Рўзи 25.11.2016 дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон конференсияи байналмилалии илмї-назариявї дар мавзўи «Масъалањои мубрами ислоњоти ќонунгузории мурофиавї ва фаъолияти њуќуќмуњофизавї» баргузор гардид.
Боиси сарфарозист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориљї, вакилони мардумї, судяњо, прокуророн, муњаќќиќон, аспирантон, мутахассисони варзидаи маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, доирањои академї ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд. Кори конференсия бо оѓозсухани декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ифтитоњ ёфта, сипас дар ќисмати пленарии он суханони ифтитоњии муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадов С.М.; вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї Сафарзода Б.А. ва мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Мањмудов И.Т. шунида шуд.
Зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш декани факултети њуќуќшиносї Рањмон Д.С. њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори конференсияи байналмилалї хайру маќдам гуфта, ба Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї барои мусоидат, дастгирї ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатњи баланд изњори сипос намуд. Њамзамон мавсуф бо ќаноатмандї зикр намуданд, ки давоми солњои истиќлолияти давлатї Донишгоњи миллии Тољикистон ба як маркази асосии баргузории њаммоиш ва чорабинињои илмии сатњи баланд табдил ёфтааст. Баргузории конференсияи имрўза дар мавзўи «Масъалањои мубрами ислоњоти ќонунгузории мурофиавї ва фаъолияти њуќуќмуњофизавї» дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї бори дигар далели равшани ин гуфтањост.
Дар баромади худ муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадов С.М. миннатдорї ва самимияти бепоёни хеш ва Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистонро ба њозиринбарои пазироии даъват ва иштирокашон дар кори конференсия иброз намуда, барояшон тансињатї, рўзгори босаодат, хушњоливу хушрузї ва ба кори конференсия фаъолияти босамар ва бурдбориро таманно намуд.
Сипас кори конференсия аз рўйи барномаи кории тањияшуда оѓоз шуда то соати 16.00 идома ёфт. Тамоми маърўзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифњои судманди хешро оид ба пањлуњои гуногуни мавзўи мавриди назар иброз намоянд. Дар баробари донишмандону олимони ватанї, њамзамон дар конференсия мудири кафедраи мурофиаи љиноятї, адолати судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Головко Леонид Витальевич иштирок ва бо маърузаи илмї баромад намуд.
Дар умум дар конференсия муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќии кишвар, аз ќабили вазъи кунунї ва дурнамои рушди ќонунгузории мурофиавї, њокимияти судї, адолати судї, назорат ва фаъолияти прокурорї, фаъолияти адвокатї, тањќиќ ва тафтиши пешакї, фаъолияти њуќуќмуњофизавї ва мубориза бо љинояткорї мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Зимни маърўзањои хеш баромадкунандагон ќайд намуданд, ки баъди касби истиќлолияти давлатї тамоми заминањои муносиби рушду такмили ќонунгузории мурофиавї ва фаъолияти њуќуќмуњофизавї ба миён омаданд. Аз љумла дар заминаи амалисозии ислоњотњои конститутсионї, њуќуќї ва судї дар Тољикистон заминањои устувори њуќуќї ва ташкилии инкишофи њокимият ва низоми судї, фаъолияти прокурорї ва њуќуќмуњофизавї бунёд гузошта шуданд. Дар заминаи амалишавии барномањои ислоњоти судї-њуќуќї дар Тољикистон тамоми ќонунгузории мурофиавї аз нав тањия ва ќабул карда шуданд. Њамзамон ќонунњои нав оид ба фаъолияти судњо, адвокатура ва фаъолияти адвокатї ќабул гардиданд. Дар натиљаи ислоњоти конститутсионии соли 2016 ба як ќатор ќонунњо таѓйиротњо ворид карда шуданд. Њамаи ин амалњо аз он гувоњи медињанд, ки рушди ќонунгузории мурофиавї ва фаъолияти њуќуќмуњофизавї дар шароити кунунї сатњи навро касб намудаанд.
Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт.
Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори конференсия барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд. Пас аз анљоми кори конференсия зимни ќабули ќатънома ќарор карда шуд, ки таклифу тавсияњо ва пешнињодњои илман асосноку судманд љињати такмили ќонунгузории амалкунанда ба сохторњои дахлдор ирсол карда шавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07