20/05/2016
Рўзи 19-уми майи соли 2016 љаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалањои њуќуќї дар штаб-квартираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатњои аъзои ИДМ дар шањри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он як гурўњ вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии Раиси Маљлиси намояндагон Шукурљон Зуњуров иштирок намуданд. Гурўњи кориро дар ин сафар устоди факултети њуќуќшиносии ДМТ Насриддинзода Э.С. њамроњї доштанд. Мувофиќи рўзномаи љаласаи мазкур ёздањ масъала, аз љумла баъзе аз масъалањои хусусияти ташкилидошта мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Яке аз масъалањои асосии љаласа ба интихоби раиси Комиссияи доимї оид ба масъалањои њуќуќии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ нигаронида шуда буд. Њамин тариќ, бо љонибдории кулли аъзои Комиссияи мазкур бори нахуст раиси кумитаи ќонунгузорї ва њуќуќи инсони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии ДМТ Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварњои аъзои ИДМ оид ба масъалањои њуќуќї интихоб гардид. Дар љаласаи мазкур лоињаи ќонунњои моделї «Дар бораи судњои њакамї» ва «Дар бораи тафтиши парлумонї» муњокима гардиданд.
Њамзамон, аъзои Комиссия љараёни пешбурди корро оид ба лоињањои ќонунњои моделї «Дар бораи кадастри давлатии амволи ѓайриманќул», «Дар бораи баќайдгирии давлатии њуќуќ ба амволи ѓайриманќул», «Дар бораи нотариат», «Дар бораи моликияти давлатї», «Дар бораи муассисањои худмухтор»-ро мавриди тањлил ва натиљагирї ќарор доданд. Инчунин иштирокчиёни љаласа натиљаи фаъолияти Комиссияро дар соли 2015 љамъбаст намуданд. Дар назар дошта шудааст, ки санаи 20-уми майи соли 2016 аъзои комиссия дар кори 44-умин љаласаи пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонї давлатњои аъзои ИДМ иштирок намоянд.
Хурсандибахш аст, ки дастоварди навбатии профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, доктори илмњои њуќуќшиносї Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин дар њоле ба вуќўъ пайваст, ки чанде ќабл, санаи 10-уми апрели соли љорї дар интихоботи миёнадаврии вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба љойи вакилони хориљшуда аз њавзаи интихоботии Фирдавсї №1, њамчун намоянда аз Њизби халќии демократии Тољикистон бо гирифтани 83,4 фоизи овози интихобкунандагон вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ва њамзамон рўзи 15-уми апрели соли љорї дар љаласаи навбатии иљлосияи панљуми Маљлиси намояндагон Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсон интихоб гардида буданд.
Бо ќаноатмандї ва изњори хушнудї Шўрои олимон, садорат, њайати профессорону омўзгорон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон - Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба ќонунгузорї ва њуќуќи инсон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуќуќ Насриддинзода Эмомалї Сайфиддинро ба ифтихори интихоб шуданашон ба њайси раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварњои аъзои ИДМ оид ба масъалањои њуќуќї самимона табрик намуда, ба ў дар иљрои ин масъулияти пуршараф бурдборињоро орзуманданд.
Боварии комил дорем, ки интихоби ў ба ин масъулияти баланд ба тањкими њамаљонибаи муносиботи мутаќобилан судманди фаъолияти парламентњои кишварњои аъзои ИДМ, густариши равобити бисёрљониба, ва њамзамон такмили низоми ќонунгузории кишвар бо дарназардошти пазироии арзишњои миллї ва умумибашарї мусоидат хоњад кард.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07