Рўзњои 10-11-уми марти соли 2017 бо ташаббусу ибтикороти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон олимпиадаи донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон барои дарёфти «Љоми Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 300 донишљўёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсњои 1-5-ум бо намояндагии 28 муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар аз рўи 12 соњаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иќтисодиёт, технологияњои иттилоотї, забон ва адабиёти тољик, таърих, фалсафа, њуќуќ ва сиёсатшиносї) иштирок намуданд. Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро дар кори олимпиадаи мазкур аз фанни њуќуќ донишҷўи курси 5-уми шўъбаи рўзона Сафаралиев Далер Саидањтамович намояндагї карданд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки номбурда баъд аз љамъбасти даври нињоии олимпиада бо соњиб шудани аксарияти холњои умумии муќарраргардида миёни дигар иштирокчиён ѓолибиятро ба даст оварда, сазовори љойи якум гардиданд. Мо аз он шарафмандем, ки солњои охир донишљуёни факултети њуќуќшиносї бо дарки баланди масъулият дар олимпиадањои љумњуриявї ва байналмилалї фаъолона иштирок намуда, маќомњои ифтихориро барои худ ихтисос медињанд.
Садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон пирўзии навбатиро ба донишљўи курси 5-уми шўъбаи рўзона Сафаралиев Далер Саидањтамович самимона табрику шодбош гуфта, ба ў саломативу сарбаландї, бахту саодат, ободиву осоиш, хушњоливу хушрўзї, иќболи баланду комёбињои нав ба навро таманно менамоянд.