Санаи 1-уми июли соли 2017 дар бинои асосии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласаи бошукуњи тантавї ба ифтихори супоридани дипломњои аълочї ба хатмкунандагони шўъбањои рўзона, ѓоибона ва тањсилоти дуюми олии соли хатми 2017 баргузор гардид. Дар љамъомади мазкур роњбарияти донишгоњ, деканони факултетњо, падару модарон ва намояндагони ќонунии хатмкунандагон ва дигар мењмонони расмї њузур доштанд.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомзода М.С. њусни оѓоз бахшида, нахуст довталабонро ба муносибати сазовор шуданашон ба дипломи аълочї самимиона табрику шодбош гуфта, ин дастоварди онњоро дар соли 2017, ки соли љавонон эълон шудааст иќдоми нек ва шарафи бузург номид.
Хурсандибахш аст, ки соли равон 36 нафар хатмкунандагони (28 нафар - шўъбаи умумї, 3 - нафар шўъбаи муносибатњои байналхалќї(њуќуќ) ва низоми тањсилоти кредитї, 3 - нафар шўъбаи ѓоибонаи маълумоти дуюми олї, 2 - нафар шўъбаи ѓоибона маълумоти якум) факултети њуќуќшиносї ба гирифтани дипломи аълочї мушарраф гаштанд.
Пас аз анљоми маросими расмии супоридани дипломњои аълочї ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, Академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомзода М.С. аз хамткунандагон даъват баамал овардаанд, ки дар чунин марњилаи њассоси таърихї бо назардошти вазъи зудтаѓйирёбандаи љањони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шањрвандї, ифтихори волои ватандорї, њисси баланди миллї атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шуда, њамчун рамзи садоќат ба Тољикистони азиз, Пешвои муаззами миллат барои ободию пешрафти соњањои гуногуни хољагии халќи мамлакат, хифзи манфиатњои миллї ва арзишњои истиќлолияти давлатї содиќонаву софдилона хизмат намоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07