Дар заминаи кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон санаи 9-уми декабри соли равон бахшида ба рўзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи љумњуриявии илмї-назариявї дар мавзўи «Љиноятњо ба муќобили моликият ва муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватанї, вакилони мардумї, судяњо, прокуророн, муњаќќиќон, аспирантон, мутахассисони варзидаи маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд. Кори конференсия бо оѓозсухани декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ифтитоњ ёфта, сипас дар ќисмати пленарии он сухани ифтитоњии вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Маљидзода Љ.З. шунида шуд.
Зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш декани факултети њуќуќшиносї Рањмон Д.С. њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори конференсия хайру маќдам гуфта, ба Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва кафедраи њуќуќи љиноятї барои мусоидат, дастгирї ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатњи баланд изњори сипос намуд. Њамзамон мавсуф зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуњуроти хавфноки љомеа буда, дар миќёси љањонї њамчун љинояти вазнин ва яке аз унсурњои тањдидкунанда ба амнияти миллии як ќатор давлатњо ва халалдоркунандаи рушду суботи иљтимоию иќтисодии онњо эътироф гаштааст. Бо маќсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чорањои зарурї дар сатњи миллї маљмўи санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардида, доктринаи миллии њуќуќї дар ин соња ташаккул дода шуд. Дарёфти роњи пурсамар ва такмилёфта дар самти мубориза ба муќобили коррупсия ва љиноятњо ба муќобили моликият ба болоравии обрў ва нуфузи давлат ва маќомотњои он мусоидат менамояд.
Дар баромади худ Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният Маљидзода Љ.З. миннатдорї ва самимияти бепоёни хешро љињати ташкил ва баргузории чунин як чорабинии муњим иброз намуда, таъкид карданд, ки Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ изњор намуданд, ки коррупсия ба пешрафти иќтисодиёт халал мерасонад, бунёди љомеаи демократиро заиф месозад, ба рушди демократия таъсири манфї мерасонад. Гузашта аз ин коррупсия дар љомеа ба риоя нашудани њуќуќњои конститутсионии шањрвандон замина фароњам меорад ва ба пояи ахлоќ зарба мезанад. Пешгирї ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтњои аввлаиндараљаи сиёсати њуќуќии давлат боќї мемонад.
Мудири кафедраи њуќуќи љиноятї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Сафарзода А.И. баромад намуда, изњори сипоси худро ба њамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори конференсия баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки тадќиќотњои илмї шањодат медињанд, ки коррупсия дар њар давру замон дар кулли давлатњои мављуда дар сатњои мухталиф љой доштааст. Лозим ба ёдоварист коррупсия дар радифи дигар зуњуроти зиддиљамъиятї, њамчун коњишдињандаи рељаи ќонуният, тартиботи њуќуќї, адолат ва боварии мардум ба давлат мегардад. Аз ин рў, дастаљамъона мубориза бурдан бо омилњои коррупсионї ва анљом додани њамагуна чорањои ќонунї бањри пешгирии он метавонад ба рушди босуботи њаёти иќтисодиву иљтимої, сиёсиву фарњангї шароити мусоид фароњам оварад.
Сипас кори конференсия аз рўйи барномаи кории тањияшуда оѓоз шуд. Тамоми маърўзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифњои судманди хешро оид ба пањлуњои гуногуни мавзўи мавриди назар иброз намоянд. Дар ин конференсия донишмандону олимони ватанї иштирок ва бо маърузаи илмї баромад намуданд.
Дар умум дар конференсия муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќии кишвар, аз ќабили вазъи кунунї ва дурнамои рушди ќонунгузории љиноятї дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва љиноятњо ба муќобили моликият мавриди баррасї ќарор дода шуданд.
Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори конференсия барои такмили низоми њуќуќии кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва љиноятњо ба муќобили моликият аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд. Пас аз анљоми кори конференсия зимни ќабули ќатънома ќарор карда шуд, ки таклифу тавсияњо ва пешнињодњои илман асосноку судманд љињати такмили ќонунгузории амалкунанда ба сохторњои дахлдор ирсол карда шавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07