Рўзи 29 августи соли равон Президенти кишвар, Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба истиќболи 25-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Тољикистон гурўњи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардњои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотњои давлатї сарфароз гардонд. Боиси ифтхор аст, ки дар ин миён мудири кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Сафарзода Анвар Ислом бо љоизаи таъсисдодаи Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба номи Исмоили Сомонї барои олимони љавон дар соњаи илмњои гуманитарї сарфароз гардонида шуд.
Аз ин рў, садорат, кулли устодону кормандон ва донишљуёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Сафарзода Анвар Исломро ба ифтихори мушарраф гардиданашон бо Љоизаи ба номи Исмоили Сомонї самимона табрик намуда, ба эшон саломатию саодатмандї ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию эљодиаш ба нафъи пешрафти њаёти њуќуќии Ватани мањбубамон бурдборињо таманно доранд.