Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллї, Парчами давлатї њамчун рамзи муќаддаси давлат, нишонаи соњибихтиёрии давлату миллати мо мањсуб ёфта, дар мамлакат њар сол санаи 24 ноябр чун Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон таљлил карда мешавад.
Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон рамзи гиромидошти яке аз муќаддасоти миллати соњибмаърифат, нишонаи муборизаву љоннисорињои халќи тољик барои озодиву истиќлолият буда, илњомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиќи миллат ва њидоятгару рањнамои мардуми кишварамон ба сўи сарсабзиву шукуфої ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами миллї ифодагари иќболу истиќлол, иттињоду сарљамъї, нангу номус, ватандустиву ватанпарастї ва њуввияти миллии мардуми куњанбуёду фарњанги мо буда, волотарин маќсаду мароми тољиконро дар љилои рангњои худ инъикос менмояд.
Ба ин маънї, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон барњаќ таъкид намудаанд: «Њар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи љањонї баробар бо парчами халќњои мухталифи дунё дар пештоќи ташкилоту созмонњои бонуфузи љањон парафшонї мекунад ва ба оламиён аз мављудияти миллати соњибтамаддуни тољик ва узви комилњуќуќи љомеаи љањон, яъне Тољикистони соњибистиќлол паём мерасонад».
Аз ин рў, Садорати факултети њуќуќшиносї њайати устодону кормандон ва донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон ва дар симои онњо тамоми шањрвандони ватани мањбубамонро ба љашни Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон бо камоли ифтихору сарфарозї самимона табрик гуфта, барояшон саодатмандию пирўзї, саломативу хушбахтї ва амалишавии њадафњои неку созандаро ба умеди рушди Тољикистони соњибистиќлол орзу менамояд.
Парчами мо
Тољикистони азизам, љашн дорад рўзи Парчам,
Парчаме, ки халќи моро гирди худ бинмуда сарљамъ,
Парчаме, ки аз ниёгони ману ту як нишон аст,
Парчаме, ки аз ману ту ёд бањри ворисон аст.
Ганљ ва њам ранљи ниёгон дар симои он аён аст,
Покии ботини халќам дар сафедияш баён аст,
Мо њаёти хуррами худро абад, бо сабз гуфтем,
Парчами худро ба ин маънї, баланд афрохтем.
Парчами мо њастии моро шуоъ аст,
Тољикистони азизро он шинохти бекалом аст,
Парчами мо ин сутуни вањдати мост,
Ифтихори халќ, рамзи истиќлоли давлати мост.
Гирди парчам мо ватандор, мо бародар, њамдиёрем,
Зери парчам муттањид, сўи умед мо рањсипорем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07