Санаи 05.09.2017 сол дар факултети њуќуќшиносии ДМТ мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Истиќлолият заминаи эњёи ќонунгузории миллї» бахшида ба 26-умин солгарди таљлили љашни Истиќлолияти давлатї бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз љумла мавсуф иброз намуданд, ки Истиќлолияти давлатї яке аз љашнворањои арзишмандтарин ба њисоб рафта имрўз ба рамзи ягонагии миллати тољик, бањамоии ќишрњои гуногуни љомеа, марњилаи нави эъмори давлати миллии тољикон бо номи Љумњурии Тољикистон, сулњу суббот, оромию осудагї ва ба сањифаи нав дар таърих табдил ёфтааст. Бо пойдории Истиќлолияти давлатї дар Тољикистон асосњои сохтори конститутсионї, вазъи њуќуќу озодињои асосии инсон, асосњои конститутсионии ташкил ва фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї такмил ёфта, сатњу сифати зиндагии мардум рўз аз рўз бењтар гашта истодааст. Сипас, аз рўйи барномаи мизи мудаввар маърўзањои устодону аспирантони факултет њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Гадоев Б.С. номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Соњибихтиёрии Љумњурии Тољикистон дастоварди бузурги халќи Тољикистон»; Ќодиров Д.С. номзади илмњои њуќуќшиносї, ассистенти кафедраи њуќуќи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї дар мавзўи «Танзими њуќуќии гардиши ғайриќонунии маводи мухаддир дар даврони истиќлолияти давлатї»; Соибов З.М. ассистенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Шаклњои ташкилї-њуќуќии маќомоти марказии иљроия дар Тољикистон»; Ғанизода У.Ғ. - ассистенти кафедраи ҳуқуқи судї ва назорати прокурорї дар мавзўи «Нақши адвокатҳо дар марҳилаи кунунии инкишофи љомеа: мушкилот ва вазифаҳо»; Ќурбонзода Бењрўз аспиранти кафедраи њуќуќи љиноятї дар мавзўи «Терроризм ва экстремизм зуњуроти хатаровар ба истиќлолияти давлатї» шунида шуданд.
Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, тањќиќу омўзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешањои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки тањкими Истиќлолияти давлатї аз муттањидї, якдиливу якпорчагии Тољикистон маншаъ гирифта, наќши ин рўйдоди таърихї дар тамоми соњањои њаёти љамъиятии мо муњим ва бузургмебошад. Аз ин рў, тамоми шањрвандони Тољикистон бояд ин неъмати муќаддасро њамчун гавњараки чашм эмин нигоњ доранд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07