Бо ташаббуси садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ њар охири моњ семенари илмии олимони љавони факултет баргузор мегардад. Ин иќдоми пешакардаи садорати факултети њуќуќшиносї судманд буда, барои инкишофи малакаю дониши устодони љавон мусоидат хоњад кард.
Дар ин замина санаи 31-уми марти соли љорї семенари илмии омўзгорони љавони кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї дар дар мавзўи «Мураттабсозии ќонунгузории наќлиётї: мушкилот ва дурнамо» бо иштироки доираи васеи омўзгорони љавони факултет, мудирони кафедрањо ва аспиранти кафедраи њуќуќи љиноятї ва иљрои љазои љиноятии Донишгоњи њуќуќии шањри Саратови Федератсияи Россия Гордеев Н.С. баргузор гардид.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултет, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории семинарии илмии олимони љавон гузориш доданд. Вобаста ба мавзўи баррасишаванда ќайд намуданд, ки соњаи наќлиёт соњаи муњими хољагии халќ буда, рушди он яке аз масъалањои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон дар даврони истиќлолият мебошад. Моњиятан барои инкишофи соњаи наќлиёт мавќеи њуќуќи наќлиёт дар низоми њуќуќ њамчун соњаи комплексї наќши њалкунанда пайдо кард, зеро ин соњаи њуќуќ якбора бо якчанд соњањои њуќуќ алоќамандї дорад ва муњим он аст, ки мазмуни танзими њуќуќї ба моњияти аслии соња мувофиќ мебошад ва барои амалигардонии функсияњои он мусоидат менамояд.
Имрўз дар Љумҳурии Тољикистон афзалияти аввалиндараља ба ташкил намудани сектори наќлиёти раќобаткунанда дода шудааст. Барои ба ин маќсад расидан Њукумати Љумҳурии Тољикистон омўзиши пурраи сохтори њуќуќї ва танзимро мегузаронад ва ба ќонунњо таѓйироти заруриро дохил менамояд. Имрўз вобаста ба либерализатсиякунонии иќтисодиёт ва таѓйиротњои сохтории маљмааи наќлиётї ба рушди бозори озоди хизматрасонии наќлиётї ва њамгироии онњо ба иќтисодиёти тараќќиёбандаи Тољикистон оварда расондааст. Гузаронидани ислоњот дар соња идома дода шуда, фароњамсозии арсаи меъёрию њуќуќии мувофиќ ба раќобати озоди бозори хизматрасонї ногузир тањким меёбад.
Сипас, аз рўйи барномаи семинар маърўзањои устодони љавони кафедраи зикргардида ассистентон Ќудбуддинов Ф.Ш., Ќурбонализода Фурќат, Муминзода О.С., Амренова Шогуна ва аспиранти шўъбаи рўзона Саидмуродова Т.А. шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар саволу љавоб ва музокира профессор Диноршоњ А.М., дотсентон Мањмудов И.Т., Сангинов Д.Ш., Мирзоев П.З., Раљабов М.Н., Ќурбонов Ќ.Б., Ќодирќулов Х.Р., асситентони љавон Соњибов М., Хољамуродов Д., Мирзоев А., Мавлоназаров О., Ѓаниев Љ. Шарифзода С. ширкат варзида, таклифу пешнињодњои судманд ироа намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни семенари илмї андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Аз љумла, аспиранти кафедраи њуќуќи љиноятї ва иљрои љазои љиноятии Донишгоњи њуќуќии шањри Саратови Федератсияи Россия Гордеев Н.С. дар баромадаш ќайд намуд:
«Семенари илмии олимони љавон, ки ба назарам бисёр аљиб менамояд дар сатњи дахлдор гузаронида шуд. Мушоњида намудам, ки дар факултети Шумо низоми роњнамої ва додани машварат аз љониби профессорону дотсентон ба омўзгорони љавон бисёр хуб ба роњ монда шудааст. Ман ин таљрибаро баъд аз баргаштан аз сафари худ ба иттилои роњбарияти донишгоњамон хоњам расонид. Чунин таљриба дар мо кам ба назар мерасад».
Мудири кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Ќурбонов Ќ.Б. баромад намуда, изњори сипоси худро ба њамаи иштирокчиён барои ширкат дар кори семенари илмї баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки тадќиќотњои илмї шањодат медињанд, ки проблемањои мављудбудаи ин соња чунин аст:
- имрўз бинобар љой доштани мушкилот зарурати кодификатсия пеш омадааст. Ин заруратро танзими парешон ва мухолифатњо дар байни санадњои меъёрии њуќуќї такон медињанд. Гузашта аз он, вобаста ба намудњои наќлиёт санадњои гуногунсатњ ќабул шудаанд. Дар соњаи наќлиёти автомобилї ва роњи оњан оинномањо, дар соњаи наќлиёти њавої – Кодекси фазои њавоии Љумњурии Тољикистон амал мекунанд. Дар танзими муносибатњо вобаста ба њамлу наќл Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон љалб шудааст. Онњо дар замонњои гуногун ќабул шудаанд. Тамоми санадњо вобаста ба соњањои алоњидаи наќлиёт дорои хусусияти махсус дошта, њамкорї ва таъсири мутаќобиларо бо дигар намудњои наќлиёт пешбинї намекунанд. Њатто мафњумњо дар санадњои мазкур ба таври гуногун шарњу эзоњ ёфтаанд, ки ин масъала дар оянда њали худро интизор аст.
- дар таркиби ќонунгузории наќлиёт санади асосии ягонаи њуќуќие, ки тавонад марказ ва сутуни ин соња бошад, мављуд нест. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи наќлиёт» ќисман ин вазифаро иљро мекунад, вале онро ба сифати заминаи ќонунэљодкунї дар ин соња ба инобат гирифтан номумкин аст, ин санад низоми ќонунгузории ин соњаро муайян карда наметавонад. Санади ягонаи пешоњанг бояд масъалањои гуногунеро, ки дар соњањои алоњидаи наќлиёт мављуданд, њамоњанг созад. Танњо дар ин њолат низоми наќлиётии Љумњурии Тољикистон њамчун шабакаи ягонаи наќлиётии давлат, ки дар соњањои њуќуќи наќлиёт яке аз принсипњои муњим ба њисоб меравад, таъмин карда мешавад.
- бинобар табиати гуногун доштани муносибатњо вобаста ба амалишавии функсияњои наќлиёт, васеъ будани шараёни наќлиёт ва мураккабии идоракунии он, зарурат ба тамоюли тавозун ва њамоњангї дар миёни манфиатњои давлат ва љамъият дар бобати фаъолияти соњибкорї дар ин соња ба вуљуд меояд. Аз ин љост, ки ќонунгузории соњаи наќлиёт хислати комплексї дорад. Танзими пурраи он дар доираи санадњои пешбари њуќуќи гражданї, масалан, Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, имконнопазир аст.
- имрўз ќонунгузории соњаи наќлиёт њаљман хеле калон шуда, масъалаи татбиќи он мубрам шудааст. Бо назардошти зиёд будани санадњои меъёрии њуќуќї ва ба самтњои гуногун инкишоф ёфтани ќонунгузории соњањои алоњидаи наќлиёт, риоя нашудани принсипи ќонунэљодкунї аз лињози ягонагии низоми наќлиёти Тољикистон мухолифат ва норасоињо дар ќонунгузории наќлиёт зиёд шуда истодаанд. Сарфи назар аз ташаккули зуњуроти калони њуќуќї ва корњои зиёди анљомёфта раванди ташаккули ќонунгузории наќлиёт то њол анљом наёфта, такмили хоссаро талаб мекунад.
Дар умум вазъи кунунї ва дурнамои рушди ќонунгузории наќлиётї мавриди баррасї ќарор дода шуда, роњњои њаллї ин проблемаҳо пешнињод шуд. Аз ин нигоҳ бо мақсади такмили қонунгузории Љумҳурии Тољикистон анљом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад дониста шуд:
- қабули Кодекси нақлиётии Љумҳурии Тољикистон бо назардошти рушди муносибатҳои љамъиятї дар соҳаи фаъолияти нақлиётї;
- муќаррар ва таъмин намудани риояи меъёрњою талаботњои техникаи бехатарї ва њифзи истеъмолкунанда, муњити зист ва захирањои табиї мутобиќи стандартњои усулњои пешќадами идора;
- зарурат ба тамоюли тавозун ва њамоњангї дар миёни манфиатњои давлат ва љамъият дар бобати фаъолияти соњибкорї дар соҳаи фаъолияти нақлиётї;
- таљдиди назар ба ќонунгузории соњаи наќлиёт баҳри пешрафти иќтисодиёти кишвар ва мустањкамгардии сиёсати давлат дар ин соҳа;
- њамоњангї ва њамкорї аз лињози принсипи ягонагии низоми наќлиёти Тољикистон;
- ташаккули муносибатҳои шартномавї ба љои муносибатҳои маъмурию ба нақшагирї;
- қабули сандадҳои нави зериқонунї дар соҳаи фаъолияти нақлиётї;
- таъмини назорати иљро намудани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњањои наќлиёту хољагии роњњо ва талаботи бехатарию экологї њангоми истифодабарии воситањои наќлиёт дар корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо новобаста ба шакли моликияташон;
- мусоидат љињати баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва раќобатпазирии ташкилотњои соњаи наќлиёт дар бозори байналмилалию дохилии хизматрасонињои наќлиётї ва љалб намудани сармоягузории хориљї;
Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори семенари илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд. Пас аз анљоми кори семенари илмї ќарор карда шуд, ки таклифу тавсияњо ва пешнињодњои илман асосноку судманд љињати такмили ќонунгузории амалкунанда ба сохторњои дахлдор ирсол карда шавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07