Санаи 05.10.2017 сол дар факултети њуќуќшиносии ДМТ мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Наќши забони давлатї дар ташаккули ќонунгузории миллї» бахшида ба таљлили Рўзи забони давлатї бо иштироки доираи васеи омўзгорону аспирантон, олимон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї баргузор гардид.
Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, ба њозирин дар хусуси зарурат ва ањамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз љумла, мавсуф иброз намуданд, ки дар Љумњурии Тољикистон њар сол рўзи 5 – уми октябр Рўзи забони давлатї таљлил мегардад. Дар пайванди ба ин масъала, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба Рўзи забони давлатї бамаврид таъкид намуданд, ки њоло барои рушду инкишофи забони давлатї шароити мусоид фароњам оварда шудааст ва тамоми асноди ќонунгузорї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї бо забони тољикї тањия мегарданд ва рўзномаву маљаллањо, китобњои дарсиву таълимї, оммавию бадеї ба забони давлатї ба нашр мерасанд. Ба шарофати соњибистиќлолї забони тољикї имрўз дар тамоми ќаламрави кишвар маќоми шоиста пайдо намудааст. Рўзи забони давлатї дар ќатори пурифтихортарин љашнњои кишвари азизамон ќарор дорад. Мо онро мисли дигар муќаддасоти миллии худ гиромї ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи њастии миллат чун гавњараки чашм њифз менамоем.
Дар баробари ин декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. иброз намуданд, ки устодони факултет дар рафти фаъолияти илмиву эљодї, таълимї ва тарбиявї меъёрњои ќонуни ЉТ «Дар бораи забони давлатї» аз 05.10.2009-ро пурра риоя менамоянд. Яке аз самарањои неки сиёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон дар бахши забон ин пурра ба забони илмї табдил додани забони тољикї мебошад. Баъди кўшишњои пайвастаи роњбарияти олии мамлакат дар кишвар таъсис додани Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон мебошад. Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон таъсисёфта дар он њимояи рисолањои номзадї ва докторї бо се забон тољикї, русї ва англисї ба роњ монда мешавад. Ќабл аз таъсиси Комиссияи номбурда навиштан ва њимоя кардани рисолањои номзадї ва докторї бо забони тољики ѓайриимкон буд. Бо боварї метавон иброз намуд, ки ин тадбир бањри боз њам илмї гардонидани забони тољикї ќадами устувор хоњад буд. Боизњори ќаноатмандї метавон баён дошт, ки айни замон Љумњурии Тољикистон пурра истиќлолияти забониро ба даст овардааст.
Сипас, аз рўйи барномаи мизи мудаввар маърўзањои устодони Донишгоњи миллии Тољикистон Сулаймон Анварї – дотсенти кафедраи забони тољикї ва усули таълими забон ва адабиёти тољики факутети филологияи ДМТ дар мавзўи «Андешањо оид ба мушкилоти имлои забони тољикї» ва Сафарзода А.И. - мудири кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносии ДМТ дар мавзўи «Баъзе мулоњизањо оид ба такмили забони ќонунгузории љиноятї» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моњияти маърўзањои хешро шарњ дода, дар хусуси мушкилоти имлои забони тољикї, забони ќонунгузории љиноятї ва зарурати такмили падидаи мазкур ба њозирин гузориши муфассал доданд. Оид ба маърўзањои ќироатшуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешањои судманд пешнињод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён намуданд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки наќши забони давлатї дар ташаккули ќонунгузории миллї, тањкими Истиќлолияти давлатї ва муттањидї, якдиливу якпорчагии Тољикистон ва тамоми дигар соњањои њаёти љамъиятии мо муњим ва бузург мебошад. Аз ин рў, тамоми шањрвандони Тољикистононро мисли дигар муќаддасоти миллии худ поку беолоиш нигоњ дошта, ба сифати нишонаи њастии миллат гиромї ва муътабар медонанд.
Дар робита ба ин санаи фархунда, садорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон кулли устодон, кормандон ва донишљўёни Донишгоњро самимона табрику тањният гуфта, ба онњо саломативу сарабаландї, рузгори ободу хушбахтиро орзу менамояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07