Рўзи 15-уми июни соли 2017 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон конференсияи байналмилалии илмї-назариявї бахшида ба «20-солагии Рўзи Вањдати миллї» дар мавзўи «Наќши Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањкими ваҳдати миллї» ба кори худ оѓоз намуда, санаи 16-уми июни низ идома ёфт. Боиси сарфарозист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориљї, вакилони мардумї, судяњо, прокуророн, муњаќќиќон, аспирантон, мутахассисони варзидаи маќомоти њифзи њуќуќи кишвар, намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар, доирањои академї ва нињодњои љомеаи шањрвандї, инчунин устодону кормандони факултети њуќуќшиносї иштирок намуданд. Кори конференсия бо оѓозсуханони ректори ДМТ, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Имомзода М.С. ва декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ифтитоњ ёфта, сипас дар ќисмати пленарии он суханони ифтитоњии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон Ализода Зариф, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои њуќуќшиносї Сафарзода Б.А. шунида шуданд.
Зимни ироаи сухани ифтитоњии хеш Ректори ДМТ Имомозода М.С. њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори конференсияи байналмилалї хайру маќдам гуфта, ба садорати факултети њуќуќшиносї барои ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатњи баланд изњори сипос намуд. Мавсуф вањдати миллиро яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тољик дар солњои истиќлолияти давлатї бо сарварии Асосогузори сулњу вањдати миллї, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон унвон кард.
Дар баромади худ декани факултети њуќуќшиносї Рањмон Д.С. миннатдорї ва самимияти бепоёни хеш ва садорати факултетро ба њозирин барои пазироии даъват ва иштирокашон дар кори конференсия иброз намуда, барояшон тансињатї, рўзгори босаодат, хушњоливу хушрузї ва ба кори конференсия фаъолияти босамар ва бурдбориро таманно намуд. Номбурда изњор дошт, ки дар воќеъ таърихи навини давлатдории тољиконро бе зањмату талош, хизматњои арзандаву шоистаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозї дар љойи хушку холї, бе заминањои муайяни устувори молиявию моддї, иќтисодиёти фалаљгашта сањлу осон набуд. Танњо нафаре метавонист ба ин корњо дастболо шавад, ки бо дарки ѓуруру њуввияти баланди миллї тамоми њастиву вуљуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи ќабули ќарорњои таърихию таќдирсоз, роњандозї намудани ташаббусњои созандаву сиёсати њадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирњои маќсадноки фарзанди содиќу вафодори миллат - Сарвари мањбуби тољикон Эмомалї Рањмон дар тамоми соњањои њаёти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва њуќуќии кишвар дигаргунињои куллї ба вуќуъ пайваста заминањои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллї гузошта шуд ва аз њама муњим дар кишвар сулњ ва вањдати миллї таъмин гашт.
Сипас кори конференсия аз рўйи барномаи кори тањияшуда оѓозшуда то соати 15.00 идома ёфт. Тамоми маърўзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифњои судманди хешро оид ба пањлуњои гуногуни мавзўи мавриди назар иброз намоянд. Дар баробари донишмандону олимони ватанї, њамзамон дар конференсия мудири кафедраи њуќуќи конститутсионии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Авакьян Сурен Адибекович иштирок ва бо маърузаи илмї баромад намуд. Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт.
Дар умум конференсия ба як њаммоиши њамрайъию њамдилии иштирокдорон табдил ёфт. Дар фарљом даъват баамал оварда шуд, ки пас биёед њамдиёрону дўстони азиз дар чунин марњилаи њассоси таърихї бо назардошти вазъи зудтаѓйирёбандаи љањони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шањрвандї, ифтихори волои ватандорї, њисси баланди миллї атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шуда, њамчун рамзи садоќат ба Тољикистони азиз, Пешвои муаззами миллат барои тањкими вањдати миллї ва ободию пешрафти кишварамон содиќонаву софдилона хизмат намоем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07