Тайи солњои истиќлолияти давлатї дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон як анъанаи бисёр нек, дар мавриди таќсими давлатии мутахассисони љавон ба љойи кор роњандозї карда мешавад. Ин иќдом пеш аз њама ба хотири иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавриди таваљўњи бештар зоњир намудан ба масъалаи интихоби мутахассисони љавони дар бозори мењнат раќобатпазир нигаронида шудааст.
Хурсандибахш аст, ки рўзи 22-юми апрели соли равон дар факултети њуќуќшиносии ДМТ таќсимоти навбатии давлатии мутахассисони љавон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони аксарияти маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, низоми судї, прокуратура, муассисањои илмию таълимї ва дигар нињодњои њуќуќмуњофизавї иштирок доштанд. Њамзамон дар кори комиссия муовини авали ректор А.М. Миралиев, Сардори Раёсати таълим Т.Хољаев њузур доштанд.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, барои пазироии даъват ва иштирокашон хайра маќдам гуфт.
Дар натиља аз љониби намояндагони сохторњои масъуле, ки дар кори комиссияи таќсимоти давлатї њузур доштанд, шумораи беш аз 100 нафар хатмкунандагони шўъбаи рўзонаи ихтисосњои гуногуни факултет барои таъмин кардан бо љойи кор интихоб шуданд. Хотирнишон бояд сохт, ки аз ин шумораи донишљўён 46 нафарашон номзад ба димломи «аълочї» мебошанд.
Боварии комил дорем, ки хатмкунандагони интихобшуда дар оянда барои рушду пешрафти соњањои алоњидаи хољагии халќи Ватани азизамон содиќона хизмат хоњанд кард.