Нимаи аввали рузи 26.12.2016 сол дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон дар партави Паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Љаноби Олї, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба Маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон дар мавзўи «Нақши Паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» бо иштироки доираи васеъи омўзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввари љумҳуриявї баргузор гардид. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳї декани факултети ҳуқуқшиносї номзади илмҳои ҳуқуқшиносї, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкурро фаҳмонда доданд. Аз љумла иброз доштанд, ки Паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон ба Маљлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуљљати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тољикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти иқтисодї, иљтимої, сиёсї, фарҳангї ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад. Ҳамзамон таъкид карданд, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тољикистон дар шароити торафт мураккаб гардинани вазъи сиёсии љаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, коррупсия, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодї дар бисёр мамлакатҳои љаҳон, ављ гирифтани буҳрони экологї ва норасоии оби ошомиданї ба аҳолии аксарияти кишварҳои љахон пешниҳод гардидааст, ки ин таҳқиқу пажуҳиши ҳаматарафаро аз олимон тақозо менамояд. Сипас, аз руи барномаи мизи мудаввар маърузаҳои устодони факултет Афзалов А.Х. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи судї ва назорати прокурорї дар мавзўи «Таќвияти мубориза бо эктремизм, терроризм, коррупсия ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир дар партави Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон»; Соҳибов М.М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданї дар мавзўи «Наќши Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон дар рушди сиёсати њуќуќии кишвар (дар мисоли ќонунгузории замин, кишоварзї ва экологї)» ва Шарифов И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорї ва тиљорат дар мавзуи «Рушди соњибкории хурду миёна ва ќонунгузории андоз дар партави Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти мавзўҳои худро шарҳ дода, таҳқиқу омўзиши минбаъдаи онро дар заминаи Паём асоснок намуданд. Оид ба маърўзаҳои қироатшуда саволу љавобҳо ва музокираҳои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалаи баррасишаванда дар музокира устодон Ғаюров Ш.К., Сотиволдиев Р.Ш., Мирзоев П.З., Азизов У.А., Диноршоҳ А.М., Қурбонов Қ.Б., Сулаймонов Ф.С., Сафарзода А.И. ва дигарон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки иштирокчиёни мизи мудаввар аз фурсати муносиб истифода намуда, оид ба паҳлўҳои мухталифи мавзўҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон дар самти дастгирии љавонон, тавассути қабули барномаҳои мақсадноки давлатї рушд бахшидан ба соҳаи сайёҳии мамлакат, густариш бахшидани шарикии давлат бо бахши хусусї аз љумла соҳибкорї, дар доираи барномаи қабулгардидаи «Стратегияи миллии рушди Тољикистон барои давраи то соли 2030» тақвият бахшидани сармояи инсонї, таҳкими сохтори идоракунии давлат, бартараф кардани норасогї ва баланд бардоштани соҳаҳои илм, маориф, тандурустї ва шуғли аҳолї, таҳкими мустаъқилияти судяҳо ва рушди сиёсати ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон, мубориза бар зидди коррупсия, ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об яке аз масъалаҳои марказии Паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон ба ҳисоб мерафтанд, ки зарурияти анљом додани корҳои арзишманди илмї-тадқиқотиро тақозо менамояд. Бо изҳори хушнудї қайд гардид, ки аз тарафи шарикони байналмилалї пуштибонї ёфтани ташаббуси навбатии Љумҳурии Тољикистон дар бораи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» аз он шаҳодат медиҳад, ки имрўз Љумҳурии Тољикистон дар арсаи байналмилалї ба ҳайси як кишвари ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Дар умум зикр гардид, ки меҳвари асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалї Раҳмонро ҳалли се ҳадафи стратегї: таъмини истиқлолияти энергетикї; таъмини амнияти озуқаворї ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионї ташкил медиҳад. Дар фарљоми кори мизи мудаввар қарор карда шуд, ки тамоми нуқтаҳои Паёми Президенти Љумҳурии Тољикистон ба инобат гирифта шуда, аз љониби омузгорони факултет љиҳати татбиқи бомароми онҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07