќшиносї дар Тољикистон фаро мегиранд.
Барои хизматњои шоён ва намунавиаш дар соњаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёќатманди љавобгўйи бозори мењнат бо медали “Аълочии маорифи Тољикистон”, медали љашнии “90 - солагии адлияи Тољикистон” ва мукофоти давлатии “Ордени Шараф дараљаи II” сарфароз гардидааст.
Оиладор, соњиби ду фарзанд.
Дар асоси ќарори конференсияи Њизби халќии демократии Тољикистон аз ноњияи Фирдавсї номзадии ў ба вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз њавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсї № 1 пешнињод шудааст.
Умед дорем, ки Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин дар сурати сазовор шудан ба бовару эътимоди интихобкунандагони њавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсї № 1 тамоми кўшишу ѓайрат ва нерую матонати хешро бањри тањия ва ќабули ќонунњои ифодакунандаи њуќуќу манфиатњои ќонунии сокинони Ватани мањбубамон, бо дарназардошти манфиатњои миллї ва арљгузорї ба арзишњои истиќлолияти давлатї, равона хоњад кард.
Иззатулло Мањмудов
Љањонгир Саъдизода
Муњаммадљон Соњибов
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07