Нимаи аввали рўзи 25.06.2016 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар мавзўи «Наќши Вањдати миллї дар тањкими Истиќлолияти давлатї» бахшида ба 19-умин солгарди таљлили иди Вањдати миллї бо иштироки доираи васеъи омўзгорону аспирантон, олимон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввари љумњуриявї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз љумла иброз намуданд, ки њоло Рўзи Вањдати миллї ба рамзи ягонагии миллати тољик, бањамоии ќишрњои гуногуни љомеа, марњилаи нави эъмори давлати миллии тољикон бо номи Љумњурии Тољикистон, сулњу суббот, оромию осудагї ва ба сањифаи нав дар таърих табдил ёфтааст. Баъд аз имзо расидани Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон асосњои сохтори конститутсионї, вазъи њуќуќ ва озодињои асосии инсон, асосњои конститутсионии ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї такмил ёфта, соњибихтиёрии давлат тањким бахшида шуд.
Пеш аз шуруи маърўзањо декани факултети њуќуќшиносии ДМТ дотсент Рањмон Д.С. иттилоъ доданд, ки се нафар донишљўёни факултет – Зоирова Парвина, Камолова Таманно ва Нурова Нигора дар озмуни байналмилалї оид ба навиштани маќолаи бењтарин дар мавзўи фарњанги њуќуќї сазовори љойњои ифтихорї гардиданд. Ба донишљўёни мазкур диплом ва сертификат таќдим карда шуд.
Њамзамон аз љониби сармуњаррири рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» Љањонгир Саъдизода ба се нафар устодон – ректори ДМТ академик Имомзода М.С., декани факултет дотсент Рањмон Д.С. ва собиќ декани факултет профессор Насриддинзода Э.С. љињати самњ гузоштанашон дар инкишофи озодии сухан ва рушду нумуи рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» сипосномањо эњдо гардид. Ќайд гардид, ки редаксияи «Минбари њуќуќшинос» аз ин ба баъд пайваста дар арафаи љашнњо ва чорабинињои муњими давлатї ба муаллифони бењтарин ва шахсони дигаре, ки вобаста ба пањлуњои мубрами њаёти њуќуќї маќолањо иншо менамоянд, сипоснома ва ќадрдонињои дигар таќдим хоњад кард.
Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи мизи мудаввар маърўзањои устодони факултет Саидов Њ.М. – ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Истифодаи самараноки об њамчун гарави таъмини вањдати миллї дар Љумњурии Тољикистон», Ќодиров Н. – ассистенти кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Наќши вањдати миллї дар тањкими нуфузи байналмилалии Љумњурии Тољикистон» шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар музокира устодони факултет Сангинов Д.Ш., Мањмудов И.Т. ва ѓайра баромад намуда, таклифу пешнињодњои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки тањкими истиќлолияти давлатї аз Вањдати миллї, якдиливу якпорчагии Тољикистон маншаъ гирифта, наќши ин рўйдоди таърихї дар тамоми соњањои њаёти љамъиятии мо муњим ва бузург мебошад. Аз ин рў, тамоми шањрвандони Тољикистон бояд ин неъмати муќаддасро њамчун гавњараки чашм эъмин нигоњ доранд.
- Главная
- Хабарњо
- Мизи мудаввар дар мавзўи «Наќши Вањдати миллї дар тањкими Истиќлолияти давлатї»