Бояд иттилоъ дод, ки давоми чанд соли охир факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба њайси як маркази бонуфузи баргузории њамоишњои илмии сатњи баланд табдил ёфтааст. Хурсандибахш аст, ки зимни баргузории конференсияву мизњои мудаввар, семинарњову дигар чорабинињои илмї муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќии кишвар мавриди баррасї ќарор гирифта, аз натиљаи он таклифу тавсияњо ва пешнињодњои илман асоснок љињати такмили ќонунгузории амалкунандаи кишвар ва бењдошти њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба сохторњои марбута ирсол карда мешавад. Дар њамин росто, баргузории конференсияи имрўзаи илмї-амалї дар заминаи кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии сарватњои табиї дар мавзўи «Њуќуќи кишоварзии Љумњурии Тољикистон: вазъи кунунї, мушкилот ва тамоюли инкишоф» далели равшани ин гуфтањост.
Маврид ба зикр аст, ки конференсияи имрўза дар њошияи дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба таъмини амнияти озуќавории кишвар баргузор шуд.
Конференсияи мазкур бо иштироки доираи васеъи омўзгорон ва кормандони факултети њуќуќшиносї, олимон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории конференсия гузориш дод. Аз љумла иброз намуд, ки гузариш ба иќтисоди бозоргонї, бавуљуд омадани муносибатњои нави хољагидорї, боиси рушди муносибатњои љамъиятї, аз он љумла муносибатњои њуќуќии кишоварзї гардиданд. Аз ин рў, барои расидан ба яке аз њадафњои стратегии Љумњурии Тољикистон таъмини амнияти озуќаворї мањз дар натиљаи самаранок истифода бурдани соњаи кишоварзї ноил шудан мумкин аст.
Сипас, аз рўйи рўзномаи барномаи конференсия маърўзањои устодони факултет Ќ.Б. Ќурбонов – н.и.њ., дотсент, мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии сарватњои табиї дар мавзўи «Барномаи ислоњоти кишоварзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2020 ва наќши он дар рушди ќонунгузории кишоварзии Љумњурии Тољикистон», Х.О. Ойев – н.и.њ., дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Масъалањои мубрами идоракунии фонди заминњои таъиноти кишоварзї», Ф.С. Сулаймонов – н.и.њ., дотсенти кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Шаклњои ташкилї-њуќуќии хољагињои дењќонї (фермерї): мушкилињо ва роњњои њалли он», М.М.Соњибов – ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Баъзе аз пешнињодњо оид ба такмили Ќонуни нави ЉТ «Дар бораи хољагињои дењќонї (фермерї), Љабборї Ромиз – мутахассиси пешбари шўъбаи ќонунгузории кишоварзї, истифодаи сарватњои табиї ва њифзи муњити зисти Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти ЉТ дар мавзўи «Рушди ќонунгузории кишоварзї ва њифзи муњити зист дар даврони истиќлолият», Ф.Ш. Ќудбуддинов – ассистенти кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї дар мавзўи «Баъзе аз проблемањои танзими њуќуќии хољагињои ёрирасони шахсии шањрвандон», Хољамуродов Д.Г. – ассистенти кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносї дар мавзўи «Рушди ќонунгузории бойторї дар замони муосир» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар музокира устодони факултет Мањмудов И.Т., Ѓаюров Ш.К., Сафарзода А.И., Ќурбонов Ќ.Ш., Исоев К.М., Ойев Х.О. баромад намуда, таклифу пешнињодњои судманд пешнињод намуданд.