Санаи 18-уми майи соли 2017 Ќодиров Далер Сайфуллоевич, ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоњи давлатии њуќуќи ба номи О.Е.Кутафини шањри Москва рисолаи номзадиашро дар яке аз риштањои барои Љумњурии Тољикистон мубрам – криминалистика зери роњбарии профессор Е.П. Ищенко сарбаландона њимоя намуд.
Мавзўи рисола «Хусусиятњои тафтиши љиноятњо вобаста ба муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор дар ЉТ» низ барои кишвари мо мубрам ва рўзмарра буда, дар рушди ин соња сањми худро хоњад гузошт.
Аз ин рў, садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ Ќодиров Далер Сайфуллоевичро бо ин муваффаќияташ табрик намуда, ба ў дар љодаи илм ва касбу кор дастовардњои бењтарин ва фатњи ќуллањои баландро орзу менамоянд.
Бигзор кабутари иќболаш дар фазои илмї њамеша баландпарвоз бошанд. Мо бо ту ифтихор дорем, Далер!
P.S.: Ногуфта намонад, ки баъди солњои 70-уми асри 20 Ќодиров Далер Сайфуллоевич яке аз нахустин нафаронест аз Тољикистон, ки дар риштаи мазкур рисолаи номзадї дифоъ менамояд.