/ 31.08.2017 /
Устодону њамкорон ва шогирдони азизу мењрубон!
Боиси ифтихору хушнудист, ки њамасола дар кишвари мањбубамон рўзи 1-уми сентябр њамчун «Рўзи дониш» дар тамоми муассисањои таълимї дар фазои тантанавї љашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин љашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї муњтарам Эмомалї Рањмон санаи 30-юми августи соли љорї дар бинои нави маъмурї-таълимии Академияи ВКД ЉТ дарси сулњу дониш баргузор гардид. Пешвои муаззами миллат фарорасии рўзи дониш ва соли нави тањсили 2017-2018-ро ба кули њамватанонамон самимона шодбош гуфта, аз насли љавону ояндасоз тањсили хубу аъло, аз худ кардани забонњои хориљї, технологияи компютерї, њарчї бештар мароќ зоњир кардан ба омўзиши фанњои даќиќ ва хизмати содиќонаву самимонаро ба Тољикистони азиз даъват ба миён оварданд.
Воќеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиљаи амалї сохтани сиёсати њадафмандонаи Роњбарияти давлату Њукумати кишвар дар Љумњурии Тољикистон тамоми шароитњои арзанда барои аз бар кардани донишњои замонавї дар муассисањои таълимии њамзинањои тањсилот муњайё карда шуда, соњаи маориф яке аз соњањои афзалиятноки сиёсати иљтимоии кишвар эътироф гардидааст.
Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулњу субот, оромию вањдати миллї бо чењрањои кушодаву рухсорањои болида ва ќалби лабрез аз мењру муњаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аљдодиамон боз ба дидори њам расида, Рўзи донишро истиќбол мегирем.
Моро месазад, ки љавобан ба ѓамхорињои рўзафзуни Њукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани мањбубамон софдилона мењнат кунем, хубу аъло тањсил намоем, арзишњои Истиќлолияти давлатї ва манфиатњои миллиро њифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надињем ва аз давлати соњибихтиёрамон ифтихор дошта бошем.
Дар чунин лањзањои фарањбахш кулли омўзгорону профессорон, кормандону донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба ифтихори фарорасии «Рўзи дониш» ва соли нави тањсили 2017-2018 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иќболу саодатмандї, тансињативу хушрўзї, дастовардњои нави илмию таълимї, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон таманно менамоем.
Бо эњтиром, садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ
P.S.:Мувофиќи Ќарори љаласаи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон санаи 1-уми сентябр, ки њамзамон Иди Саиди Ќурбон ба ин рўз рост омадааст ва мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон рўзи истироњатї мебошад, дар муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї новобаста аз шакли ташкилию њуқуқиашон рўзи корїэ ълон карда шуд.
Ба маълумоти донишљўёни факултет расонида мешавад, ки рўзи 1-уми сентябр дарсњо тибќи љадвали пешакї тасдиќ гардида ба роњ монда мешаванд. Бинобар ин аз онњо хоњиш карда мешавад, ки иштироки худро дар дасрњо таъмин намоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07