Cадорат ва њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дотсенти кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї Сафаров Бахтовар Амиралиевичро ба ифтихори тасдиќ шудани рисолаи докториаш аз љониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (фармони №477/нк аз 20.04.2016с.) самимона табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи омўзгориву корњои илмї - тадќиќотиаш комёбињои беназирро ба нафъи пешрафти Тољикистони азиз хоњонанд.
Ёдовар мешавем, ки номбурда 9 октябри соли 2015 дар Шўрои муштараки диссертатсионии 737.004.08 назди Донишгоњи миллии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.М. Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Муассисаи байнидавлатии тањсилоти олии Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон рисолаи докториашро дар мавзўи «История воплощения концепций и международных стандартов в области прав человека в правовую систему Республики Таджикистан» аз рўи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат» њимоя намуда буд.
Сафаров Бахтовар Амиралиевич
доктори илмњои њуќуќшиносї