Рўзи 5-уми ноябри соли равон дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласаи падару модарони донишљўёни курси якуми гурўњњои низоми тањсилоти кредитї ва муносибати байналхалќї (њуќуќ) баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, таъкид намуд, ки дар шароити кунунии рушди давлатдорї бо назардошти омилњои гуногун зарурияти омода намудани њуќуќшиносони насли муосир, ки њаматарафа аз донишњои њуќуќї бархурдор буда, дар рўњияи ватандўстї, хештаншиносї, арљгузорї ба муќаддасоти миллї, пос доштани арзишу суннатњои миллї, њифзи манфиатњои давлат, гиромидошти тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд. Њуќуќшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки љињати таъмини адолат, тањкими ќонуният, тартиботи њуќуќї ва таъмини амният дар кишвар љидду љањд дошта бошанд.
Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон рўзи 1-уми сентябри соли 2016 дар суханронии худ дар Донишгоњи давлатии Данѓара чунин таъкид намуда буданд: «Бо истифода аз њузури донишљўён, яъне љавонон мехоњам хотирнишон намоям, ки мо бо маќсади ба камол расонидани наслњои соњибмаърифату тарбиятдида Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ќабул намудем, инчунин, бо роњи раъйпурсии умумихалќї ба Конститутсия таѓйирот ворид сохта, масъулияти омўзгор, падару модар ва љамъиятро нисбат ба тарбияи фарзанд ва љавобгарии фарзандро доир ба нигоњубини падару модар дар давраи пиронсолї муњим шуморидем».
Аз ин рў, бањри ноил шудан ба њадафњои муайянгардида, омўзгорони факултет кўшиш менамоянд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия як ќатор корњоро анљом дињанд. Волидайни мўњтарам! Мо аз Шумо самимона хоњиш менамоем, ки нисбат ба таќдири фарзандони худ бепарвогї зоњир накарда, оид ба пањлўњои гуногуни таълиму тарбияи фарзандатон ба факултет њозир шавед. Њамзамон дар робита ба ин масъала бо сарпарастони гурўњњои академї ва дигар шахсони масъули садорат дар тамос шавед. Мо њама гуна андешањое, ки дар ростойи баланд бардоштани сатњу сифати таълим ва такмили фаъолияти факултет аз љониби Шумо волидайни муњтарам иброз мегарданд, ќабул хоњем дошт.
Сипас муовини декан оид ба таълим Камолзода Илњом Икром падару модарони донишљўёнро хайрамаќдам гуфт. Мавсуф ба њозирин дар хусуси вазъи кунунии њаёти талимї ва риояи ќоидањои тартиботи дохилї ахбор манзур намуд. Аз љумла, таъкид намуд, ки боло бардоштани сатњу сифати дониши донишљўён ва сифати таълиму тарбия яке аз самтњои афзалиятноки фаъолияти факултет ба њисоб рафта, њайати профессорону омўзгорони ин муассисаи таълимї тамому кушишу фаъолияти хешро бањри ноил гаштан ба ин њадафњои нек равона кардаанд. Њамзамон номбурда волидайнро ба мазмуну моњияти санадњои меъёрии њуќуќї ва санадњои зерќонунии танзимкунандаи пањлуњои гуногуни фаъолияти донишљў шинос намуда, аз онњо даъват ба амал овард, ки дар боби назорати рафтору одоби фарзандонашон бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд.
Инчунин аз љониби муовини декан оид ба тарбия дар низоми тањсилоти кредитї ва муносибати байналхалќї (њуќуќ) Саъдиев И.З. оид ба вазъи иштироки донишљўёни иќтисосњои зикршуда ба дарс, шурўъ аз оѓози моњи сентябр то кунун, натиљањои холгузории рейтинги якум, асосњои њуќуќии ба љавобгарии интизоми кашидани донишљўён бо истифода аз слайдњо маълумоти муфассал пешнињод карда шуд.
Садорати факултети њуќукшиносї њамчунин шароит фароњам овардааст, ки падару модарони донишљўёне, ки дар шањру ноњияњои дурдасттарини кишвар истиќомат менамоянд бо тариќи телефонї ва суроѓаи электронии факултет (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) аз ањволи фарзандони худ бохабар бошанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07