Рўзи 14-уми июли соли љорї дар Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон озмун барои дарёфти маќоми узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Бояд изњор намуд, ки ќаблан дар матбуоти даврї барои ишѓоли маќоми узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон дар соњаи илмњои њуќуќшиносї низ озмун эълон гашта буд. Аз ин рў, барои дарёфти ин маќом чан тан аз олимони маъруфи риштаи њуќуќшиносї, шахсиятњои шинохта, донишмандони соњибмактаб ва ходимони баруманди давлатї њуљљатњои худро љињати иштирок ба озмун пешнињод намуданд.
Љойи ифтихор аст, ки миёни дигар довталабони маќоми узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон дар соњаи илмњои њуќуќшиносї доктори илмњои њуќуќшиносї, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии ДМТ Насриддинзода Эмомалї Сайфиддин бо касби аксарияти овозњои интихобкунандагон ба унвони узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон сазовор гаштанд.
Хотиррасон менамоем, ки номбурда давоми чанд соли охир роњбарии факултети њуќуќшиносии ДМТ-ро ба зимма дошта, дар самти ба роњ мондани корњои бунёдии илмї-тадќиќотї аз љониби олимони факултет, боло бурдани сатњу сифати таълим, тарбияи мутахассисони болаёќат, парвариши донишљўён дар руњияи мењанпарастиву худшиносии миллї ва арљгузори ба дастовардњои соњибихтиёрии давлатї корњои назаррасро анљом додаанд. Гузашта аз ин тањќиќи проблемањои густариши фарњанги њуќуќии ањолї, боло бурдани шуури њуќуќї, тањкими ќонуният ва волоияти ќонун, њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, тањкими њифзи манфиатњои миллї дар шароити љањонишавї аз мавзўњои марказии самти корњои илмии ўро ташкил дода, дар робита ба мавзўи мавриди назар як силсила асарњои пурарзиши илмиро эљод ва нашр намудааст.
Мавсуф њамчун вакили мардумї айни замон дар Парлумони кишвар дар вазифаи пурмасъул Раиси Кумитаи ќонунгузорї ва њуќуќи инсони МН МО ЉТ фаъолият намуда, миёни љомеаи њуќуќшиносони тољик эътибору эњтироми хосро соњиб аст. Интихоби ўро ба њайси узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон барњаќ метавон њамчун нишони ќадршиносї аз зањмату талошњо ва хизматњои шоёни ў дар самти тарбияи њуќуќшиносони љавон ва муаррифии дастовардњои назарраси соњаи илми њуќуќшиносї унвон кард.
Њайати омўзгорону профессорон ва донишљўёни факултети њуќукшиносии ДМТ бо шунидани ин хушхабар хушњол гардида, Насриддинзода Эмомалї Сайфиддинро ба ифтихори интихоб шуданашон њамчун узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ў тансињативу саодатмандї ва дастоварду комёбињои беназири илмиро орзуманданд. Умедворем, ки мавсуф барои рушду такмили илми њуќуќшиносї, тарбияи кадрњои арзандаи илмї ва пешрафти Тољикистони азиз корњои арзишмандеро ба сомон мерасонад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07