Љойи ифтихору сарбаландист, ки дар заминаи роњандозї намудани сиёсати њадафмандонаву бобарор бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон мардуми шарифу сарбаланд ва бунёдкору тамаддунофари тољик дар даврони истиќлолияти давлатї арзишмандтарин ва волотарин неъмат – Вањдати миллиро ба даст овард. Мо аз он хушбахту сарфарозем, ки дар арафаи таљлили ду љашни бузурги давлатї - 19-умин солгарди рўзи Вањдати миллї ва љашни 25-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ќарор дорем. Бо шарофати касби истиќлолияти давлатї, таъмини сулњу њамдигарфањмї, ризоияту Вањдати миллии сартосарї дар кишвар заминањои боэътимоду мусоид барои рушду пешрафти тамоми соњањои хољагии халќ бунёд гузошта шуда, дар самти њифзи манфиатњои миллї ва арзишњои истиќлолияти давлатї корњои назаррасе анљом дода шуданд. Нуфузу эътибори Тољикистони соњибихтиёр дар арсаи байналмилалї бамаротиб боло рафта, дар самти ба амал баровардани сиёсати дохилї ва хориљї имрўзњо њамчун яке аз кишварњои муваффаќ шинохта шудааст. Аз ин рў, њар як фарзанди банангу номуси миллатро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди шањрвандї ва ќарзи имониву инсонї дар самти њифз, нигањдошт, эњтиром, тањким ва арљгузорї ба Сулњу Вањдати миллї пайваста талошу фаъолият дошта бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, садорати факултети њуќуќшиносї њайати омўзгорону кормандон ва донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистонро ба муносибати фарорасии љашни Рўзи Вањдати миллї самимона табрику тањният гуфта, барои онњо саломативу сарбаландї, бахту саодат, ободиву осоиш, хушњоливу хушрўзї, иќболи баланду комёбињоро орзуманданд.
Бо самимият ва эњтироми беандоза,
Садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07