Дар арафаи љашни муњими давлатї – Рўзи забони давлатї ду хабари хуш ањли коллективи факултети њуќуќшиносиро хушнуд сохт.
Хушхабари якум ин аст, ки муаллими калони кафедраи њуќуќи љиноятї Мирзоахмедов Фирдавс Ањмадович рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои терроризм мувофиќи ќонунгузории Тољикистон ва ФР: тањлили муќоисавї-њуќуќї», ки санаи 22.09.2016 дар Шўрои диссертатсионии назди Академияи Прокукратураи Генералии Федерастияи Россия ба вуќўъ пайваст, сарбаландона њимоя намуд.
Хушхабари дуюм ин аст: рисолаи номзадии омўзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ Хољаев Шуњратљон Шерафганович дар мавзўи «Законадательная техника в РТ: вопросы теории и практики», ки санаи 10.03.2016 дар Шўрои дифои назди ДМТ њимоя намуда буд, аз љониби Комиссияи олии атестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия таърихи 24.09.2016 тасдиќ гардид.
Садорат, шўрои олимон, устодон ва кормандони факултет муаллими калони кафедраи њуќуќи љиноятї Мирзоахмедов Фирдавс Ањмадович ва омўзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ Хољаев Шуњратљон Шерафгановичро бо ин муваффаќият ва дастоварди бузург самимона табрик намуда, ба эшон дар самти тарбияи олимони љавону умедбахш ва рушди илми њуќуќи кишвар бурдборињо таманно доранд.