Нимаи аввали рўзи 16-уми майи соли љорї дар Донишгоњи миллии Тољикистон муаррифї ва љаласаи ифтитоњии нахустин Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Дар маросими муаррифї ва љаласаи нахустини Шўро намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, роњбарони маќомоти баландпояи низоми судии кишвар, Прокуратураи генералї, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, роњбарони дигар муассиса, ташкилот ва маќомоти давлатї, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, аъзоёни Шўро ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Љаласаро бо сухани ифтитоњї ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, узви пайвастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомозода М.С. њусни оѓоз бахшид. Зимни ироаи сухани муќаддамотии хеш мавсуф изњор дошт, ки таъсиси Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Донишгоњ дар замони соњибихтиёрии давлатї мањсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон сарчашма мегирад. Дар идомаи сухани хеш изњор доштанд, ки минбаъд бидуни ягон мањдудият кулли аспирантон, унвонљуён, муњаќќиќон ва докторантон метавонанд дар Шўро аз рўйи се самт рисолањои докторї ва 11 самт рисолањои номзадї дифоъ намоянд. Бо ќаноатмандї аз фаъолияти Шўрои ќаблии муштараки диссертатсионї дар соњаи илми њуќуќшиносї ёддовар шуда, афзуданд, ки танњо давоми солњои 2011-2016 дар умум 62 нафар ба њимояи рисолањои номзадиву докторї (52-рисолаи номзадї, 10-рисолаи докторї) мушарраф гаштанд. Мувофиќи маълумотњои расмии бахши аспирантура ва докторантураи Донишгоњ имрўз беш аз 100 нафар аспирантону унвонљуён, докторантону муњаќќиќони болаёќат дар мавзўъњои мухталифи илми њуќуќшиносї, ки барои пешрафти соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат мусоидат менамоянд, тадќиќотњои илмї бурда истодаанд. Таъсиси Шўро дастоварди беназир барои муаррифии илми њуќуќшиносии миллї буда, умед дорем, ки бо кўмаку дастгирї, њидояту роњбарии аъзоёни Шўро бењтарин донишмандону муњаќќиќон дар он ба њимояи рисолањои номзадиву докторї комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи мењмонони олиќадрро ба ДМТ хайрамаќдам гуфта, аъзоёни Шўроро ба фаъолияти босамар ва созанда њидоят намуд.
Њамзамон њозиринро ба ифтихори таъсиси Шўроњои миллї дар назди ДМТ Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода Абдуљаббор Азиз самимона табрику шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки пешбурди корњои илмї-тањќиќотї яке аз самтњои марказї ва афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба њисоб меравад. Мавсуф иброз намуданд, ки њар як халќу миллатро мањз бо дастовардњову мероси бою пурѓановати илмї дар хазинаи тиллоии фарњанги љањонї мешиносанд. Аз ин рў, таъсиси Шўроњоро як ќадами бузург дар роњи муаррифии миллати тољик, илми њуќуќшиносии ватанї ва таъмини истиќлолияти фазои илмию иттилоотии кишвар њисобиданд.
Дар сухани табрикотии хеш раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои таърих, профессор Розиќзода А.Ш. зикр намуданд, ки таъсиси Шўроњои миллї бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї ва таъсиси КОА-и назди Президенти Љумњурии Тољикистон имконпазир гашта, заминањои боэътимоди њуќуќї-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллї ва њамзамон муаррифии илми тољик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли њозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шўро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолањои номзадї ва докторї, инчунин тањќиќи мавзўъњои рўзмарраи барои ояндаи давлату миллати тољик манфиатбор таваљљўњи бештар зоњир намоянд.
Њамзамон дар кори љаласа ва муаррифии Шўро мењмонон, намояндагони дигар сохторњои давлатї, идораву муассисањои љумњуриявї баромад намуда, таъсис ва ба фаъолият оѓоз намудани онро дар арафаи таљлили љашни 20-солагии Вањдати миллї ва Соли Љавонон њамчун бењтарин армуѓони љашнї ва самараи Вањдати миллї эътироф намуда, ба кори он пешрафту бурдбориро таманно намуданд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07