Дар арафаи љашни байналмилалии Наврўз бо ташабусси Созмони љавонони факултет ва як ќатор донишљўёни фаъол санаи 17 марти соли равон дар мавзўи «Наврўзи аљам – љашни љањонї» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳї декани факултети ҳуқуқшиносї номзади илмҳои ҳуқуқшиносї, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкурро фаҳмонда доданд. Аз љумла иброз доштанд, ки Наврўз аз бузургтарин, зеботарин ва муќаддастарин љашни миллии тољикон ба њисоб рафта, аз таърихї ва соњибтамаддун будани миллати куњанбунёду фарњангсолори тољик башорат медињад. Ин љашни бошукўњ мувофиќи таълимоту андешаи соњибназарон таърихи беш аз шашњазорсола дошта, њамчун мероси бою пурѓановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст. Бо шарофати Истиќлолияти давлатї ва соњибихтиёрии миллї маќому манзалати Наврўз њамчун мањбубтарин љашн, оин, анъана ва русуми миллї сатњу сифати навро касб намуда, бо кўшишу зањмат, ибтикороту ташаббусњои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон маќоми байналмилалї пайдо карда, аз љониби Ассамблеяи генералии СММ Наврўз њамчун нишонаи тамаддуни љањонї ва љашни умумимиллї эълон шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат: «Воќеан, љашни Наврўзи байналмилалї яке аз маросимњои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатњои башардўстонааш аз љониби љомеаи љањонї њамчун дастоварди камназири фарњанги умумиинсонї пазируфта шудааст ва бо хусусиятњои писандидааш, ки некиву накукорї, хуррамиву хушњолї, шодмониву нишот ва саодату пирўзиро талќин мекунад, машњури олам гардидааст».
Сипас, маърузаҳои донишљўёни факултет Иззатуллоева Савлатбї, Љурахонов Бањодур, Саъдуллозода Исмоил, Асоев Достон, Мирсаидова Давлатсултон, Холмирзоев Аслиддин, Файзуллоев Њасанљон ва Каримов Юсуфшоњ бо шаш забон (тољикї, русї, англисї, хитої, арабї, олмонї) шунида шуданд.
Дар фарљоми кори мизи мудаввар таъкид карда шуд, ки донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллї, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро дар самти омода намудани њуќуќшиносони сатњи байналмилалї, ки аз забонњои хориљии мухталиф бархурдоранд, самимона дастгирї менамоянд ва бањри амалишавии онњо сайъю талош меварзанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07