Дар заминаи кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии ДМТ њар ду њафта як маротиба мањфили илмї бо иштироки донишљўёни гуруњњои умумї ва ихтисос баргузор мегардад.
Санаи 6-уми апрели соли љорї мањфили илмии «Њуќуќи маданї»-и назди кафедраи њуќуќи гражданї бо иштироки доираи васеи омўзгорони кафедраи њуќуќи гражданї, омўзгорони кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, намояндагони Садорати факултет ва донишљўёни курсњои 1-ум ва 4-ум баргузор гардид.
Мањфилро мудири кафедраи њуќуќи гражданї, профессор Ѓаюров Ш.К. њусни оѓоз бахшида, њозиринро ба иштироки фаъол дар муњокимаи мавзўъњо даъват намуданд.
Сипас, тибки барномаи мањфил маърўзањои донишљўён Шарипов Шерзод дар мавзўи «Суѓуртаи љамъшаванда» ва Сайдалиев Орзу дар мавзўи «Институти бедарак ѓоиб ва фавтида эълон намудани шањрванд» шунида шуд.
Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањои тулонї сурат гирифт. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда дар саволу љавоб ва музокира профессор Ѓаюров Ш.К., ассистентон Саидов Њ.М. ва Соњибов М.М., донишљўён Усмонов Р., Орзуев Ф., Фирдавсизода К. ширкат варзида, таклифу пешнињодњои судманд ироа намуданд.
Оид ба мавзўъњои баррасишуда профессор Ѓаюров Ш.К. баромад намуда, иброз доштанд, ки дар шароити њозира масъалаи суѓурта ањамияти хос касб карда истодааст. Устод Ѓаюров Ш.К. зикр намуданд, ки имрўз дар давлатњои пешрафтаи љањон баъди фурўши яроќ фаъолияти суѓуртавї љойи дуюмро аз љињати даромаднокї ишѓол мекунад. Дар Љумњурии Тољикистон имрўзњо ба низоми суѓуртавї дигаргунињо ворид шуда истодааст. Чигунае, ки мо иттило дорем аз 1-уми январи соли љорї функсияи назоратии Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон дар бахши фаъолияти суѓуртавї ба Бонки миллии Тољикистон гузаронида шуд. Албатта ин таѓйирот дуруст ва сариваќтї мебошад, зеро барои иљрои сариваќтии баргардонидани маблаѓ ба суѓурташуда мураккабиро ба бор намеорад. Профессор Ѓаюров Ш.К. оид ба мавзўи институти бедарак ѓоиб ва фавтида эълон намудани шањрванд зикр намуданд, ки воќеан ин масъала яке аз масъалањои нињоят мубрам мебошад. Чунки дар баъзе мавридњо бе андешидани чорањои муассир, њаматарафа ва объективона шахсро суд фавтида эълон менамояд, ки ин њолат нигаронкунанда аст. Чунин амалњои суд дар воќеъ ба њифзи манфиатњои шањрвандон таъсири манфї мерасонанд. Суд пеш аз эътирофи ин ё он омили њаётан муњим дар мурофиа бо пурсиши намояндагони марбута андешидани тамоми чорањои самарабахши муайян намудани љойи буду боши инсон, баъд ќарори дахлдор барорад. Соли гузашта оид ба ин масъала маводи тањлилие интишор гардид, ки аз њолати мазкур маълум мегардид, ки тамоми чорањои муассир оид ба дарёфти шахси ѓоиб андешида нашудааст. Аз сухангуй хоњиш намуданд, ки онро барои минбаъд такмил додани мавзуъ мавриди омўзиш ќарор дињад. Дароз кардани муњлатњо роњи њалли масъала нест. Муњим он аст, ки маќомоти корњои дохила чи дар дохил ва берун аз кишвар чорањои мушаххас андешанд.
Дар фарљом мудири кафедраи њуќуќи гражданї, профессор Ѓаюров Ш.К. ба њамаи иштироккунандагон изњори минатдорї карданд. Баргузории чунин мањфилњо барои баланд бардоштани савияи дониши њуќуќии донишљўён ва бедор кардани мафкураи зењнии онњо кўмак хоњад расонид – иброз доштанд профессор Ѓаюров Ш.К.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07