Ҳисобот
аз натиљаи ташвиќ ва фањмондадињии нуктањои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар шаҳру ноњияњои љумҳурї
Бо супориши Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон як гурўҳ устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон аз санаи 11 то 18-уми январи соли равон ба шаҳру ноњияњои љумҳурї сафари хизматї намуда, дар љамоатҳои дењот ва корхонаю муассисањои шаҳру ноњия дар чањорчўби барномаи ташвиќу фањмондадињии нуктањои асосии Паём иштирок ва суханронї намуданд.
Дар маъракаи таблиѓотї устодони зерини факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон иштирок доштанд:
Назаров Аваз – мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноњияи Абдурањмони Љомии вилояти Хатлон;
Сангинов Дониёр – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорї ва тиљорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон;
Азизов Убайдулло – мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;
Сафарзода Анвар – мудири кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
Қурбонов Ќурбон – мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;
Диноршоҳ Азиз – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;
Маҳмудов Изатулло – мудири кафедраи ҳуқуқи судї ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд.
Ҳамаи устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар ҳисоботҳои алоҳидаи худ таъкид доштанд, ки роњбарияти шаҳру ноњияҳои љумҳурї бо эњтиром ва самимияти баланд муносибат намуда, тамоми имконият ва шароитро бањри дар фазои мусоид ва мувофиќ баргузор шудани корњои таблиѓотию фањмондадињї фароњам оварданд. Ба роњбарияти шаҳру ноњия китобчањои Нуктањои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон супорида шуданд.
Вохўрињо њар рўз ду се маротиба дар минтаќањои алоњидаи шаҳру ноњияҳо сурат гирифта, иштирокдорон њудудан аз 150 то 400 нафарро ташкил менамуданд.
Њайати кории устодон дар вохўрињо вобаста ба самтњои гуногуни Паём аз қабили иќтисодиёту иљтимоёт, дурнамои тараќќиёти иќтисодии љумњурї дар доираи Стратегияи рушди миллии Љумњурии Тољикистон барои соли 2030, модели нави ташкили иќтисодиёти љумњурї, ба кишвари саноатию аграрї табдил додани Тољикистон, татбиќи инноватсия, такмили сарватњои зењнии шањрвандон, ташкили љойњои кори сермањсул, омўзиши ҳатмии Конститутсия ва Қонунҳои Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимҳо дар Љумҳурии Тољикистон», таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон, иљрои қарорҳои судї, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолї, терроризм ва экстремизм , пос доштан ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кардани озодиву истиқлолият, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди Тољикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди сайёҳию соҳибкорї, баланд бардоштани мавқеи зан дар љомеа, эълон гардидани соли 2017 «Соли љавонон» суханронї намуда, таъкид доштанд, ки бањри амалї намудани нишондодњои он њамагон бояд камари њиммат банданд.
Муњимият ва афзалиятњои иќдоми мантиќии Љумњурии Тољикистон дар сатњи байналмилалї оид ба об шарњ дода шуда, ин ташаббусњо њамчун мояи ифтихору шарафмандии њар як сокини кишвар бањогузорї карда шуд.
Баъди анљоми њар як суханронї фикру андешањои њозирин низ оид ба нуктањои асосии Паём шунида шуд. Таассуроти њозирин аз вохўрињо ва умуман аз Паёми имсола бисёр мусбат буд.
Дар маљмўъ, тибќи мушоњида ва натиљагирии чандрўза маълум гардид, ки тамоми ќишрњои сокинон ба иќдомњои дохилию байналмилалї ва сиёсати Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон њаматарфа арљгузорї намуда, сањми ватандории худро дар ободонии кишвар ба хубї дарк намуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07