Њисоботи
конференсияи илмї-назариявии њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон»
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети њуќуќшиносї Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодону кормандон бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид. Мувофиќи барнома дар 11 бахш аз 131 маърўзаи аз тарафи устодон пешнињод шуда, 131 маърўза тибќи барнома ва 4 маърўзаи иловагї шунида шуд. Бояд зикр намуд, ки шумораи маърўзањо нисбат ба соли гузашта 13-то зиёд мебошад.
Дар конференсияи имсола масъалањои рўзмарраи њуќуќї, ба монанди: инкишофи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар давраи истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкї, ташаккулёбии мақомоти давлатї дар ЉТ, масъалаҳои коллизионии моликияти созмонҳои байналмилалї, масоили гузаронидани амалҳои аввалиндараљаи тафтишї, проблемаҳои танзими ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, мушкилоти ҳуқуқии хизматрасонии иљтимої-фарҳангї, таҳлили намудҳои озод кардан аз љавобгарии љиноятї, назорати прокурорї оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусиятҳои хоси тарљумаи истилоњотҳои ҳуқуқї ва ѓайрањо баррасї карда шудаанд.
1. Кафедраи њуќуќи байналњалќї
Санаи 22 апрели соли 2017 мутобиќи наќшаи пешбинигардида дар кафедраи њуќуќи байналмилалї соати 9.00 конференсияи љумњуриявии илмию назариявии њайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» шуда гузашт. Мудири кафедраи њуќуќи байналхалќї, дотсент Раљабов М.Н. конфронсро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 10 нафар устодон ба наќша гирифта шудааст. Устодони кафедра дотсентон, номзади илмњои њуќуќ Раљабов М.Н., Ќодирќулов Х.Р., Сулаймонов Ф.С., Идиев Ф.Ф., Мирзоев А.М., муаллими калон Салихов З.И., ассистентон Саидов Њ.Х. Ќодиров Н.А., Саломов И. ва Рањмонзода Ш.К. иштирок доштанд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 даќиќаи ваќт, бо замимаи ваќти иловагї барои саволу љавоб муайян шуд.
Дотсентон Раљабов М.Н. дар мавзўи «Масъалањои коллизионии моликияти созмонњои байналмилалї», Ќодирќулов Х.Р. дар мавзўи «Реинтегратсияи муњољирони мењнати дар Љумњурии Тољикистон», Сулаймонов Ф.С. дар мавзўи «Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи њуќуќи ашёгї бо унсурњои хориљї», Идиев Ф.Ф. дар мавзўи «Вазъи њуќуќии намудњои намояндагии дипломатии Љумњурии Тољикистон», Мирзоев А.М. дар мавзўи «Санадњои байналмилалї-њуќуќї оид ба муайяннамоии њуќуќи татбиќшаванда», муаллими калон Салихов З.И. дар мавзўи «Шартномаи њамлу наќли борњо бо воситаи наќлиёти роњи оњан», ассистентон Саидов Њ.Х. дар мавзўи «Њамкорињои байналмилалии бисёрљонибаи Љумњурии Тољикистон дар соњаи фаъолияти гумрукї», Ќодиров Н.А. дар мавзўи «Одат њамчун сарчашмаи њуќуќи байналмилалии хусусї дар Љумњурии Тољикистон», ассистент Саломов И. дар мавзўи «Мафњум ва табиати њуќуќии тавзењот оид ба тартибот оммавї дар њуќуќи байналмилалии хусусї», Рањмонзода Ш. дар мавзўи «Асосњои байналмилалї-њуќуќии воситаи њалли проблемањои муњити атроф» баромад намуданд.
Оиди маърўзањои устодон бањсу мунозира барпо гардид, ки дар он тамоми устодон фаъолона ширкат варзиданд.
2. Кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї
Рўзи 25-уми апрели соли 2017 аз рўи барномаи пешакї пешнињоднамудаи раёсати донишгоњ дар толори 506 (кабинети кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат) конференсияи љумњуриявии илмї-назариявии њайати устодону кормандони кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоњи мудири кафедра номзади илмњои њуќуќ., дотсент Сангинов Д.Ш. ба кори конфронс њусни оѓоз бахшида, дуруди хешро ба њозирин расонид ва зикр намуданд, ки њамасола баргузории конфронси апрелї, ки ба њукми анъана даромадааст имконияти хуб фароњам меорад то дар масоили мухталифи њалталаби илми њуќуќшиносї ибрози назар карда табодули афкор сурат гирад.
Баъди њар як маърўзаи шунидашуда, саволу љавоб сурат гирифт, ки ба њусни конфронс таровати нав бахшид.
Баъди итмом шудани ќироати марўзањо аз љониби устодони кафедра муњокимаи маърўзањо шурўъ шуд. Иштирокчиёни конфронс фикру мулоњизањои худро оид ба љанбањои назариявї ва амалии маърўзањои ќироатшуда баён намуданд.
Раискунандаи конфронс, н.и.њ., дотсент Сангинов Д.Ш. ќаноатмандии хешро љињати дар сатњи баланди илмї доир намудани конфронс ба устодони кафедра иброз намуд ва афзуд, ки конфронс дар фазои мусоиди корї баргузор гардида, ҳар як маърўзачї кўшиш намуд, ки бо назардошти љабњаи назариявї ва амалї маърўзаи худро ба иштирокчиёни конфронс пешкаш созад ва таклифу пешнињодњои худро љињати рушди ќонунгузорї пешкаш созад.
3. Кафедраи њуќуќи конститутсионї
Мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї, д.и.њ. профессор Диноршоњ А.М. конфронсро оѓоз намуда, ќайд намуд, ки чун анъана њар сол моњи апрел дар Донишгоњ конференсияи љумњуриявии илмї- назариявї гузаронида мешавад, ки имрўз мо низ бахшида ба љашнњои дар пешистода конфронси мазкурро дар кафедра кушода эълон менамоем. Мувофиќи барномаи конфронс баромади 16 нафар устодон ба наќша гирифта шудааст. Дар конференсия муовин декан оид ба илм, н.и.њ., дотсент Абдуллоев П.С., устодони кафедра дотсентон, номзади илмњои њуќуќ Ойев Х., Имомов А., Якубова С.Н., Љамшедов Љ.Н., Саидов И., муаллимони калон Ќодиров Љ., Камолов Ш.Њ., ассистентон, Сафаров Д.С., Сулаймонов М., Саиданваров К., Имомов Њ., Соибов З.М., Саидов С.А., Ѓаниев Љ.Ш. иштирок доштанд.
Баъди шунида шудани баромадњо мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї дотсент Диноршоњ А.М. ќайд кард, ки маърўзањои матрањ шуда љолиби диќќат буда фикру андешањои гуногун пешнињод карда шуд, ки онњо боиси дастгирист.
4. Кафедраи њуќуќи гражданї
Дар саннаи 21-уми апрел конференсия дар кафедраи њуќуќи гражданї доир гардид. Мудири кафедраи њуќуќи гражданї, профессор Ѓаюров Ш.К. конференсияи илмї-назариявиро њусни оѓоз бахшида, њамаи устодонро барои фарорасии њафтаи илм табрик намуд. Сипас устод Ѓаюров Ш.К. дар мавзўи «Моњияти моликияти зењнї» баромад намуданд. Устод иброз доштанд, ки дар шароити њозира воќеан ба дараљаи зиёд вайроннамоии ќисматњои алоњидаи моликияти зењнї ба чашм мерасанд, ки ин њолат моро нигарон намудааст.
Баъдан сухан ба профессори кафедра Таѓойназаров Ш.Т. дода шуд. Устод атрофи мавзўи «Проблемаи њуќуќњои шахсии ѓайримолумукии гражданї» баромад намуданд. Дотсент Њимматов Њ.Н. дар мавзўи «Инкишофи муносибатњои њуќуќии молумулкии оилавї» баромад намуда, ќайд карданд, ки дар танзими муносибатњои молумулкї дар њуќуќи оилавї ќонунгузории гражданї татбиќ мегардад. Дотсент Ќурбонов Ќ.Ш. мавзўи худро оид ба масъалаи «Фарзияи бовиљдонї дар њуќуќи гражданї» пешбарї намуда, мубрамияти онро кушода доданд. Дотсент Ќурбонов Ќ.Б. дар мавзўи «Дурнамои њимояи њуқуқњои шахсони ѓайримолумулкї» баромад намуда, ќайд карданд, ки њуқуқњои шахсони ѓайримолумулкї яке аз масъалаҳои мубрами љањони муосир мебошанд ва яке аз объектњои танзимшаванда дар њуќуќи гражданї њисобида мешаванд. Дотсент Ќурбонализода Н.Ш. дар мавзўи «Оид ба масъалањои қобилияти субъектњуқуқии шахсони воқеї тибқи қонунгузории Љумњурии Тољикистон» баромад намуда, ќайд намуданд, ки шахсони воқеї субъекти фаъоли муносибатҳои ҳуқуқии гражданї мебошанд. Иштироки онҳо дар муносибатњои хусусї бо ба даст овардани ќобилияти амалкунии муайян имконпазир мегардад.
Ҳамин тариқ, устодон баромад намуда, баҳри мукамалгардонии қонунгузорї ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунї фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
5.Кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї
Аз рўи барномаи тасдиќшудаи конфронс маърўзаи 16 нафар устодони кафедра шунида шуд. Устодони кафедра дар конфронс фаъолона иштирок карда, дар мавзўњои гуногун баромад намуданд.
6. Кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї
Мувофиќи барнома 14 маърўзаи устодон пешнињод шуда буд, ки њамаи онњо бо маърўзањои худ баромад карданд.
Нахуст, конфронси илмиро устоди мудири кафедра, профессор Азизов У.А. бо суханронии ифтитоњї кушода эълон намуда, њамаи ҷамъомадагонро барои дар сатњи баланд гузаштани конференсия бурдборї таманно намуд.
Маърўзачиён мазмун ва муњтавои маърўзањои худро тавзењ дода, омўзиши минбаъдаи онро баррасї намуданд. Хурсандибахш аст, ки дар конференсия аспирантон ва унвонљўён низ ба таври иловагї баромад намуданд. Аз љумла,дарконференсияи мазкур аспирант Абдулхайрзода Љ. Дар мавзўи «Њуќуќи кўдак дар манзари њуќуќи инсон», унвонљў Бухориева С., дар мавзўи «Сиёсати њуќуќї ва наќши он дар таъмини њуќуќи занон», унвонљў Бобохонов К. дар мавзўи «Обеспечение эффективности наказания в РТ» маърўза намуда, пањлуњои гуногуни мавзўъро тавзењ доданд.
Дар охир кулли иштирокчиён бо овоздињии озодонаву якдилона маърўзаи н.и.њ., досент Бобоева Н.И. дар мавзўи «Њуќуќи занон аз нигоњи Ислом»-ро њамчун маърўзаи бењтарин њисобиданд.
7. Кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ
Дар таърихи 21 апрели соли 2017 дар назди кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ конференсияи љумхуриявии илмї-назариявии њайати устодону кормандони ДМТ бахшиди ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид. Мудири кафедра, профессор Сотиволдиев Р.Ш. њозиринро бо муносибати кушодашавии ин конференсия табрик намуда, ба кори конференсия њусни ифтитоњ бахшиданд.
Аз рўи барномаи тасдиќшудаи конфронс 9 нафар устодони кафедра дар конфронс иштирок намуда, дар мавзўњои гуногун баромад намуданд.
8. Кафедраи њуќуќи љиноятї
Санаи 26 апрели соли 2017 дар кафедраи њуќуќи љиноятї мутобиќи наќшаи пешбинишуда, конференсияи љумњуриявии илмию назариявии њайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» шуда гузашт. Мудири кафедра, дотсент А.И. Сафарзода конфронсро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 14 нафар устодону асрпирантон ба наќша гирифта шудааст. Устодони кафедра профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон, номзади илмњои њуќуќ А.И. Сафарзода, Г. Сатторов, Р.И. Шарипов, З. Камолов, Ш.Н. Саидов, ассистентон Ш. Холиќов, С. Мирзоев, У. Сайфуллоев, Э.Б. Миралиев ва аспирантони кафедра Ќурбонзода Б.Ш. ва Неруи М. иштирок доштанд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 даќиќаи ваќт, бо замимаи ваќти иловагї барои саволу љавоб муайян шуд. Њамзамон кори конференсияи мазкур бо забонњои тољикї ва русї гузаронида шуд.
9. Кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї
Мувофиќи барнома 8 нафар маърузаи устодон пешнињод шуда буд, ки њамаи онњо шунида шуд. Баъди шунидани маърўзањо мухокимаи онњо шурўъ гардид. Интирокчиёни конфронс фикру мулоњизањои худро оид ба љанбањои назариявї ва амалии маърўзањои ќироатшуда, баён намуданд ва саволу љавоб намуданд. Њар як маърўзачї кушиш намуд, ки бо дарназардошти љабњањои назариявї ва амалї маърўзаи хешро ба иштирокчиёни конфронс пешкаш созад ва таклифу пешнињодњои худро љињати рушди ќонунгузорї пешкаш намояд.
10. Кафедраи забонњои хориљї
Мутобиќи наќшаи пешбинигардида дар таърихи 25 апрели соли 2017 дар кафедраи забонњои хориљии факултети њуќуќшиносии ДМТ конфронси илмї–назарявии њайати устодону кормандон бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» шуда гузашт.
И.в. мудири кафедраи забонњои хорољї дотсент Камолов И.И. конфронсро њусни обоз бахшида ќайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 8-нафар устодон ба нақша гирифта шудааст ва як нафар ба тариқи иловагї баромад менамояд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 даќиќаи ваќт, бо замимаи ваќти иловагї барои саволу љавоб муайян карда шуд. Сипас таклифу пешнињодњои устодон ва маърузачиён љињати такмил додани сабку услуби нави забономузї ва тарљумаи истилоҳоти ҳуқуқї пешкаши њозирин гардид.
11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї
Мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї, дотсент Назаров А.Ќ. конференсияро њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд, ки дар барномаи конференсия баромади 8 нафар устодон ба наќша гирифта шудааст. Устодони кафедра номзади илмњои њуќуќ, дотсентон Назаров А.Ќ., Ямоќова З.Д., муаллими калон Насриддинов М., ассистентон Шарипов С.С., Давлатов Д.Д., Давлатов Б.С., Носирзода М.Б. ва Раљабов К.Д иштирок доштанд. Тартиби баромади устодон 8 даќќиќа, бо замимаи ваќти иловагї барои саволу љавоб муќаррар гардид.
Бояд ќайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатњи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзўњо тариќи слайд бо воситаи тахтањои электронїяке аз пешравињо дар кори конференсияи имсола ба њисоб меравад.
Аз таклифу пешнињодњои дар боло зикргардида маълум мегардад, ки олимони факултет пайваста дар пайи омўзиш ва тањќиќот ќарор доранд ва ин боиси пешрафти илми њуќуќшиносї ва њам такмили ќонунгузорї мегардад. Рафти иљроиши барномаи конференсияи имсола тањти назорати бевоситаи декани факултет, дотсент Рањмон Д.С.ва муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба илм ва робитањои байналмилалї н.и.њ. Абдуллоев П.С. ќарор дошт.
Асосан аз маърўзањои устодони факултет бар меояд, ки маќсади гузаронидани конференсияи илмї-назариявї ин баррасї намудани љињатњои актуалї ва њалли муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ ба њисоб меравад. Њамзамон аз маърўзањои устодони факултет бармеояд, ки мундараљаи конференсия ба наќшаи корњои илмї – тадќиќотї ва барномаи конференсия мувофиќат дошт.
Аз ин хотир маърўзањои зерини устодон бењтарин њисобида шуда, онњо аз љониби садорати факултети њуќуќшиносї барои њавасмандгардонї пешнињод мегарданд:
Барои мукофотпулї:
1. Бобоева Н. – дотсени кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї.
Барои Ифтихорнома
1. Мирзоев А. – ассистенти кафедраи њуќуќи байналхалќї;
2. Мирбобоева Р. – дотсенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат.
Барои рањматнома:
Њисоботи
конференсияи илмї-назариявии њайати донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон»
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети њуќуќшиносї Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати донишљўён бахшида ба «20-солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид. Мувофиќи барнома дар 11 бахш 199 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки 193 марўъзаи донишљуён шунида шуд. Имсол бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 6 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќша 52 нафар дар конференсия маърўза карданд.
Аз маърўзањои донишљўён бар меояд, ки маќсади конференсияи илмї-назариявї ин кушодан ва баррасї намудани љињатњои актуалї ва масъалаву муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ мебошад.
1. Кафедраи њуќуќи байналњалќї
Мутобиќи наќшаи пешбинигардида 21-уми апрели соли љорї соати 9.00 дар кафедраи байналхалќї конфронси илмии назариявии њайати донишљўёни ДМТ бахшида ба «20 солагии Рўзи Вањдати миллї ва «Соли љавонон» шуда гузашт.
Мутобиќи барнома ба конфронс 10 баромад пешнињод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи њуќуќи байналхалќї, дотсент Раљабов М.Н. ифтитоњ намуда, устодон ва донишљўёнро ба конфронс хайра маќдам намуда, ќайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 10 нафар донишљуён ба наќша гирифта шудааст. Тартиби гузаронидани баромади донишљўён бо 5 даќиќаи ваќт, бо замимаи ваќти иловагї барои саволу љавоб муайян шуд.
Дар конфронс устодони кафедраи њуќуќи байналхалќї Раљабов М.Н., Мирзоев А.М., Саломов И., Ќодирќулов Х.Р. ва Салихов З.И. иштирок намуданд. Аз 10 баромади (барномавї) - 10 нафар баромад шунида шуд. Инчунин, як нафар берун аз барнома донишљўи курси 2.03 (гурўњи тољикї) Сайфуллоев Салимљон дар мавзўи «Принсипи баробарњуќуќї ва худмуайянкунии халќу миллатњо» зери роњбарии дотсент Раљабов М.Н. баромад намуд.
Дар саволу љавобњо оиди маърўзањо устодон ва донишљўён фаъолона ширкат варзидаанд.
2. Кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат
Рўзи 24-уми апрели соли 2017 аз рўи барномаи пешакї пешнињод намудаи раёсати донишгоњ дар толори 506 (кабинети кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат) Конференсияи љумњуриявии илмї-назариявии њайати донишљўёни кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» баргузор гардид.
Ба сухани ифтитоњи мудири кафедра номзади илмњои њуќуќ,дотсент Сангинов Д.Ш. ба кори конфронс њусни огоз бахшида, дуруди хешро ба њозирин расонид ва зикр намуданд, ки њамасола баргузории конфронси апрелї, ки ба њукми анъана дарамодааст имконияти хуб фароњам меорад то дар масоили мухталифи њалталаби илми њуќуќшиносї ибрози назар карда табодули афкор сурат гирад. Њамчунин устод ба иштирокчиёни конфрос љињати ноил гардидан ба натиљањои матлуб аз кори конфронс комёбињо орзу намуд. Дар конфрос устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорї ва тиљорат мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш., дотсентон Бозоров Р.Б, Кабутов Э.Д., Мирбобоева Р.В, Ризоева С.К ваассисентон Саъдиев И., Мавлоназаров О.,Сангов С., Каримов Х.С., Шарифов И.М., Хољаева Р.М., иштирок намуданд.
Раискунандаи конфронс мудири кафедра номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сангинов Д.Ш ќаноатмандии хешро љињати дар сатњи баланди илмї доир намудани конфронс ба донишљўени кафедра иброз намуд ва афзуд, ки конфронс дар фазои мусоиди корї баргузор гардид. Донишљўёни кафедраро бањри минбаъд таълиф намудани корњои арзишманди илмї-тадќиќотї даъват намуд.
3. Кафедраи њуќуќи конститутсионї
Конференсияро роњбари МИД-и «Давлатшиносї» ассистент Соибов З. ифтитоњ намуда, ба баромадкунандагоне ки ба конференсия роњ ёфтанд табрик гуфта, дар бораи тартиби гузаронидани конференсия, меъёри баромад ва саволу љавоб ба хозирин маълумот доданд.
Њар як баромадкунанда шунида шуда, рољеъ ба пањлуњои гуногуни мавзўи барасишаванда аз љониби иштирокчиён ба у саволњо пешнињод шуд. Дар ин миён як ќатор баромадкунандањо мавзўъи дахлдорро хамаљониба тахлил намуда бањои баланди устодонро соњиб гаштанд. Аз љумла, маърўзањои Муњиддинов А., Касимова Ф., Сафарова М., Абдуллозода М., Мањмуродов С., Ниёзов С., Зоиров Н., Рањмонова Ф. ва Бобоев Ф. чун маърузањои намунавї муайян гардиданд.
Баъди шунида шудани баромадњо мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї профессор А.Диноршоњ ќайд кард, ки маърўзањои матрањ шуда љолиби диќќат буда, фикру андешањои гуногун пешнињод карда шуд, ки онњо боиси дастгирист.
4. Кафедраи њукуки гражданї
Конференсияи илмї-назариявии њайати донишљўён дар назди кафедраи њуќуќи гражданї бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон», ки дар рўзи 21-уми апрели соли 2017 муќаррар гардида буд, дар ваќт ва љойи муқарраршудагузаронидашуд.
Нахуст кушодашавии конференсия аз љониби мудири кафедраи њуќуќи гражданї, профессор Ғаюров Ш.К. њусни оѓоз гардида, оид ба конференсияи мазкур суханҳои худро иброз намуданд ва ҳамаи донишљўёнро бахшида ба конференсияи илмї табрик намуда, ба ҳамаи онҳо барои фаъолона ширкат варзидан муваффақиятҳо таманно намуданд. Сипас сухани навбатї ба ассистенти кафедра Саидов Ҳ.М. дода шуд, ки дар рафти суханронии худ ҳамаи ҳозиринро барои њафтаи илм, ки чун қоида ҳар сол дар моҳи апрел баргузор мегардад, табрик намуда, оид ба тарзи баромад намудан ва вақти баромадкунї ба ҳозирин иттиллоъ доданд.
Баъдан аз рўи рўзномаи конференсия баромадкунандагон маърўза намуданд. Конфронс дар ваќти муаяйншуда оѓоз карда шуда, аз ин муовини декан оид ба илм ва робитањои байналмилалї, садорати факултет огоњ карда шудааст. Дар конфронс мутобиқи нақша баромади 11 донишљў пешбинї гардида, 21 маърўзаи иловагї аз љониби донишљўён ќироат гашт. Дар охири конфронс сухани љамбастї ба мудири кафедраи ҳуқуқи гражданї, профессор Ғаюров Ш.К. дода шуд, ки оид ба гузаронидани конфронс, баромади донишљуён ва дар оянда такмил додани мавзўҳои худ фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
5.Кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї
Аз рўи барномаи тасдиќшудаи конференсия 22 нафар донишљўён дар мавзўњои гуногун баромад намуданд. Се нафар бо сабабҳои гуногун штирок нанамуда, ҳафт маърўза ба таври иловагї шунида шуд.
Дар ин бахш маќсади конфронс аз он иборат буд, ки андешањо перомуни баъзе аз масъалањои кодекси мурофиавї љиноятии ЉТ баён карда шуда, принсипњои асосии мурофиаи љиноятї, зарурат ва моњияти он, масъалањои такмили тартиби мурофиявии љамъоварии далелњо ва дигар масоилњо муњокима карда шуданд.
6. Кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї
Дар конференсия декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, н.и.њ., дотсент Рањмон Д.С., мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї, д.и.њ., профессор Азизов У.А., дотсент Бобоева Н.И., ассистентони кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї Саидов И.И., Саъдизода Љ., Исозода П. ва донишљўёни соли тањсили 1, 2, 3 ва 4-уми факултети њуќуќшиносї штирок намуданд.
Мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї д.и.њ., профессор Азизов У.А. баромад намуда, конференсияи илмї-назариявии донишљўёни назди кафедраро кушода эълон намуд. Ќайд карда шуд, ки конференсияи илмї-назариявии «Њуќуќи инсон» бахшида ба «Соли љавонон» ва 20-солагии рўзи Вањдати миллї баргузор гардида, маърўзачиён асосан љавонон – донишљўёни лаёќатманд њастанд. Сипас мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї, д.и.њ., прфессор Диноршоњ А.М. баромад намуда, ба кори конференсия барору комёбї таманно намуд. Њамзамон аз љониби Диноршоњ А.М. барои маърўзањои бењтарин китобњои ба наздикї нашргардидаи устодони кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї таќдим гардид. Мавсуф ќайд намуд, ки китобњои мазкур 1 адад барои љои якум, 2 адад барои ду нафар љои дуюм ва 2 адад барои ду нафар љои сеюм дар љамъбасти конференсия таќдим карда шавад.
Сипас бо сухани ифтитоњї дар конфронс устоди кафедра роњбари илмии мањфили «Њуќуќи инсон» Љањонгир Саъдизода баромад намуда, оид ба масъалањои маќсад аз гузаронидани ин ҷамъомад, тартибу равиши баргузории он ќайд карда кори конфронсро кушода эълон намуд. Дар кори конфронс 13 нафар тибќи наша ва 3 нафари дигар ба таври иловагї маърўза карданд.
Баъдан бо тартиби муайян дар рўзи муќарраршуда ботартиб тибќи дастур баромадњои илмї намуданд. Донишљуён асосан масъалањои аососии мубрами назариявии атрофии њуќуќи инсон интихоб намуда дар шакли маърузањои илмї омода намудаанд. Маърўзачиён мазмун ва моњияти маърўзањои хешро шарњу тавзењ дода, пањлуњои гуногуни онњоро мавриди тањлилу баррасї ќарор доданд. Аз љумла оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва муњокимањои тўлонї сурат гирифтанд, ки иштирокчиён аз он ѓизои маънавї бардоштанд.
Хурсандибахш аст, ки дар конференсияи мазкур њамзамон донишљўён берун аз барномаи конференсия ба таври иловагї низ маърўза намуда, мавзўъњои мубрами илми њуќуќи инсонро ба њозирин шарњ доданд. Аз љумла ба таври иловагї донишљўёни зерин баромад намуданд:
1. Раљабов Н. донишљўи соли 2-и шуъбаи умумии рўзона дар мавзўи «Ташаккули фарњанги њуќуќи инсон дар Тољикистон»;
2. Султонов А. донишљўи соли 3-и шуъбаи рўзонаи умумї дар мавзўи «Њуќуќ ба дахлнопазирии шахсият».
Дар фарљоми коференсия бо овоздињии озод ва якдилона аз љониби устодон ва иштирокчиён маърўзањои Розиќова Хиромон донишљўи соли 2-и шуъбаи умумии рўзона дар мавзўи «Мавќеи адл дар њуќуќи инсон» сазовори љойи 1-ум, Самандари Ќаландар донишљўи соли 2-и шуъбаи рўзонаи умумї дар мавзўи «Сарњади озодї ва ќонун њамчун майдони њуќуќу озодињои инсон» ва Саъдуллозода И. донишљўи соли 3-юм дар мавзўи «Eutanasia» сазовори љойи 2-юм, Бобохонов Ф. донишљўи соли 3 ихтисоси муносибатњои байналмилалї (њуќуќ) дар мавзўи «Њуќуќи байналмилаии исломї» ва Зуњуриён С. донишљўи соли 2-и шуъбаи умумии рўзона дар мавзўи «Суди байналмилалии Аврупої-њамчун механизми минтаќавии њифзи њуќуќи инсон» сазовори љойи 3-юм гардиданд. Ба ѓолибон аз љониби роњбари мањфили «Њуќуќи инсон» Саъдизода Љ. китобњо таќдим карда шуд. Њамзамон њамаи маърўзачиён бо «Ифтихорнома»-и кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї сазовор дониста шуданд.
7. Кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ
Мувофиќи барнома 11 маърўза пешбинї шуда буд, ки он аз тарафи донишљўён маърўза карда шуд. Њамзамон 1 маърўзаи иловагии донишљў шунида шуд.
Дар конференсияи донишљўён мавзўъњои «Техникаи мураттабсозии қонунгузорї», «Меъёрҳои ҳуқуқ», «Инкишофи љомеъаи шаҳрвандї дар Тољикистони соҳибистиқлол» ва дигар мавзўњои мубрами њуќуќї мавриди тањлил ва баррасї ќарор гирифт. Аз маърўзањои донишљўён хулоса кардан мумкин аст, ки маќсад аз баргузории конференсияи мазкур ин кушодан ва баррасї намудани љињатњои актуалї ва муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ мебошад.
8. Кафедраи њуќуќи љиноятї
Мутобиќи наќшаи пешбинигардида 25-26-юми апрели соли равон дар кафедраи њуќуќи љиноятї конфронси илмию назариявии њайати донишљўёни ДМТ бахшида бахшида ба «20-солагии Рўзи вањдати миллї» ва «Соли љавонон» шуда гузашт.
Дар санаи 25-юми апрели соли равон бо иштироки донишљўёни курсњои 1,2,3,4 њамаи ихтисосњои факултетии њуќуќшиносї конфронс баргузор гардид.
Мутобиќи барнома ба конфронс 29 баромад пешнињод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи њуќуќи љиноятї, дотсент А. Сафарзода ифтитоњ намуда, устодон ва донишљўёнро ба конфронс хайра маќдам гуфт. Дар асоси барномаи конфронс баромади 29 нафар донишљуён ба наќша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 10 нафар ѓайринаќшавї баромад намуданд.
Дар конфронс устодони кафедра профессор Шарипов Т.Ш., н.и.њ., дотсент А. Сафарзода, Г. Сатторов, ассистентон У. Сайфуллоев, Г. С. Мирзоев иштирок намуданд.
9. Кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї
Мутобиќи наќшаи пешбинигардида 25-уми апрели соли равон дар кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї конфронси илмию назариявии њайати донишљўёни ДМТ бахшида ба «20 -солагии Рўзи ваҳдати миллї» ва «Соли љавонон» шуда гузашт.
Дар санаи 25-уми апрели соли равон бо иштироки донишљўёни курсњои 1,2,3,4 њамаи ихтисосњои факултетии њуќуќшиносї конфронс баргузор гардид.
Мутобиќи барнома ба конфронс 18 баромад пешнињод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи њуќуќи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї, дотсент К.Б. Ќурбонов ифтитоњ намуда, устодон ва донишљўёнро ба конфронс хайра маќдам гуфт. Дар асоси барномаи конфронс баромади 18 нафар донишљуён ба наќша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3 нафар ѓайринаќшавї, яъне иловагї ва 3 нафар бо сабабњои гуногун иштирок накарданд. Инњо донишљўёни курси 4.01, З. Сафаралиев, Қ. Сафаров, М. Қурбонов мебошанд.
10. Кафедраи забонњои хориљї
Рўзи 26 апрели соли 2016 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ дар ошёнаи чорум синфхонаи №421 соати 1400 конференсияи илмию назариявии донишљуён баргузор гардид. Дар конфронс донишљўёни курсњои 1,2, 3 ва ҳайати устодон Афзалї М.К. (раис), Зайниддинов С. (котиб), Абдуллоев П.С. (муовини декан оид ба илм), Газиева Х.Х.., Шарипова З., Шоинбеков О., ва дигар устодони кафедра ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муќаддимавї дотсенти кафедраи забони хориљї, Афзалї М.К. ифтитоњ намуда ба њамаи донишљўён барои дар сатњи баланд гузарондани конференсия муваффаќиятњо орзу намуд. Пас аз ин мувофиќи барномаи тартибдодашуда ба шунидани маърўзањо оѓоз бахшида шуд. Аз рўи барномаи тасдиќшудаи конфронс 11 нафар донишљўён иштирок намуда, дар мавзўњои гуногун маърўза карданд.
11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї
Тибќи барномаи конференсия 20 маърўза пешнињод шуда буд, ки њамаи онњо шунида шуд. Ба ѓайр аз ин 4 нафар ба таври иловагї берун аз наќша баромад карданд, вале 1 нафар бо сабабњои узрнок натавонистанд дар кори конфронс ширкат варзанд. Дар конференсияи ин бахш мавзўъњои гуногуни актуалї мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифтанд. Дар охир мудири кафедра дотсент А.Ќ. Назаров кори конфренсияро љамъбаст намуда, ба њамаи иштирокчиёни конфренсия бурдборињоро дар соњаи омўзиши илм таманно кард.
Хулоса аз маърўзањои донишљўён бар меояд, ки маќсади конференсияи илмї-назариявї ин кушодан ва баррасї намудани љињатњои актуалї ва масъалаву муаммоњои њалталаби соњањои њуќуќ мебошад.
Бояд ќайд намуд, ки рафти иљроиши барномаи конференсияи имсола тањти назорати бевоситаи декани факултет, дотсент Рањмон Д.С. ва муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба илм ва робитањои байналмилалї н.и.њ., дотсент Абдуллоев П.С. ќарор дошт.
Аз ин хотир маърўзањои зерини донишљўён бењтарин њисобида шуда, онњо аз љониби садорати факултети њуќуќшиносї барои њавасмандгардонї пешнињод мегарданд:
Барои ифтихорнома:
1. Ахмедов Шероз дар мавзўи«Муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ».
Барои рањматнома :
1. Ф. Халифаев дар мазўи «Дурнамои қонунгузории нақлиёт»;
2. А. Авулов дар мавзўи «Фаъолияти молиявии давлатї».
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07